Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи Аҳтам Олимов: Аз ҷангали Русия то ҷанги Сурия (ВИДЕО)


Падару модари Аҳтам Олимов

Падару модари Аҳтам Олимов

Таҳқиқоти Радиои Озодӣ нишон дод, ки ҷангии тоҷикии дар марзи Сурияву Ироқ боздоштшуда зоҳиран Аҳтам Олимов, сокини маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон будааст.

Ҷавони тоҷике, ки дар марзи Сурияву Ироқ боздошт шуда, худро “Олим Юсуф Аҳмад Шариф” муаррифӣ кардааст, дар асл сокини маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Олимов Аҳтам Юсуфович буда, дар воқеъ 25 сол доштааст. Маҳаллаи Гулистон дар наздикиҳои километри 9-уми роҳи Душанбе - Ваҳдат, дар минтақаи маъруф ба Ҳазрати Мавлоно ҷойгир шудааст.

Замоне, ки мо ба манзили зисти волидайни ин ҷавон рафтем, онҳо ҳанӯз хабар надоштанд, ки фарзандашон дар марзи Сурия дастгир шудааст.

Хосият Тоҳирова, модари ин ҷавон гуфт, фарзандаш соле пеш ба Русия рафта буд. Вақте аз мо шунид, ки Аҳтамро дар марзи Сурияву Ироқ боздошт кардаанд, ин модар дар ҳайрат афтод ва гуфт, ҳеҷ наметавонад, ба ин хабар бовар кунад:

“Бачаи ман дар Русия ҳаст ва ҳеҷ боварам намеояд, ки ӯ ба Ироқ рафта бошад. Охир, ӯ чӣ кор мекунад дар Ироқ? Ӯ гуфта буд, ки дар Русия кор мекунам ва омада, хонадор мешавам. ”

Волидайни Аҳтам мегӯянд, ӯ дар ҳоле тасмими сафар ба Русияро гирифт, ки аз ҳамсари аввалаш пас аз се моҳи зиндагӣ ҷудо шуд ва ӯро пайваста наздикони ҳамсараш таҳдид мекарданд. Ба гуфтаи волидайн, маҳз ҳамин таҳдидҳо Аҳтамро маҷбур ба фирор ба Русия кард. Ӯ бо бародараш дар сохтмоне кор мекардааст, вале пас аз чанде бо бародараш ҳам ҷанҷол карда, аз ӯ ҷудо мешавад.

Юсуф Олимов, падари Аҳтам мегӯяд, бори охир ӯ тақрибан ҳафт моҳи пеш занг зад ва гуфт, ба ҷангале ба кор меравад, ки он ҷо телефон кор намекунад: “Гуфт, ки маро дигар ғам надиҳед, худам занг мезанам. Гуфт, ки дар он ҷо кори хуб ёфтааст ва маблағ ҷамъ карда, омада зан мегирад. Аз ҳамин тирамоҳ ё баҳор меоям ва зан мегирам. Мо телефонаш кардем, дигар телефонаш намегирифт. Мегуфт, ки 600-700 доллар маош мегирам дар Русия.”

Волидайни ин ҷавон мегӯянд, ба ҳеҷ сурат бовар карда наметавонанд, ки фарзандашон ба Ироқ рафта бошад. Ҳарчанд аксе ки аз ӯ дар сомонаҳои интернетӣ нашр шудааст, бо фарзандашон хеле монанд донистанд. Аммо модари ӯ гуфт, фарзандаш ҳеҷ гоҳ риш намегузошт.

Манзили Олимовҳо дар маҳаллаи Гулистон

Манзили Олимовҳо дар маҳаллаи Гулистон

Дар ҳамин ҳол, як ҷавони сокини маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансур, ки нахост, номашро зикр кунем, гуфт, моҳи июни соли гузашта Аҳтамро дар Русия вохӯрдааст. Ин ҷавон гуфт, дар Тоҷикистон ӯ ҳеҷ андешаи баде надошт, вале баъди дидани Аҳтам дар Русия ҳайрон шуда буд: “Ӯ ошкор мегуфт, ки бачаҳо биоед, ҷиҳод равем. Мо ба ҳолаш хандидем, фикр кардем, ки шӯхӣ мекунад, нав фаҳмидем, ки ҷиддӣ будааст. Дар Тоҷикистон намоз мехонд, вале ин хел гапҳоро аз ӯ нашунида будам. Дар мактаб як сол аз ман боло мехонд ва он қадар бачаи бад набуд.”

То кунун касе аз мақомоти Тоҷикистон волидайни ин ҷавонро дар бораи фарзандашон чизе напурсидаанд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, аз нашри хабари боздошти ин ҷавони тоҷик огоҳ шудаанд, вале бино бар банд будан дар чорабиниҳои марбут ба нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ин қазияро ҳанӯз пайгирӣ накардаанд.

Рӯзи 11 сентябр дар шабакаи Ютюб, дар саҳифаи рӯзномаи “Ал-Билод”, як нашрияи наздик ба ҳукумати раисиҷумҳури Сурия Башор Асад навори “мусоҳиба”-и монанд ба бозпурсии як ҷавони зоҳиран зодаи Тоҷикистон нашр шуд. Ин ҷавон, ки ғолибан дар марзи Сурияву Ироқ аз сӯи мақомоти амниятии яке аз ин ду кишвар дастгир шудааст, дар ин навор иқрор мекунад, ки дар Сурия меҷангид.

Ин ҷавон дар ин “мусоҳиба” ё бозпурсӣ, ки тавассути тарҷумони зоҳиран эронитаборе сурат мегирифт, худро Олим Юсуф Аҳмад Шариф, 25-сола ва аз шаҳри Душанбеи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

Лаҳзаи бозпурсии "Олим Юсуф"

Лаҳзаи бозпурсии "Олим Юсуф"

Ташхиси воқеъияти ин навор ва инки оё кай ва дар куҷо сабт шудааст, хеле мушкил аст. Аммо дар навори нашршуда дар посух ба ин суол, ки ангезааш барои омадан ба ҷанг дар Сурия чӣ буд?, ин ҷавон мегӯяд, “ба хотири ҷангидан барои “Давлати исломӣ” ба мусоидати Абӯлвалид ном нафаре аз Русия ба Сурия барои “ҷиҳод” омадааст.

Ӯ мегӯяд, дар Русия дар сохтмон кор мекардва 9 ило 10 000 рубл маош мегирифт. Ба гуфтаи ин ҷавон, бо Абӯлвалид дар Русия дар як толори варзишӣ шинос шуд ва дар пайи сӯҳбатҳои ӯ ба даъваташ барои рафтан ба “ҷиҳод” розӣ шуд ва аз роҳи Туркия ба Сурия омад. Ин ҷавон эътироф мекунад, ки то Туркия қонунӣ рафта, 4 рӯз онҷо мондааст ва инак 9 моҳ боз дар Сурия аст.

Ӯ мегӯяд, дар Сурия ибтидо бо тақрибан 18 ило 20 ҷангии дигар аз давлатҳои Араб ва Қафқоз дар устони Раққа, дар маҳаллае бо номи Садаашрӣ 14 рӯз сар ба сар бурд ва дар ҳаминҷо тамрин гирифта, ба фармондеҳе бо номи Умар “байъат” супурд. “Олим Юсуф” мегӯяд, ӯро тарзи истифодаи як навъи силоҳи Калашников бо тирҳои бесадоро таълим додаанд, вале ӯ ба ҷангиён танҳо кӯмак мерасонду шахсан дар амалияҳо ширкат намекард.

“Олим Юсуф” дар поёни ин навори 9-дақиқаӣ мегӯяд, онҳоро, ки 5 нафар ҳамроҳи Абӯлвалид савори як мошин ба Ироқ барои “тамошо” мерафтанд, дар роҳи ин сафар дастгир кардаанд.

Комил Раҳматов

Комил Раҳматов

Нашри навори боздошти як ҷавони зоҳиран зодаи Тоҷикистон дар роҳи бозгашт аз Сурия дар ҳолест, ки дар ҳамон рӯзи 11 сентябр пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон аз боздошти Комил Раҳматов ном сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Ӯш хабар дод. Ин нафар, ки аз парвози Ӯш –Истамбул пас гардонда шуд, баъди боздошт эътироф кардааст, ки барои “ҷиҳод” алайҳи Исроил ба сарзаминҳои фаластинӣ мерафт ва ба ин хотир ҳатто гови хонаашро фурӯхта, чипта харидааст.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар Сурия алайҳи режими Башор Асад то 200 шаҳрвандони ин кишвармеҷанганд. Гоҳ-гоҳ дар Интернет аз сӯи ин ҷангиёни тоҷик, ки ба иддаои худашон, дар Ироқу Сурия "ҷиҳод" мекунанд, паёмҳои тунде ҳам бо интиқод аз сиёсати ҳокимони кунунии Тоҷикистон нашр мешавад.

“Давлати исломӣ”, як танзими умдаи тундравони исломӣ, ки ҳам дар Ироқу ҳам дар Сурия алайҳи ҳукуматҳои кунуниашон меҷангад, ахиран аз интисоби як тоҷик ба ҳайси волии Риққа, устоне дар Сурия хабар дод. “Олим Юсуф” ё Аҳтам Олимов, ки зоҳиран дар марзи Сурияву Ироқ дастгир шудааст, иттифоқан, ба гуфтаи худаш, дар ҳамин Риққа ба сар мебурд ва “ҷиҳод” мекард.

Аммо на ҳамаи ҷангиёни тоҷик дар ин ҷангҳои дур аз Ватани онҳо мисли ин “волӣ”-и тоҷики Риққа чунин “карйера”-и мусбат доранд. То кунун 7 мавриди ҳалокати тоҷикон, аз ҷумла ҳалокати 4 сокини Кӯлоб, як сокини Восеъ, як сокини Исфара ва якеи дигар аз Истаравшан дар ҷангҳои Сурия тасдиқ шудааст.

Охирин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар поёни моҳи август дар Сурия кушта шуд, Бобоҷон Қурбонов ном сокини шаҳри Кӯлоб буд. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ барои мардикорӣ ба Русия рафта буд, вале ахиран аз Сурия занг зада, онҳоро "табрик" карданд, ки Бобоҷон кушта ваё ба таъбири худи ин ҷангиён, "шаҳид" шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG