Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Олим Юсуф": Аз Сурия ба Ироқ "тамошо" мерафтем (ВИДЕО)


"Олим Юсуф"
"Олим Юсуф"

Дар шабакаи Ютюб навори бозпурсии ҷавоне нашр шудааст, ки зоҳиран аз Тоҷикистон аст ва ба гуфтаи худаш, дар Сурия алайҳи нирӯҳои Башор Асад меҷангид.

Рӯзи 11 сентябр дар шабакаи Ютюб навори “мусоҳиба”-и монанд ба бозпурсии як ҷавони зоҳиран зодаи Тоҷикистон нашр шуд. Ин ҷавон, ки ғолибан дар марзи Сурияву Ироқ аз сӯи мақомоти амниятии яке аз ин ду кишвар дастгир шудааст, дар ин навор иқрор мекунад, ки дар Сурия меҷангид.

Ин ҷавон дар ин “мусоҳиба” ё бозпурсӣ, ки тавассути тарҷумони зоҳиран эронитаборе сурат мегирифт, худро Олим Юсуф Амад Шариф, 25-сола ва аз шаҳри Душанбеи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

Ташхиси воқеъияти ин навор ва инки оё кай ва дар куҷо сабт шудаасту ин боздоштшуда дар ҳақиқат шаҳрванди Тоҷикистон аст ё на, хеле мушкил аст. Аммо дар навори нашршуда дар посух ба ин суол, ки ангезааш барои омадан ба ҷанг дар Сурия чӣ буд?, ин ҷавон мегӯяд, “ба хотири ҷангидан барои “Давлати исломӣ” ба мусоидати Абӯлвалид ном нафаре аз Русия ба Сурия барои “ҷиҳод” омадааст.

Ӯ мегӯяд, дар Русия дар сохтмон ва дар як тарабхона кор мекардва 9 ило 10 000 рубл маош мегирифт. Ба гуфтаи ин ҷавон, бо Абӯлвалид дар Русия дар як толори варзишӣ шинос шуд ва дар пайи сӯҳбатҳои ӯ ба даъваташ барои рафтан ба “ҷиҳод” розӣ шуд ва аз роҳи Туркия ба Сурия омад. Ин ҷавон эътироф мекунад, ки то Туркия қонунӣ рафта, 4 рӯз онҷо мондааст ва инак 9 моҳ боз дар Сурия аст.

Ӯ мегӯяд, дар Сурия ибтидо бо тақрибан 18 ило 20 ҷангии дигар аз давлатҳои Араб ва Қафқоз дар устони Раққа, дар маҳаллае бо номи Садаашрӣ 14 рӯз сар ба сар бурд ва дар ҳаминҷо тамрин гирифта, ба фармондеҳе бо номи Умар “байъат” супурд. “Олим Юсуф” мегӯяд, ӯро тарзи истифодаи як навъи силоҳи Калашников бо тирҳои бесадоро таълим додаанд, вале ӯ ба ҷангиён танҳо кӯмак мерасонду шахсан дар амалияҳо ширкат намекард.

“Олим Юсуф” дар поёни ин навори 9-дақиқаӣ мегӯяд, онҳоро, ки 5 нафар ҳамроҳи Абӯлвалид савори як мошин ба Ироқ барои “тамошо” мерафтанд, дар роҳи ин сафар дастгир кардаанд.

Комил Раҳматов
Комил Раҳматов

Нашри навори боздошти як ҷавони зоҳиран зодаи Тоҷикистон дар роҳи бозгашт аз Сурия дар ҳолест, ки рӯзи 11 сентябр пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон аз боздошти Комил Раҳматов ном сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Ӯш хабар дод. Ин нафар, ки аз парвози Ӯш –Истамбул пас гардонда шуд, баъди боздошт эътироф кардааст, ки барои “ҷиҳод” алайҳи Исроил ба сарзаминҳои фаластинӣ мерафт ва ба ин хотир ҳатто гови хонаашро фурӯхта, чипта харидааст.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар Сурия алайҳи режими Башор Асад то 200 шаҳрвандони ин кишвармеҷанганд. Гоҳ-гоҳ дар Интернет аз сӯи ин ҷангиёни тоҷик, ки ба иддаои худашон, дар Ироқу Сурия "ҷиҳод" мекунанд, паёмҳои тунде ҳам бо интиқод аз сиёсати ҳокимони кунунии Тоҷикистон нашр мешавад.

“Давлати исломӣ”, як танзими умдаи тундравони исломӣ, ки ҳам дар Ироқу ҳам дар Сурия алайҳи ҳукуматҳои кунуниашон меҷангад, ахиран аз интисоби як тоҷик ба ҳайси волии Риққа, устоне дар Сурия хабар дод. Аммо на ҳамаи ҷангиёни тоҷик дар ин ҷангҳои дур аз Ватани онҳо чунин “карйера”-и мусбат доранд. То кунун 7 мавриди ҳалокати тоҷикон, аз ҷумла ҳалокати 4 сокини Кӯлоб, як сокини Восеъ, як сокини Исфара ва якеи дигар аз Истаравшан дар ҷангҳои Сурия тасдиқ шудааст.

Охирин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар поёни моҳи август дар Сурия кушта шуд, Бобоҷон Қурбонов ном сокини шаҳри Кӯлоб буд. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ барои мардикорӣ ба Русия рафта буд, вале ахиран аз Сурия занг зада, онҳоро "табрик" карданд, ки Бобоҷон кушта ваё ба таъбири худи ин ҷангиён, "иншоаллоҳ, шаҳид" шудааст.

“Олим Юсуф”, ки зоҳиран дар марзи Сурияву Ироқ дастгир шудааст, низ ба гуфтаи худаш, дар ҳамин Риққа ба сар мебурд ва “ҷиҳод” мекард.

Аз ҳамаи онҳое ки дар бораи ин нафар иттилое доранд, хоҳиш мекунем, ки бо Радиои Озодӣ дар миён гузоранд. Бо ҷамъ овардани маълумоти бештар мо мехоҳем дар ин мавзӯъ гузориши муфассалтаре нашр кунем. Ташаккур барои кумакатон.

XS
SM
MD
LG