Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Хоҷаев: Агар ҷарроҳӣ намешудам, ба финал мебаромадам


Сӯҳроб Хоҷаев, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти гурзандозӣ Узбакистонро намояндагӣ кард.

Сӯҳроб Хоҷаеви 23-сола, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Узбакистон дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионии гурзандозӣ дар гурӯҳи В бо натиҷаи 70.11 метр 14-ум шуд ва аз рӯи ҷамъбасти умумӣ дар байни 32 гурзандози беҳтарини ҷаҳон мақоми 23-юмро касб кард. Вале ӯ аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Сӯҳроб Хоҷаев барои бори дувум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кард. Ӯ дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар мусобиқоти интихобӣ гурзро ба масофаи 65 метру 88 сантиметр ҳаво дод ва ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт. Натиҷаи беҳтарини ӯ дар гурзандозӣ 78 метру 42 сантиметр мебошад.

Зимнан, Сӯҳроб Хоҷаев соли 2009-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон барандаи медали нуқра гардидааст. Ӯ ҳафт соли ахир дар шаҳри Тошканд ба сар мебарад. Ӯ муҷаррад аст. Падару модар ва наздикону хешовандонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 18 август дар Деҳаи олимпии Рио-де-Жанейро бо Сӯҳроб Хоҷаев сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Ӯ гуфт, “аз он ки ман меъёри литсензияи олимпиро иҷро карда, дар Бозиҳои Рио ширкат намудам, хеле хушҳолам. Вале аз он таассуф мехӯрам, ки ба финал набаромадам, ҳарчанд имконияти хуб доштам. Доварон як партофти маро ба ҳисоб нагирифтанд. Сабаби асосии ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтани ман он аст, ки маро 18 июн ба иллати бемории аппендисит ҷарроҳӣ карданд. 40-45 рӯз тамрин накардам, вагарна ба финал мебаромадам. Умуман, натиҷаи ман нисбат ба Олимпиадаи Лондон хеле хубтар аст.”

Сӯҳроб дар бораи натиҷаи ба даст овардаи Дилшод Назаров дар мусобиқоти нитихобӣ изҳори назар карда, гуфт, ки устодаш маҳорати баланд нишон дод. Ӯ афзуд, “Дилшод Назаров вазифаашро бо сарбаландӣ иҷро намуд. Сабқати ниҳоӣ бояд хеле шавқовару пуршиддат сурат бигирад. Дар сабқати ниҳоӣ рақибони аслии Дилшод Назаров гурзандози беларус Иван Тихони ва Войтсех Новитски аз Полша мебошанд. Ба назари ман медалҳои олимпӣ насиби ин се гурзандоз мешаванд, ки дар мусобиқоти квалификатсионӣ се ҷойи аввалро ишғол кардаанд. Фикр мекунам, ки Дилшод Назаров шанси ба даст овардани медали тилло ё ҳадди аққал нуқраро дорад. Вале ин варзиш аст. Ҳама чиз шуданаш мумкин. Кӣ мегуфт, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Павел Файҷек аз Полша, ки дар миёни гурзандозҳои ҷаҳон имсол натиҷаи беҳтарин (81.87 м) нишон додааст, ҳатто ба финал намебарояд. Ҳол он ки мутахассисону коршиносон ӯро довталаби аслии унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио меҳисобиданд.”

Шарҳи ҳол

Сӯҳроб Хоҷаев 21 майи соли 1993 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон таваллуд шудааст. Вақте ки ӯ 2-сола буд, хонаводааш ба Душанбе мекӯчад. Дар мактаби миёнаи рақами 20-и Душанбе таҳсил кардааст. Соли 2009-ум Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Аз синни шашсолагӣ ба варзиш шуғл меварзад. Аввал ба гимнастикаи варзишӣ, баъдан ба шиноварӣ, сипас ба теннис ва бокс машғул мешавад. Аз соли 2006-ум ба варзиши сабук таваҷҷӯҳ мекунад. Аввал ба дискпартоӣ таҳти раҳбарии мураббӣ Шамшод Қурбонов машқ мекард. Аз моҳи октябри ҳамон сол ба гурзандозӣ гузашт. Мураббии аввалинаш Сӯҳроб Мардонов буд. Баъдан бо раҳбарии Дилшод Назаров тамрин мекард. Инчунин дар Украина мураббии ӯ Александр Пискунов буд.

Аз моҳи ноябри соли 2009-ум то ҳоло мураббии вай қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Андрей Абдувалиев мебошад. Аз моҳи ноябри соли 2010-ум дар мусобиқоти байналмилалӣ дар ҳайати мунтахаби Узбакистон иштирок мекунад.

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист.

Қаҳрамони Тоҷикистон, Узбакистон ва Украина дар риштаи гурзандозӣ мебошад.

Соли 2009-ум дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон дар Италия медали нуқра ба даст овардааст.

Соли 2012-ум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонон дар Барселонаи Испания ба Узбакистон медали биринҷӣ овардааст. Ҳамон сол дар Олимпиадаи Лондон ширкат карда, гурзро ба масофаи 65 метру 88 сантиметр ҳаво додааст. Натиҷаи ӯ дар Олимпиадаи Рио 70,11 метр мебошад.

Соли 2014-ум дар Бозиҳои Осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ бо натиҷаи 71.47 панҷум шуд. Соли 2015ум дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо натиҷаи 73.63 метр мақоми ҳафтумро касб кардааст. Ҳамон сол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин бо натиҷаи 71.27 метр ҷойи 26-умро гирифтааст.

Соли 2015-ум дар мусобиқоти байналмилалӣ ба хотираи Гусман Касанов дар шаҳри Алматии Қазоқистон ғалиб шуд ва бо натиҷаи 78.42 метр рекорди ин мусобиқотро гузошт. Зимнан, ин натиҷаи беҳтарини инфиродии Сӯҳроб Хоҷаев мебошад.

Ғолиби Спартакиадаи Қазоқистон (соли 2015, натиҷааш - 76.95 метр) мебошад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG