Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Ситоди фаврӣ оид ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд.

Нахустин ҷаласаи Ситоди фаврӣ оид ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия 14 май дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, барпо гардид. Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати сардори ситод Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, доир гашт, масоили марбут ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016 баррасӣ шуд.

Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайҳии Тоҷикистон, гуфт, ки дар айни ҳол таваҷҷӯҳи ташкилотҳои варзишии кишвар бештар ба намудҳои афзалиятноки варзиш – бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо ВТФ ва варзиши сабук (гурзандозӣ) равона шудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки дар ин риштаҳо намояндагони Тоҷикистон барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро талош мекунанд. Ҳоло 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 мубориза мебаранд.

Ба ин қабил варзишгарон, гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Зелимхон Юсупов, Искандари Рустам, дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон шомиланд.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки барои баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва ба ҳайати мунтахаби кишвар дохил шудани ғолибон дар намудҳои бокс, гуштии озод ва юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо ВТФ ва варзиши сабук имсол Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 116450 сомонӣ масраф кардааст. Умуман, барои баргузории ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ ва сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқоти мухталиф оид ба намудҳои афзалиятнок ҳудуди 350000 сомонӣ масраф шудааст.

Мувофиқи нақша Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои варзишгароне, ки ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 мубориза мебаранд, имсол боз 464000 сомонӣ ихтисос додааст. Инчунин барои бо доруворӣ (фармакология) таъмин намудани варзишгарон соли ҷорӣ 100000 сомонӣ ҷудо шудааст. Аз ин маблағ 30000 сомонӣ барои варзишгароне, ки ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 талош мекунанд, ихтисос дода мешавад.

Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зикр намуд, ки барои татбиқи “Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва ширкати ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо” ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Ин маблағ аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ ва сарпарастон ихтисос дода мешавад.

Ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев, рӯзҳои наздик дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маркази тиббӣ таҳти раҳбарии мутахассиси хориҷӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ли Санг Унг ба кор шурӯъ мекунад. Ба гуфтаи ӯ варзишгарон аз ин марказ барои ташхису табобат ба таври ройгон истифода хоҳанд кард.

Акбар Ғафуров, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва раҳбари ҶДММ “Ғаюр”, дар ин ҷаласа иброз дошт, барои варзишгароне, ки ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 мубориза мебаранд, кӯмаки молӣ хоҳад кард.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои кишвар, Исматулло Хоҷаев, раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и ҷумҳурӣ, Ҷамшед Низмов, сардори шӯъбаи молияи Кумитаи миллии олимпӣ барои омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016 таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG