Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи олимпӣ аз кори худаш розист


Аъзои кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Аъзои кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолияти дусолаи ин ташкилот натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои солҳои 2015-2016 муайян шуданд.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи 28-уми феврал, дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи ин кумита, барпо гардид, фаъолияти ташкилот дар давраи солҳои 2013-2014 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои солҳои 2015-2016 муайян шуданд.

Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳисобот дод. Вай зикр намуд, “Бозиҳои XVII осиёӣ, ки соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд, бузургтарин мусобиқот барои варзишгарони тоҷик буданд. Дар ин бозиҳо 92 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гуштии озод ва юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ-до, таэквон-до ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Тоҷикистон дар байни 45 кишвар дар ҷойи 23-юм қарор гирифт. Зимнан, ин беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ сар аз соли 1994 то кунун мебошад.”

Вале ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев, варзишгарони тоҷик ин дафъа дар Бозиҳои осиёӣ дар намудҳои боксу дзюдо, гуштии юнониву румӣ аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монданд.

Чунон ки дар ин ҷаласа зикр гардид, имсол ва нимаи аввали соли оянда варзишгарони тоҷик барои гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Бинобар ин барномаи омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия омода шудааст, ки барои баррасӣ ба Ассамблеяи кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Дар ин ҷаласа Носир Бозоров, мудири шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар бораи "Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти рохҳатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де–Жанейрои Бразилия ва ширкати ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо” иттилоъ дод.

Вай гуфт, "15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Зелимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Онҳо барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 мубориза хоҳанд бурд.”

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бораи "Нақшаи баргузории давраҳои бозомӯзии ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиён ва маъмурони соҳаи варзиш дар соли 2015” иттилоъ дод. Дар ҷаласа нақшаи кории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2015 баррасӣ ва тасдиқ шуд.

Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа суханронӣ кард. Вай гуфт, “барои татбиқи барномаи омодагиҳо ва ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия ситоди доимоамалкунанда таъсис медиҳем. Мо, инчунин, тасмим гирифтем, ки минбаъд дар мавриди натиҷагирии мавсими варзишӣ, беҳтаринҳоро аз рӯи номинатсияҳо дар вазъияти ботантана қадрдонӣ намоем ва ин маросим тавассути телевизион намоиш дода шавад. Бинобар ин мо ҳоло низомномаро дар бораи беҳтарин варзишгар, беҳтарин мураббӣ, беҳтарин федератсияи варзишӣ, беҳтарин мактаби варзишӣ, беҳтарин муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ, беҳтарин даста ё клуби варзишӣ, беҳтарин шаҳри варзишӣ ва ғайра омода карда, дар ҷаласаҳои мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кумиҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ тасдиқ менамоем.”

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин, Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Саламшо Муҳаббатов, раиси Федератсияи гуштии озод ва юнониву румии кишвар, дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-2016, вусъати ҳамкориҳои Кумитаи миллии олимпӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин, бо федератсияҳои варзишӣ таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки Ассамблеяи кулли XIV Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 28-уми марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG