Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурзандоз Дилшод Назаров дар садри феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой гирифт. Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон 19 декабр аз таҳияи ин феҳрист хабар дод.

Дилшод Назаров имсол ҳам хуштолеъ буд, зеро на фақат дар чандин қувваозмоии байнулмилалӣ соҳиби медали тилло шуд, балки нахустин варзишгари тоҷик буд, ки ба дарёфти роҳхати Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия муваффақ шуд.

Нарзулло Латифов, раиси Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, зимни муаррифии даҳ варзишгари беҳтарини сол гуфт, ки Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин дар гурзандозӣ бо медали нуқра сарфароз гашт ва барандаи чемпионати Осиё дар шаҳри Ухани Чин шуд. Гурзандози тоҷик чанд бор дар қувваозмоҳиҳои байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge»” ҳам соҳиби ҷоизаҳо гардид. Дилшод Назаров, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби ин силсила дар шаҳри Риетии Италия гурзро ба масофаи 75 метру 98 сантиметр партофт ва соҳиби медали нуқра шуд.

Дилшод Назаров соли 2014 ҳам беҳтарин варзишгари сол эълон шуда буд

Дилшод Назаров соли 2014 ҳам беҳтарин варзишгари сол эълон шуда буд

Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол устоди дзюдо Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дуввум қарор дорад. Ӯ имсол дар Гран-при дар вазни то 90 кг дар Узбакистон дувум, соҳиби медали биринҷии чемпионати Осиё дар Кувайт ва медали нуқраи Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван шуд. Дигар гуштигири тоҷик Саидҷалол Саидов ҳам дар толорҳои варзишӣ хуб ҳунарнамоӣ кард – ӯ дар дар чемпионати Осиё дар вазни 100 кг дар Кувайт ва дар Ҷоми кушодаи Африқо дар Порт-Луи (Маврикий) ҷойҳои саввумро соҳиб гардид. Дар феҳристи Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Саидҷалол дар мақоми саввум ҷой дорад.

Миёни беҳтарин варзишгарони тоҷик Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ), барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 130 кг дар Доҳаи Қатар, Фарҳод Анақулов (гуштии озод), ки низ дар ҳамин чемпионат дар вазни 125 кг ҷойи саввумро ишғол карда буд, муштзан Ҷаҳон Қурбонов, барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 91 кг дар Тайланд ҳам номбар шудаанд.

Мавқеъҳои минбаъдаро дар феҳрист ду бонуи варзишгар – муштзанҳо Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова ишғол карданд, ки ҳарду дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 60 ва 64 кг дар шаҳри Уланчаби Чин медали биринҷӣ гирифтанд. Ба “даҳгона”-и варзишгарони беҳтарини сол Акмалиддин Каримов (гуштини самбо) ва Хуршед Шарифов (гуштии камарбандӣ) ҳам ворид шудаанд.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи медали нуқраи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 ва қаҳрамону барандаи Ҷоми Тоҷикистон, беҳтарини тими футболи Тоҷикистон эълон шуд.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, даҳ варзишгари беҳтарин солро беш аз 70 журналистони бахши варзиши нашрияву хабаргузориҳо ва телевизиону радио муайян карданд.

Дилшод Назаров соли 2014 ҳам беҳтарини варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шуда буд. Ӯ соли гузашта дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тояш медал ба даст овард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG