Пайвандҳои дастрасӣ

Зиёда аз 30 дарсади фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон пинҳонӣ ва бе қайди расмӣ сурат мегирад.

Саҳми иқтисоди пасипардагӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бештар аз 30 фоизро ташкил медиҳад, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин нишондод ба шумор меравад.

Юҳа Кяхконен, масъули Хазинаи байналмилалии асъор зимни муаррифии гузориши «Рушди иқтисоди минтақавӣ: Осиёи Марказӣ ва Қафқоз» изҳор доштаст, ки барои коҳиши ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ, такмили бозори меҳнат, сода намудани андозбандӣ ва таъмини шароити баробари фаъолият барои ҳамаи ширкату корхонаҳо, зарур аст.

Тибқи ҳисобҳои Хазинаи байналмилалии асъор, саҳми иқтисоди пасипардагӣ ё ғайрирасмӣ дар Узбакистон 15 дарсад, Қирғизистон 25 , Қазоқистон наздики 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Хазинаи байналмилалии асъор бо такя ба таҳлилҳои худ дар соли 2011 мегӯяд, ки бештар аз нисфи кормандон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фонди нафақа маблағ пардохт намекунанд.

Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ин ҳолат табақаҳои заифи ҷомеаро боз ҳам осебпазиртар сохта, аз як тараф имкониятҳои давлатро барои ҳифзи иҷтимоӣ маҳдуд мекунад.

Дар робита ба ин қазия масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон ҳам изҳор медоранд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 98-99 фоизи андозсупорандагон ба қонуншиканӣ ва пинҳонкориҳо роҳ медиҳанд.

Ба иттилои ин ниҳод, давоми моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ, 1 ҳазору 434 андозсупорандаро аз санҷиш гузаронда, ба маблағи 136 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳоро ошкор намудаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG