Пайвандҳои дастрасӣ

Истихроҷи манобеъ - хости ҳамсояҳо ё тасмими ҷиддии ҳукумат?


Истихроҷи нафт дар Исфара

Истихроҷи нафт дар Исфара

Вакилони парлумони Тоҷикистон пас аз ду соли талошҳо тарҳи комили Қонуни нав «Дар бораи нафту газ»-ро омода кардаанд

Исмоил Талбаков, узви кумита оид ба иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, тарҳи комили қонуни нав "Дар бораи нафту газ" дар шӯрои маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, давоми ду моҳи оянда барои қабул ба маҷлиси намояндагон пешниҳод хоҳад шуд:

«Ин қонун тамоми муносибатҳо дар бахши кашфу истихроҷ, коркард, лоиҳакашӣ, сохтмон, интиқол, шароити сармоягузорӣ ва дигар масоили марбут ба ин сарватҳоро ба танзим медарорад. То ин ки ин муносибатҳо мутобиқ ба санаду меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бошад. Ва сармоягузорони хориҷӣ мавриди сармоягузорӣ ва фаъолият дар бахши кашфу истихроҷи нафту газ дар доираи ҳамин қонун фаъолият кунанд ва ба мушкил мувоҷеҳ нашаванд.»

Давлат Усмон, коршиности тоҷик

Давлат Усмон, коршиности тоҷик

Ин дар ҳолест, ки ахиран ширкатҳои бузургӣ хориҷӣ ба кашфу истихроҷи нафту гази Тоҷикистон афзоиш ёфта, ҳаҷми захираашон дар Тоҷикистон ба маротиб бештар арзёбӣ мешавад.

Аммо ба ақидаи таҳлилгарон, аз интизорот бештар арзёбӣ шудани ҳаҷми захираҳои нафту гази Тоҷикистон ба истифодаи захоири обиии Тоҷикистон марбут аст, ки солҳои ахир баҳсҳову мухолифатҳоро ба бор овардаст. Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, намоиши гуё захираҳои ҳангуфти нафту гази Тоҷикистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, метавонад маҳз ба хотири кам кардани таваҷҷуҳи Тоҷикистон руи барномаи энержии худ бошад.

Давлат Усмон таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ширкатҳо ва давлатҳои бузург ҳамеша дар муносибатҳои байналмиалалӣ дасти дароз доранд ва метавонанд манофеи худро ба ҳар роҳу усул таъмин кунанд: "Аз эҳтимол дур нест, ки кишварҳои поёноб, назири Узбакистону Турманистон ва Қазоқистон, ки аз нигоҳи молӣ дасти қавӣ доранд ва дар бунёди неругоҳҳо дар кишварҳои болооб мухолифанд, аз тариқи лоббиҳои ғарбии худ мехоҳанд таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба барномаҳои гидроэнержӣ камтар ва ба барномаҳои кашфу истихроҷи нафту газ бештар кунанд».

Аммо Исмоил Талбаков афзоиши таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷии кашфу истихроҷи нафту газ ба захоири ин манобеи сердаромади энержӣ ва дақиқтару бештар нишон додани ин захоирро ба аҳдофи кадом кишвари поёноб ва ё ширкати Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ.

Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ.

ориҷӣ марбут намедонад. Ба ақидаи ӯ сабаби дар гузашта камтаваҷҷуҳӣ ба барномаҳои кашфу истихроҷи нафту газ, маҳз адами қонуни танзимкунандаи ин захираҳои табии кишвар будааст.

Талбаков мегӯяд, афзоиши таваҷҷуҳ ба барномаҳои кашфу истихроҷ, монеи анҷоми барномаҳои гидроэнержии кишвар нахоҳад шуд: «Чунин ақидаҳо ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд. Бар изофа, нерӯи барқе, ки аз манобеи гидроэнержӣ ба даст меояд, ҳудуди 10 маротиба аз маводи сухти нафту ангишт арзонтар аст. Дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳ ба мушкилоти муҳити зист ва истифодаи манобеи алтернативии поки нерӯи барқ зиёд аст ва харидорон дар ояндаи наздик ба нерӯи аз нигоҳи экологӣ пок ва арзон таваҷҷуҳ мекунанд.»

Тибқи гузоришҳои мустақил дар соли 2012, ҳаҷми миёна ва захираҳои дастраси нафти Тоҷикистон наздики ба 28 миллиард бушка нафт ва 3, 2 триллион метри мукааб гази табиӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG