Пайвандҳои дастрасӣ

Made in Tajikistan ба хориҷа, made in China ба Тоҷикистон


Молҳои истеҳсоли ширкати "Гулистон"

Молҳои истеҳсоли ширкати "Гулистон"

Шиму куртаҳои пахтагии истеҳсоли Тоҷикистон ҳоло дар кишварҳои Аврупову Русия харидор пайдо кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сол то сол маҳсулоти корхонаҳои кишвар дар сатҳу сифати баланд ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ меёбанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки соҳибкорони тоҷик ҳарчӣ бештар талоши роҳёбӣ ба бозори берунаро доранд, то дохилӣ. Бозори дохилӣ тақрибан пурра дар ихтиёри кишварҳои хориҷӣ, махсусан Чин вогузор шудааст.

Чин бо дарназардошти вазъи молии сокинони Тоҷикистон бозорҳои ин кишварро ғарқи моли арзону пастсифату синтетикии худ кардааст. Исломиддинзода Содиқи Шодӣ, сармутахассиси раёсати саноати сабук дар Вазорати энержӣ ва саноат, мегӯяд, мардум қобилияти харидории маҳсулоти баландсифати корхонаҳои дохилиро надоранд, бино бар ин соҳибкорони ватанӣ бештар талоши ба берун бурдани маҳсулоти худро мекунанд.

"Агарчӣ маҳсулот дар дохил ҳам истеҳсол шавад, ҳар як чиз ба худаш миқдори муайяни нарх ва хароҷот дорад ва онҳо наметавонад нархро аз ин поён бурдаву ба зарари худ кор кунанд. Бинобар ин, мардум ба сару либоси чинӣ рӯ меоранд, чун нархи онҳо барояшон дастрас аст. Вале ин молҳо аз пахта нестанд ва ба саломатӣ зарароваранд",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Имрӯз дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки тоҷикистону Италия, мавсум ба "Ҷавонӣ", корхонаҳои дӯзандагии "Гулистон", "Гулдаста" ва "Ёқутиён" маҳсулоти бештар тавлид мекунанд, аммо боз ҳам ҳаҷми моли ин корхонаҳо дар бозорҳои дохил андак аст. Дилшод Беков, раҳбари кулли ширкати "Гулистон", мегӯяд, моли онҳо дар бозорҳои маҳаллӣ ҳам сол то сол бештар мешаванд, аммо ба қавли ӯ ҳоло 95 дар сади маҳсулоти ин корхона барои содирот ва танҳо 5 дар садаш барои дохил пешбинӣ мешавад. Куртаҳои пахтагӣ ва шимҳои аз матои ҷинсомодашудаи ин корхона дар кишварҳои хориҷ ба вижа Русия ба фурӯш гузошта шудааст.

Ҷаноби Беков мегӯяд, талабот ба маҳсулоти дохилӣ дар бозорҳои кишвар зиёд нест: "Бозори дохилӣ талаботаш аз ин намуди маҳсулот, фарз кардем, дар як сол 30 ҳазор дона аст, вале мо қариб дар як моҳ 60 -70 ҳазор дона содирот мекунем."

Аммо Насиб як тоҷири тоҷик мегӯяд, агар молҳои ватанӣ бо сифати баланд ва мувофиқ ба табъу завқи харидорон таҳия шаванд, ҳатман харидор пайдо хоҳанд кард. Аз нигоҳи ӯ, корхонаҳои дохилӣ ҳарчанд аз ҷиҳати сифат беҳтаранд, аммо аз лиҳози дӯхту дизайн ба дарди харидорон намехӯранд: "Барои мо пешниҳод карда буданд моли худро ин корхонаҳо, аммо нагирифтем, чун ман фурӯшандаам ва аллакай молро то ҷое мешиносам ва бовар дорам, онҳо харидори пайдо намекунанд, чун хушдӯхт нестанд. Масалан, як ҷинси пахтагин арзон, 50 сомонӣ аст, аммо хеле бенамуд аст. Мо медонем, ки масалан ҳамин корхонаи "Гулистон" дар Русия хеле ҷинсҳои замонавӣ ва хушдӯхт ба фурӯш гузоштааст, агар дар ҳамон сатҳ ба бозорҳои дохилӣ ҳам моли худро ворид кунад, мардум мехаранд."

Аммо бо ин вуҷуд ба бовари худи соҳибкорон ва иқтисоддонҳо ҳам омили аслие, ки ҷойгоҳи молҳои Тоҷикистонро дар бозори дохилӣ танг мекунад, наздики ҷуғрофии кишвар бо Чин аст. Бинобар ин, Замирахон Аҳмадова корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мегӯяд, Тоҷикистонро мебояд ҳарчӣ зудтар қонуни ҳимоя аз бозори дохилӣ ва моли истеҳсолкунандагони дохилиро қабул ва аз воридоти молу маҳсулоти пастсифату зараровар ҷилавгирӣ кунад. Лоиҳаи ин қонун борҳо аз сӯи вазорати мазкур ба ҳукумат ва виклони парлумон пешниҳод шуда, аммо бо сабабҳои мухталиф ба ҳол натавонистааст дастгирӣ ёбад.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, афзоиши ҳаҷми содироти масолеҳи саноатӣ ба манфиати иқтисоди кишвар аст, аммо агар бо фароҳам овардани шароит моли ватанӣ ба бозорҳои дохилӣ ҳам бо нархи дастрас ворид шаванд, дигар ҳоҷат ба кофтукоби харидор дар хориҷ аз кишвар боқӣ намемонад. Инчунин муштариёни тоҷик аз моли пастсифату зараровари синтетикӣ халос мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG