Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи буҷаи соли оянда -- "пой аз кӯрпа дарозтар"


Бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе

Бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи буҷаи соли 2013-ро барои баррасӣ ба порлумони кишвар пешниҳод кардааст.

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, тарҳи буҷаи Тоҷикистон назар ба соли гузашта 2 миллиард сомонӣ бештар буда, дар он то 30 дарсад болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии буҷа 12,1 миллард сомонӣ муайян гардида, болоравии ҳаҷми истеҳсолот ба андозаи беш аз 7 дарсад ва сатҳи таваррум 9 фисад тахмин мешаванд.

Гуфта мешавад, қисмати даромади буҷа аслан аз андоз, фоидаи корхонаҳои давлатӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ба фурӯш баровардани кону захираҳои табиӣ пурра карда мешавад. Исмоил Талбаков, узви Кумитаи иқтисод ва буҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, афзоиши қисми даромади буҷа ба фаъол шудани баъзе аз иншоот ва роҳҳо дар Тоҷикистон бастагӣ дорад.

Ҷаноби Талбаков гуфт, "ҳарчанд дар шароити имрӯза маблағи буҷа кам бошад ҳам, вале ба ҳар сурат он буҷаи бунёдкорӣ аст. Бояд гуфт, аз нисф зиёди маблағҳои буҷа, ки барои соли оянда пешбинӣ шудааст, боз ҳам ба самти рушди соҳаи иҷтимоӣ ва рӯзгори мардум равона карда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар дигар кишварҳо қисмати зиёди даромади буҷаро барои қисми ҳарбӣ ва нигаҳдории нерӯҳои қудратӣ харҷ мекунанд."

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Ба ин тартиб, ба гуфтаи Исмоил Талбаков, дар соли оянда 6,4 миллиард сомонӣ, ки беш аз нисфи маблағҳои буҷаро ташкил медиҳад, ба соҳаи маориф, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад. Ҳарчанд ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон ба ҳангоми қабули буҷа афзалиятро ба бахшҳои иҷтимоӣ медиҳад, коршиносон мегӯянд, то ҳанӯз вазъ дар ин росто беҳбудӣ мехоҳад.

Дилором Раҳматова, таҳлилгари тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агарчӣ ҳукумат хоҳиши онро дорад, ки бештари маблағҳо маҳз ба бахши иҷтимоӣ равона шавад, аммо имкониятҳо маҳдуданд. Барои мисол, имсол ба миқдори зиёд баланд кардани маош аллакай худ як сарборӣ ба буҷаи мост. Аммо ба ҳар сурат, умед аст, ки дар солҳои оянда вазъ беҳтар хоҳад шуд."

Дар ҳамин ҳол, Констанин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон, мегӯяд, то ба ин ҳад боло бурдани буҷаи давлатӣ ба имконоти иқтисодии Тоҷикистон мувофиқат намекунад. Аз ин хотир, ба гуфтаи ин иқтисоддон, аксаран барои ҷилавгирӣ аз касри буҷа мақомоти андоз фишорро болои андозсупорандагон бештар мекунанд. Вай мегӯяд, "ҳаҷми афзоиши солонаи буҷаи Тоҷикистон хеле баланд аст. Ҳар сол ҳаҷми он на камтар аз 15 дарсад ва гоҳе, 20 дарсад боло меравад. Ин ҳам дар ҳолест, ки афзоиши маҷмӯи маҳсуолти дохила дар сол аз 6 то 8 дарсад аст. Агар суръати боло рафтани буҷа ҳамин тариқ идома кунад, дар 3 -4 соли баъд, буҷаи хеле калон хоҳад дошт ва дар ин ҳолат Тоҷикистон ба он рӯ ба рӯ мешавад, ки иҷборан қисмати даромади буҷа аз андозро афзоиш диҳад."

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Зимнан, ба порлумони Тоҷикистон дурнамои буҷаи давлат барои солҳои 2014-2015-низ пешниҳод гардидааст, ки қисми даромади буҷа боз ҳам бештар, яъне ба андозаи
15 миллирад сомонӣ пешбинӣ шудааст. Коршиносон мегӯянд, давлати Тоҷикистон бо афзоиш додани маблағи буҷа мехоҳад, мизони камбизоатӣ дар кишварро коҳиш диҳад. Зеро дар чанд соли охир буҷаи Тоҷикистон “иҷтимоӣ” ном гирифта ва ҳадафи ниҳоияш низ беҳбуди вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст.

Бино бар омори расмӣ, мизони камбизотӣ дар Тоҷикистон 46 дарсадро ташкил медиҳад ва давлат талош дорад, то солҳои баъдӣ ин рақамро ба маротиб поин барад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG