Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи гази Узбакистон. Баҳси иқтисодӣ ё дилломатӣ?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Музокираи Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи газ дар сатҳи вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар идома дорад.

Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун дар масъалаи оғози интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон дар соли 2013 ҳеҷ иттилое дар даст нест. Ба қавли Шарофиддинов, феълан масъалаи азсаргирии интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон дар сатҳи вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар ҷараён дорад.

Дар ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки рӯзи душанбе имкон дорад, як гуруҳи корӣ бо сарварии муовини нахуствазири Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкил ба Тошканд сафар кунанд. Аммо Саидмаҳмад Шарофиддинов гуфт, то ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё намояндае аз Тоҷикистон ба Узбакистон нарафтааст.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи идораи "Тоҷикистрансгаз" ба Радиои Озодӣ гуфт, қатъ шудани гази Узбакистон ба ҷараёни фаъолияти ин ширкат таъсири манфӣ расонидааст ва теъдоди зиёди кормандони "Тоҷиктрансгаз" ба рухсатии бемузд баромадаанд.

Масъулини "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, харидуфурӯши газ миёни Тоҷикистону Узбакистон, тайи ду соли охир, бо тақозои кишвари ҳамсоя аз рӯи формулаи байналмилалии нарх сурат мегирад. Тибқи он, Узбакистон ҳар семоҳа вобаста ба нархи нафт, мазуту газол арзиши газашро болою поён мебарад. Дар соли 2012 нархи 1000 метри мукааби гази Узбакистон барои Тоҷикистон аз ҳадди 300 доллари амрикоӣ боло рафта буд.

Дар Тоҷикистон гази Узбакистон асосан барои фаъолияти ду корхонаи бузургтарини ин кишвар, корхонаи алюминиюм - "Талко" ва "Тоҷиксемент" истифода мешавад. "Тоҷиксемент" дар пайи камбуди газ чанд ҳафтаи охир аз фаъолият бозмондааст. Аммо ширкати "Талко" мегӯяд, дастгоҳҳои истеҳсоли газро аз ангишт насб кардаанд ва дар мавриди зарурат то 90 дарсади талаботашонро таъмин мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG