Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин бора вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар як муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон хабар дод.

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, ки дар як муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон сӯҳбат мекард, гуфт, шурӯъ аз 26-уми декабр гази Узбакистон барои Тоҷикистон пурра қатъ хоҳад шуд. Ӯ ин ҳарфҳоро рӯзи 25-уми декабр дар ҳузури вакилони парлумон зимни ироаи вазъи энержии кишвар баён дошт.

Ба қавли Гул Шералӣ, системаи гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки мебоист бо фарорасии сармо ба кор андохта мешуданд, бинобар камбуди гази Узбакистон фаъол карда нахоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти "Тоҷиктрансгаз" бо шарҳи сабаби ин вазъият гуфт, миқдори газе, ки дар соли 2012 барои Тоҷикистон интиқол дода мешуд, ба охир расидааст ва мақомоти Тошканд мехоҳанд, тибқи созишномаи нав дар соли 2013 интиқоли газ аз сар гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев-нахуствазири Узбакистон дар ин бора номае фиристода, хостори аз сар гирифтани интиқоли газ ба Тоҷикистон шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чаҳор рӯз қабл ба далели камбуди газ корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе муваққатан дар кори худ танаффус эълон кард. Масъулони ин корхона гуфтанд, тайи як моҳи охир ба далели камбуди газ корхона ба сахтӣ фаъолият дошт ва ниҳоят маҷбур шуданд, ки кори онро боздоранд.

Ҳар сол дар оғози соли нави милодӣ ва дар айёми сардиҳо ҷониби Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ мекунад. Соли гузашта дар пайи қатъи гази узбакӣ корхонаи алюминиюми тоҷик -- “Талко” ба мушкил мувоҷеҳ шуда буд. Узбакистон борҳо гуфтааст, ки чунин тасмимаш сиёсӣ нест. Ба қавли мақомоти ин кишвар, қатъи гази Узбакистон ё ба дунболи анҷоми созишнома ва ё камбуди газ дар дохили кишвар гирифта мешавад. Вале дар Тоҷикистон аксарият ба ин боваранд, ки ин тасмимҳои Тошканд сиёсианд ва аз мухолифатҳои ин кишвар ба тарҳҳои бузурги энержии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун об мехӯранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG