Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 31-уми декабр, муҳлати шартномаи харидуфурӯши газ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ба охир мерасад.

Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз», рӯзи 31-уми декабр, дар як тамоси кутоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки гуфтушунидҳо барои бастани созишномаи нав идома доранд: «Ҳозир бо ҳамкорам аз Узбакистон гапзанон кардам. Аммо ҷузъиёти ин гуфтушунидро ҳоло гуфта наметавонам.»

Узбакистон аввали ҳафтаи гузашта эълон кард, ки 31-уми декабр соати 18 : 00 интиқоли газро ба Тоҷикистон, ба далели анҷоми муҳлати шартнома пурра қатъ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон ягона харидори гази Узбакистон дар минтақа аст, ки то ҳол барои харидуфурӯш дар соли 2013 бо ин кишвар созиш накардааст. Муштариёни дигари гази Узбакистон дар минтақа ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки бо ин кишвар дар мавриди хариди газ дар соли 2013 ба мувофиқа расидаанд.

Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Тургунбек Кулмурзаев, раиси ширкати «Киргизгаз», хабар доданд, ки ин кишвар бо Узбакистон мувофиқа кардааст ва аз соли оянда як ҳазор метри мукааби гази узбакиро бо нархи 253 доллари амрикоӣ харидорӣ хоҳад кард. Ширкати русии «Газпром» ҳам бо «Узбакнефтегаз» дар бораи хариди 7.5 миллиард метрии мукааб газ дар соли 2013 созишнома бастааст. Узбакистон барои Русия ҳам 253 доллари амрикоӣ нарх муайян кардааст. Дар ҳоле, ки Русия ба Аврупо 1000 метри мукааби гази аз Узбакистон харидаашро бо нархи 450 доллари амрикоӣ мефурӯшад.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки гази Узбакистонро аз муштариёни дигари ин кишвар қиматтар мехарад ва ҳаҷми зиёд талаб намекунад, ҳанӯз ҳам бо ҳамсоя ба созиш нарасидааст. Масъулини «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, харидуфуруши газ миёни Тоҷикистону Узбакистон, тайи ду соли охир, бо тақозои кишвари ҳамсоя аз рӯи формулаи байналмилалии нарх сурат мегирад. Тибқи он, Узбакистон ҳар семоҳа вобаста ба нархи нафт, мазуту газол арзиши газашро болою поён мебарад. Дар соли 2012-юм нархи 1000 метри мукааби гази Узбакистон барои Тоҷикистон аз ҳадди 300 доллари амрикоӣ боло рафта буд.

Дар Тоҷикистон гази Узбакистон асосан барои фаъолияти ду корхонаи бузугтарини ин кишвар, корхонаи алюминиюм "Талко" ва "Тоҷиксемент" истифода мешавад. "Тоҷиксемент" дар пайи камбуди газ чанд ҳафтаи охир аз фаъолият бозмондааст. Аммо ширкати "Талко" мегӯяд, айни ҳол гази узбакиро дар ҳаҷми кам дарёфт мекунад ва дар сурати қатъи пурраи интиқоли гази Узбакистон ҳам, корхона аз фаъолият намемонад. Масъулини ширкат мегӯянд, дастгоҳҳои истеҳсоли газро аз ангишт насб кардаанд ва дар мавриди зарурат то 90 дарсади талаботашонро таъмин мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG