Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати «Тетис» барои омӯзиш ва истихроҷи нафту газ дар ҷануби Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, «Total» ва «CNODC»-ро ҷалб кардааст.

Тавре ширкати «Тетис Петролеум» дар сомонааш хабар медиҳад, сеяки саҳмияҳои "Kulob Petroleum" – бахши маҳаллии ширкати Tethys Petroleum- дар ҳавзаи нафту гази Бохтарро ширкати фаронсавии Total ва 33,33 фоизи дигарашро ширкати чинии CNODC ба даст овардаанд.

Тибқи ин созишнома ширкатҳо ба кони Бохтар ҳаққи баробар дошта, дар назар аст, ки барои омӯзишу истихроҷ ҳудуди 80 миллион доллар сарф хоҳанд кард. «Тетис» хабар медиҳад, ки барои кор дар ҳавзаи нафту гази Бохтар ширкати муштараки нав таъсис дода мешавад ва барномаи муфассали фаъолияти он дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2013 тасдиқ хоҳад шуд. Масъулини ширкати Тетис Петролиум изҳор медоранд, ки 66 дарсади 60 миллион долларро, ки то ҳол ин ширкат барои омӯзиш ва истихроҷ дар минтақаи Бохтар сарф кардааст, шарикони нав ба Тетис Петролиум бармегардонанд. Минбаъд сармоягузориҳо дар ин ҳавзаи нафту газ баробар сурат гирифта, маҳсулоту фоидае, ки дар оянда ба даст меояд баробар тақсим мегардад.

Дэвид Робсон, президенти ширкати «Тетис» таваҷҷуҳи ширкатҳои ҷаҳонӣ амсоли Total-и фаронсавӣ ва CNODC-и чиниро далели он гуфт, ки Тоҷикистон имкон дорад, на танҳо худро бо нафту газ таъмин кунад, балки ба содиркунандаи ин манобеи нерӯ табдил ёбад. Ӯ таъкид намудааст, ки ҷалби шарикони нав, ки қудрату таҷрибаи зиёд доранд корро дар ин самт вусъат медиҳад.

Тибқи гузоришҳои пешакии Тетис Петролиум захираҳои ҳавзаи Бохтар 3.22 триллион метри мукааб газ ва 8.5 миллиард барел нафтро дар бар мегирад. Кони Бохтар дар ҳавзаи Амӯдарё дар майдони 35 000 метри мураббаъ доман густурдааст.

Айни ҳол Тоҷикистон дар бахши нафту газ пойбанди Русия ва Узбакистон буда, маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия ва газ аз Узбакистон ворид мешавад. Аммо масъулини "Тетис Петролиум" мегӯянд, ояндаи наздик пойбандии Тоҷикистон ба нафту гази хориҷӣ гусаста хоҳад шуд.

"Тетис" аз ҷумлаи ширкатҳои калони трансмиллӣ аст, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна низ ба омӯзиш ва истихроҷи нафту газ машғул мебошад. Ширкати "Total" дар ҳоли ҳозир севумин ширкати бузурги нафт дар Аврупо ба шумор рафта, фоидааш дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ, бо вуҷуди 17 дарсад коҳиш, боз ҳам 8,3 миллиард долларро ташкил додааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG