Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки ҳазорҳо муҳоҷири депортшуда ҳанӯз интизори афв ва бозгашт ба Русия ҳастанд, беш аз 50 зани маҳрум аз ҳақи сафар ба ин кишвар, дигар ҳадафи бозгашт ба Русияро надоранд.

Дар ҳоле, ки ҳазорҳо муҳоҷири депортшуда ҳанӯз интизори афв ва бозгашт ба Русия ҳастанд, беш аз 50 зани маҳрум аз ҳақи сафар ба ин кишвар, дигар ҳадафи бозгашт ба Русияро надоранд. Онҳо дар деҳу зодгоҳашон кору тиҷорати тозаро ба роҳ мондаанд.

Ҷамилаи 33-сола, сокини вилояти Бадахшон ҳам яке аз ин занон аст. Вай соле пеш барои аёдати наздиконаш ба ватан баргашт ва ҷои кору ягона манбаи даромадашро дар Русия аз даст дод. Ҷамила мегӯяд, ки ӯ то соли 2017 ҳақи вуруд ба Русияро надорад. Ин ҷавонзани тоҷик, ду сол дар Русия дар як коргоҳи моҳипарварӣ кор мекард ва зиндагии худу як фарзандашро пеш мебурд.

Тағйироти ногаҳонӣ дар зиндагӣ ва бекорӣ чанд моҳ ӯро азият дод, аммо имрӯз Ҷамила ҳамроҳ бо чанд зани дигар дар коргоҳи навтаъсиси худ ба омодасозӣ ва фурӯши яхмос машғул аст. Вай мегӯяд, моҳона то 3-4 ҳазор сомонӣ даромад дорад: “Дар Русия албатта 1000 доллар маош доштам, аммо хароҷоту мушкилот ҳам зиёд буд. Пули хона, ҳуҷҷат ва дигару дигар. Ин ҷо агар ҳамин корам хуб идома кунад, дигар ҳоҷат ба Русия намемонад”, - мегӯяд Ҷамила. Ӯ мегӯяд, ки бо салқин шудани ҳаво самти тиҷоратро ҳам дигар ва васеътар мекунад.

Аммо дар оғози кор ва ташкили ин навъи тиҷорат ба Ҷамила ва 12 зани дигар дар Бадахшон, Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират кӯмак ва онҳоро бо маҳсулот ва дастгоҳҳои зарурӣ таъмин кард. Дар доираи як лоиҳаи озмоишӣ, барои дастгирӣ ва беҳтар кардани зиндагии муҳоҷирони рондашудаи тоҷик, созмони мазкур ба беш аз 50 зан аз Бадахшону

Ҷиргатол ва Тоҷикободу Кӯлоб, ки дар як соли ахир аз ҳақи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, шароит фароҳам сохт, то дур нарафта аз пеши фарзандону пайвандони хеш, соҳиби кор шаванд. Гулчеҳра Иброҳимова як масъули ин лоиҳа дар Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, ин занон дар коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ бо тиҷорати дилхоҳи худ машғул шудаанд. Ин созмон тасмим дорад, ки ҳамин гуна ду гурӯҳро дар вилояти Суғд ташкил кунад. “Мо аслан бо заноне кор мекунем, ки шавҳаронашон онҳоро партофта ба Русия рафтаанд ё шавҳарон он ҷо мондаву занон ронда шудаанд,”- мегӯяд масъули ин созмон Гулчеҳра Иброҳимова.

Барои амалисозии лоиҳаи дастгирии занони муҳоҷир дар созмони ҷаҳонии кор дар марҳилаи аввал ҳудуди 15 ҳазор доллар ихтисос шудааст ва ба гуфтаи Гулчеҳра Иброҳимова, дар сурати муваффақ шудани занон, бо ҷалби маблағи бештар метавонанд депортшудаҳои дигарро низ бо кор таъмин кунанд.

Нонпазхонае, ки Қутосбӣ ҳамроҳ бо чанд зани дигар дар Кӯлоб таъсис додааст, ҳар рӯз беш аз 200 нон ба фурӯш мебарорад ва даромади ҳаррӯзаи занон 15-20 сомонӣ аст. Қутосбӣ панҷ фарзанд дорад ва то шадид шудани қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русия, чанд ҷой кор карду тани танҳо зиндагии фарзандонашро пеш бурд.

Вай мегӯяд, “Он ҷо фаррошӣ ва косашӯӣ мекардам, депортатсия шудам ва дигар бекор мондам. Ин ҷо ин нонпазхонаро барои мо ташкил карданд, дар навбати аввал 2 халта орд ҳам доданд, дигараш аз худамон вобаста аст. Рӯзҳое мешавад, фурӯш хуб аст, рӯзе не. Вале агар ҳам чунин шуд, ақаллан ҳар рӯз нон ба худамон мемонад.”

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз дари Русия ба рӯи беш аз 400 ҳазор муҳоҷири тоҷик баста аст. Дар 6 моҳи ахир 1600 муҳоҷир аз ин кишвар ронда шудаанд. Дақиқ нест, ки чӣ теъдоди инҳо занҳо буданд. Аммо мавҷи бозгашти муҳоҷирон ва афзоиши бекорӣ дар Тоҷикистонро ҳанӯз аз авохири соли гузашта, таҳлилгарон ва Созмони ҷаҳонии кор пешгӯӣ карда, ба мақомоти ин кишвар машварат доданд, ки илоҷи корро пеш аз вуқӯъ биандешанд.

Ҳоло ба ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон, интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 42 % кам шудааст. Ин коҳиш дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар солҳои 2008-2009 низ ба мушоҳида нарасида буд. Муҳоҷирон дар се моҳи аввали соли равон 289 миллион доллар фиристодаанд.

Вазорати меҳнати Тоҷикистон қаблан муҳоҷирони рондашударо, ки дар соҳаи сохтмон таҷриба доранд, бо моҳонаи беш аз 1000 сомонӣ барои кор ба нерӯгоҳи Роғун даъват карда буд ва ҳоло ба иттилои ин ниҳод беш аз 100 муҳоҷир дар ин нерӯгоҳ кор мекунанд.

Аммо аксар муҳоҷирони бозгашта аз ин даъватҳо ва шарту шароите, ки дар Тоҷикистон барояшон кор пешниҳод мешавад, розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, бо маоше, ки инҷо барояшон пешниҳод мешавад, наметавонанд як моҳ зиндагӣ кунанд. Аксари онҳо мехоҳанд ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо Маскав матраҳ кунад ва онҳо ба Русия баргарданд.

Тибқи омори нави Хадамоти муҳоҷирати Русия, ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 1 миллион муҳоҷири тоҷик сабт шудаанд, ки аз ин теъдод 840 ҳазораш мардҳо ва 170 ҳазор занону духтаронанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG