Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳи занони муҳоҷири тоҷики муқими Русия тасмим доранд бо ташкили иттиҳодияи занони муҳоҷир ҳуқуқҳои худро дар ҳар шароит ҳимоя кунанд.

Гурӯҳе аз занони фаъоли тоҷик дар вилояти Иркутски Русия оинномаи занони тоҷикистониро бо номи “Бону” таҳия карданд ва акнун мехоҳанд барои фаъолияти ин иттиҳодияи худ ба таври расмӣ дар ниҳодҳои расмии вилоят сабти ном шаванд. Чунин кор яке аз нахустин қадамҳои худи занон аст ва ҳадафи ин иттиҳодия ҳимоят аз ҳуқуқи занони тоҷик дар ин минтақа дониста мешавад.

Солҳои охир муҳоҷирати занони танҳои тоҷик ба Русия афзоиш ёфтааст ва намунаҳое ҳам мушоҳида шудааст, ки онҳо бо надонистани қонунҳо ва шароити кор дар кишвари муҳоҷират ба душвориҳо дучор мешаванд. Онҳоро гоҳо корфармоён фиреб медиҳанд ва гоҳо бадрафторон бо ваъдаҳои бардурӯғи кӯмак ба доми худ медароранд. Шояд заноне ҳам ҳастанд, ки аз ноилоҷӣ ё надоштани чораи дигар ба роҳҳои дигари ба даст овардани пул мераванд. Дар сурати ташкили чунин марказҳои занон ё ҷамъиятҳои вижаи занони муҳоҷир аз ҷумлаи занони тоҷик ҳуқуқдонҳо ба онҳо кӯмак мекунанд.

Турсуной Алимардонова-ҳуқуқдони тоҷик, ки дар яке аз ниҳодҳои муҳоҷиратии Русия кор мекунад, ба доми фиреб даромадани занонро бо надонистани қонунҳо ва надоштани машваратчии хуб иртибот медиҳад:

“Аввалин сабаби қурбони фиреб шуданашон надонистани қонун аст, забонро намедонанд, барои ҳамин онҳоро фиреб медиҳанд, ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ медиҳанд. Занонро ҳангоми ба кор гирифтан фиреб медиҳанд. Ғайр аз ин маоши онҳоро намедиҳанд, ман занонеро медонам, ки ба мо муроҷиат кардаанд. Ба онҳо музди кори ҳалолашонро намедиҳанд."

Рӯҳияи занони тоҷик чун зани шарқӣ аз занони маҳаллӣ дар Русия фарқ дорад. Онҳо дар рӯзҳои аввал шояд дар сурате, ки бо суннатҳои маҳаллӣ ошно нестанд, дар муҳити бегона худро ноҳинҷор эҳсос мекунанд. Вале бо пайдо кардани маслиҳатгар ва машваратчии хуб дар созмонҳои занон, то андозае боз мешаванд ва барои худ муттакое пайдо мекунанд, розҳои худро боз ва роҳҳои зиндагии пок ва беҳтарро барои худ кашф мекунанд. Хонум Алимардонова мегӯяд:

"Пеш аз ҳама занон бо боварӣ ба чунин созмонҳо муроҷиат мекунанд. Онҳо барои худашон “ҳамдард”, маслаҳатгар, насиҳатчӣ пайдо мекунанд. Ташкилотҳои занони эҳтиёҷманд роҳу равиши корро нишон медиҳанд. Ба онҳо роҳҳои корёбӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро тавсия медиҳанд."

Абубакри Файзалӣ-рӯзноманигори тоҷики муқими Маскав, ки умури муҳоҷиратро таҳқиқ мекунад, аз ҳамин нуқтаи назар ҷонибдорӣ мекунад.

Барои пешбурди фаъолияти чунин созмонҳои ҷамъиятии занон сармоя зарур аст, то онҳо барои худ ҷоеро иҷора бигиранд ва ё ашёи зарурии онро харидорӣ кунанд. Дар миёни тоҷикон дар ҳар минтақа ҳоло тоҷирон ва сармоядорони хуб пайдо шудаанд. Бо чунин шахсиятҳо бояд музокира анҷом бигирад ва онҳо ба эҳтимоли зиёд омода хоҳанд буд, ки ба ин созмонҳо кӯмаки молӣ кунанд. Раванди хубе мушоҳида мешавад, ки тоҷирону сармоягузорони тоҷик дар Русия дар минтақаҳои зисти худ дар Тоҷикистон масҷидҳо ва мактабҳоро таъмир мекунанд ва дар кори хайру савоб дасти ёрӣ дароз мекунанд. Ба ақидаи коршиносони умури муҳоҷират, кӯмак ба созмонҳои занон дар Русия низ аз ҷумлаи ҳамин корҳои хайр ба шумор меравад.

Мо дар тамос бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз онҳо пурсидем, ки оё намояндагиҳои дипломатӣ омода ҳастанд, то барои сабти номи чунин созмонҳои занон дар идораҳои расмии минтақаҳои Русия кӯмак кунанд? Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки ҳоло худашон ҳам ташаббусро ба даст гирифтаанд ва агар занон барои ташкили созмонҳои занони муҳоҷир омодагӣ нишон диҳанд, намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия барои сабти ном кӯмаки ҳамаҷонибаро дар ихтиёри онҳо хоҳанд гузошт.

Дар ташкили созмонҳои занон ҷамъиятҳои тоҷики муқими Русия низ метавонанд ёрӣ расонанд. Аз сӯи дигар занони фаъол метавонанд бо лоиҳаҳои хуб ба созмонҳои байналмиллалӣ муроҷиат кунанд ва аз онҳо низ кӯмакҳои молӣ ва машварат бигиранд.

XS
SM
MD
LG