Пайвандҳои дастрасӣ

Занони муҳоҷир:Аз сартарошҳо тарсем ё аз сартарошидаҳо?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Чанд наворе ки дар ин авохир дар Интернет сайр мекунад, ҳокист, ки занони муҳоҷир дар Русия таҳти табъиз қарор мегиранд.

Ва на фақат аз ҷониби мақомоти пулис ё сартарошидаҳои рус, балки ҳамчунин аз сӯи ҳамватанони марди худ. Аз ҷумла ба далели издивоҷ ё муошират бо муҳоҷирони, ба таъбири онҳо, “бегона”.

Сартарошҳои мусаллаҳ бо покуву бо камера

Дар Интернет наворе нашр шудааст, ки дар он як гурӯҳи ҷавонони қирғиз зоҳиран дар Русия либоси як духтари қирғизро кашида, тани урён ва бо таҳқири зиёд “истинтоқ”-аш мекунанд, ки чаро бо тоҷикҳо ”мегардад”. Қаблан ҳамин тавр, дар телефонҳои мобил дар Тоҷикистон як навори дигари монанд ба ин ба “сайр” даромада буд, ки дар он ду ҷавони тоҷик ду духтари тоҷикро ба маҳзи ин ки бо мардони “бегона” алоқа доштаанд, низ урён карда, мӯю қоши якеро бо поку пок метарошанд ва таҳдид мекунанд, ки бо ин навор ҳардуро “шармандаи ду олам” хоҳанд кард.

Дилошӯб, як сокини Душанбе, ки ин наворро дидааст, мегӯяд: “Навори хеле даҳшатовар буд. Бечора зорӣ мекард, ки ман пагоҳ ба кор рафта наметавонам, илтимос, ин корро накунед. Аммо рафиқаш гуфт, ки қошҳояшро ҳам битарош. Якеаш гуфт, ин наворро дар Интернет мегузорам, бигузор, тамоми тоҷикҳо шуморо тамошо кунанд. Як духтар хеле гиряву зорӣ кард, ки дар Тоҷикистон падару модар дораду хоҳару бародар, аз рӯзи хуш ба инҷо наомадааст, аз маҷбурӣ омадааст. Аммо он ҷавон ҳақораташ дода, гуфт, ки ту шарафи тоҷиконро паст мезанӣ.”

Таҳқирҳои “номусӣ”

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар баровард шуда, ба ҳисоби дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе, 15,4 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд, ки гурӯҳе ба назди шавҳарони худ мераванду гурӯҳе ҳам – барои мардикорӣ.Чунин оморе вуҷуд надорад, ки чанд зани тоҷик дар мулки ғурбат издивоҷ кардааст ва чанди тани онҳо – ба мардуми ба истилоҳ “бегона”. Аммо дар сели ахборе, ки аз Русия меояд, гоҳу ногоҳ хабарҳое ҳам ба чашм мерасанд, ки мегӯянд, ин ё он зани тоҷик аз тарси пайвандони худ фарзанди меваи робитаи ғайримашрӯъашро партофтааст.

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива плюс” аз як мавриди дигари чанд соли пеш дар Екатеринбург ёдовар шуд, ки як гурӯҳи тоҷикҳо якбора мӯи сари 8 зани тоҷикро бо иттиҳоми танфурӯшӣ тарошида буданд, ки "бозор"-ашон расво шавад: “Вақте ман онҷо рафтам, марде ки ин корро ташкил карда буд, гуфт, онҳо фоҳиша буданд ва бо вуҷуди ҳушдорҳои мо ин корро бас накарданд. Ман гуфтам, ин ҷиноят аст, чунки шумо на қозиеду на додситон. Медонам, ки баъзе духтарони тоҷик дар муҳоҷират ҳатто ба русҳо ба шавҳар мебароянд. Ман гуфтам, ки вақте шумо аз ӯҳдаи таъмини ин занҳо намебароед, бигузоред, ки роҳи зиндагиашонро биёбанд, ба рус мерасанд ё қирғиз, кори онҳост. Ин меваи ҳамон тафаккурест, ки зан ҳеҷ аст, мазҳаб ҳарчӣ гуфт, ҳамонро кунад, яъне аз доираи зании худ берун набарояд.”

Ба ақидаи хонум Бобоназарова, чунин тарзи бархӯрд бо зан аз тафаккури мардсолории роиҷ дар Тоҷикистон об мехӯрад.

Тоифаи аз мардон ҳам беҳуқуқтар

Бино ба омори расмӣ, фақат соли гузашта аз Русия ҷанозаи 51 зани тоҷикро оварданд. Ба ақидаи хонум Бобонанзарова, ин тоифа назар ба муҳоҷирони мард бамаротиб беҳуқуқтар аст.

Заррина Уроқова, ҳамоҳангсози Барномаи занони СММ дар Душанбе низ бар пояи як таҳқиқоти 3 сол пеш анҷомдодаи ин созмон мегӯяд: “Онҳо ҳамчун зан алакай осебпазиранд. Аммо агар бисёри мардон бо ягон ихтисос ба Русия бираванд, занҳои чӣ хонашину чӣ коргар ҳама маҷбур шудаанд, ки муҳоҷират кунанд. Мушкилоти зиёде доранд дар Русия. Ба зӯроварӣ дучор мешаванд, ба нақзи ҳуқуқ, ҷои кор намеёбанд...”

Бо ин ҳол, Дилошӯб- мусоҳиби мо дар Душанбе мегӯяд, навори таҳқири ду духтари тоҷик бо дасти ҳамватанонаш ӯро чунон таккон дод, то ҳол ба худ намеояд: “Як таассуроти мудҳише гузошт ба ману дугонаҳоям. Ман ҳатто ашк рехтам, ки ин духтар аз рӯзи хушаш нарафтааст. Чӣ коре ки карда бошад, ин ба мардон ҳаққ намедиҳад, ки духтарони тоҷики худашонро дар мулки бегона чунин таҳқир кунанд.”

Аммо бо вуҷуди даҳҳо созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, то ҳол як созмони вижае нест, ки ба мушкилоти занони муҳоҷир бипардозад. Заррина Уроқова мегӯяд, Барномаи занони СММ дар Тоҷикистон асосан ба занҳое кӯмак мекунад, ки шавҳарони онҳо дар муҳоҷиратанд. Ин барнома феълан 1600 занро фаро мегирад.

Малика Ёрбобоева аз намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират гуфт, бо афзоиши шумори занони муҳоҷир, онҳо тасмим гирифтаанд, 30 дарсади тамоми барномаҳои омӯзишии худ барои муҳоҷирони тоҷикро аз ин ба баъд ба занон ихтисос диҳанд. Аз ҷумла ба онҳое ки ба хотири ёфтани қути лоямуте дар канори мардон азоби ғурбатро ихтиёр мекунанд. Азобе ҳамроҳ бо таъқиби мақомоти кишвари мизбон, хатари ҳамлаи қавмгароҳо ва ҳам таънаву маломате, ки аз сӯи ҳамватанони худи онҳо ба сарашон фурӯ мерезад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG