Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Муҳоҷират аллаҳои модарони тоҷикро тағйир додааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон, ки калимаи “муҳоҷирати кориву Русия” дар ҳар сари қадам ба гӯш мерасад, ин калимаҳо ҳатто ба аллаҳои модарон роҳ ёфта ва муболиға намешавад, агар бигӯем, ки кӯдакони тоҷик аз ширхорагӣ медонанд, ки муҳоҷират чист?

Фирӯза, модари ҳиҷолатии Бахтиёри навзод агар танҳо бошад, сари гавҳораи тифли ҳафтмоҳааш алла мегӯяд ва ба ин мазмун “падари бачам аз Русия зудтар биёяд, барои бачам мошинчаи зебо биёрад.” Фирӯзаи ҷавон ва муштоқи дидори ҳамсар, бо ин алла дарди дилашро ба бачааш мегӯяд ва ҳам Бахтиёри ширхорро, ки рӯи падарро ним сол боз надидааст, мехобонад. Фирӯза танҳо модар дар Тоҷикистон нест, ки муҳоҷират ба мазмуну мӯҳтавои аллаҳои ӯ таъсир гузоштааст, садҳо ҳазор модари дигари тоҷик шабона, сари гаҳвораи тифли хеш аз дарди фироқи худ мегӯянд ва орзу мекунанд, ки падари бачаҳояшон сиҳату саломат аз Русия назди онҳо баргардад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим



Сураёи Шуҷоат, хабарнигори тоҷик, ки ин гуна аллаҳои модаронро шунидааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз ин аллаҳо воқеан дилрешкунанда аст: “Ба кадом хонае, ки дар онҷо муҳоҷир ҳаст, дароед, аслан занони ҷавон шарм медоранд, лекин бибиҳо ва занони аз 30-сола болотар вақте алла мегӯянд, рубоӣ ва ё дубайтӣ ҳам нест. Ҳамин гуна суханҳост, ки пайи ҳам мегӯянду мечинанд, мисли инки “бачама хов бара, оташ аз Расия биёя, ин бачаи ма оташа ёд кардаст, ҷигарҳои бибиш барои оташ рехтаст.“ Воқеан агар овози гӯянда хуш бошад, ин аллаҳо бисёр дилрешкунанда аст.”

Ҳоло бисёре аз навзодони тоҷики бехабар аз “гапи ҷаҳон”, зери навои чунин аллаҳои дилрешкунанда мехобанд, на зери аллаҳои саршор аз орзуву омоле, ки волидонашон мешуниданд, ба мисли ин ки “бачаи ман калон шава, бачаи мактабхон шава.” Дилшод Раҳимӣ, фолклоршиноси тоҷик аз Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд пажӯҳише дар заминаи таъсири муҳоҷират ба мундариҷаи аллаҳои тоҷикӣ анҷом нашудааст, вале табиист, ки ҳар раванд дар ҳар давру замони муайян ба фолклор, ки алла як бахши он аст, таъсир мегузорад:

“Мо дар вақти мардумшиносӣ, вақте байни мардум рафта намунаҳо ҷамъ мекардем, ин чизҳоро мушоҳида кардем, ки вақти алла гуфтан, онҳое, ки дар ҷанги бародаркуш, бачаҳои худро аз даст дода буданд, мушкилоти зиёд доштанд, инҳоро мегуфтанд. Ҳоло вақтҳои ахир муҳоҷират ҳам метавонад таъсир дошта бошад, ки масалан вақти алла гуфтан, дарди дили худро холӣ мекунанд, рубоиҳо мехонанд, дар бораи ғурбат аст, дурӣ, ҷудоӣ аз шавҳару фарзандон аст, ингуна рубоиҳо ҳаст.”

Фотима Айбакободӣ, пажӯҳишгари эронӣ, ки мӯҳтавои аллаҳои Эрону Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст, менависад: “Имрӯза бештар лолоӣ (алла) дар манотиқи кӯҳистонӣ ва рустоии Тоҷикистон маҳфуз мондааст, акнун ҳам занони рустоӣ лолоисароиро (аллагӯиро) василае барои кушудани гиреҳи дил ва берун рехтани ғаму андӯҳи анбошташуда дар дил медонанд.”

Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик, ки маҳз ба хотири зиндагии беҳтари зану фарзанд ва волидон ба Русия мераванд, имсол назар ба чаҳор соли гузашта бештар шудааст. Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар семоҳаи соли равон тақрибан 270 ҳазор нафар кишварро тарк кардаанд, ки дар муқоиса ба семоҳаи соли 2012, 32 дар сад бештар аст.

Агарчӣ муҳоҷирати корӣ то кунун, бо миллиардҳо доллар фоидааш, Тоҷикистонро аз ошӯбу фишорҳои иҷтимоӣ ва бесуботии сиёсӣ эмин нигаҳ дошта ва ба муҳаррики иқтисоди он табдил шудааст, вале ба сохтори суннатии хонаводаҳои тоҷик, ки тоби ҷудоиро надоранд, (вале акнун ба он одат мекунанд) таъсири манфӣ мегузорад. Аз ҷумла як пажӯҳиши ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал дар Тоҷикистон дар соли 2011 нишон додааст, ки фарзандони муҳоҷирони корӣ, бештар афсурдаҳолу маҳзунанд ва тундхӯву саркаш мешаванд. Аз ҷумла маълум шудааст, ки 50 дарсади кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ ҳафтае як бор ғамгину афсурда будаанд, вале ин рақам дар миёни хонаводаҳои бемуҳоҷир танҳо 33 дар садро ташкил медиҳад.

Сураёи Шуҷоат мегӯяд, кӯдакони миллати шоиртабъи тоҷик бо илҳом аз аллаҳои модаронашон “ашъори” худро тағйир додаанд: “Худи мо вақте хурдсол будем, амакам ва ё тағоям дар артиш буд, ҳар вақт ҳавопаймо мегузашт, мегуфтем, “самалёти ҳавоӣ, акаҷонамро биёрӣ”, аммо ҳоло кӯдакон ҳамаш як чиз мегӯянд, самалёти ҳавоӣ отаҷонма аз Расия биёрӣ.”

Ё ба шакли дигар, “Самалёти ҳавоӣ отаҷонма биёрӣ, як сум метм худоӣ." Орзуе, ки барои баъзе аз фарзандони муҳоҷирони тоҷик ҳеҷ гоҳ муяссар намешавад...
XS
SM
MD
LG