Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи истироҳати сокинони Тоҷикистон дар робита бо ҷашни “Иди ҳамраъйии коргарон” -- рӯзи 1 май бекор шуда, ҳамакнун ин сана, ки таърихи таҷлилаш дар ҷумҳурӣ таърихи 92-сола дорад, танҳо ба таври расмӣ дар феҳристи идҳо боқӣ мемонад.

Рӯзи 1 май дар давоми 92 соли охир ва тамоми 70 соли шӯравӣ аз муҳимтарин идҳои мардуми Тоҷикистон буд. Иде, ки солҳои 1850-ум баъди шурӯи муборизаҳои синфи коргар барои рӯзи кории 8-соата дар Ғарбу Аврупо арзи ҳастӣ кард ва ба як баҳонаи дигари сиёсии зидди ҳукумати подшоҳӣ табдил шуд, барои наслҳои имрӯза мафҳуми сиёсиву таърихиашро аз даст дод. 1 май барои аксарият як рӯзи хуби дигари истироҳат аз кору машғулият шуд.

Ниҳодҳои мудофеъ аз ҳуқуқи коргарон ба ин тасмими парлумон мухолифате нишон надоданд."

Дар ҷаласаи парлумони Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр масъалаи зарурати будан ё набуди ҷашн баҳс нашуд ва танҳо бо як изҳороти раиси маҷлис Шукурҷон Зуҳуров тасмим шуд, ки ҳаққи истироҳат дар ин рӯз лағв шавад ва касе ҳам мухолифат накард. Мақомоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки аз мудофеони ҳуқуқи коргарон мебошанд, низ ба тасмими парлумони кишвар норизоиятие нишон надоданд.

Ба гуфтаи Исмоил Файзиев, муовини раиси ин ниҳод, дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ба шумори идҳо бо рӯзҳои таътили ҷашнҳои Наврӯз ( 4 рӯзи таътил), Ваҳдати миллӣ, Истиқлол зам шуда ва ҳоло теъдоди рӯзҳои таътилҳои идона ба 9 рӯз расидааст. Шояд ба ҳамин далел, ҳукумат 1 майро аз феҳристи идҳои аслӣ хориҷ кардааст.

Ҷаноби Файзиев афзуд, ки “вале бидуни рӯзи истироҳат ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии заҳматкашони ҷаҳон сатҳи ин идро поин бурда ва мумкин аст, дар оянда аз хотири мардум фаромӯш шавад. Ҳарчанд мо, кормандони иттифоқҳои касаба Рӯзи 1 май ва ҳам 1 сентябрро ҳамчун рӯзи Иттифоқҳои касаба таҷлил мекунем.”

Дар даврони шӯравӣ санаи 1 майро “рӯзи парад” ҳам мегуфтанд, чунки ба ҳайси бахше аз таблиғоти идеологияи коммунистӣ бо ташкили гаштҳои ботантанаи мардум дар майдонҳои марказии пойтахтҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ба хориҷа “аз нерӯи пурқудрати коргару деҳқон” паём медоданд.

Қироншоҳ Шарифзода

Қироншоҳ Шарифзода

Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ аксарият гуфтанд, аз ин тасмим нороҳат шудаанд, чунки одат доштанд дар ин рӯз аз кору ташвиши ҳамарӯза дар ҳалқаи хонавода ва дар ҳавои боз истироҳат кунанд.

Журналисти мустақил Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, тасмими Маҷлиси намояндагон як навъ “шӯрависитезӣ" аст, ки ба ҳар роҳу васила мероси даврони шӯравии пешинро аз байн мебаранд: “Шӯрависитезӣ кори хубе нест. Чунки ин таърих аст. Новобаста аз дидгоҳи мо, ин санаҳои таърихӣ аз ҷониби мардуми кишвар ҷашн гирифта мешуданд. Дар ҳоле, ки ҳоло одамони даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон кам нестанд, ин амал як навъи ситеза ба ин тоифа аст.”

Ҷашни якуми май то имрӯз дар бархе дигар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Чех ва дигар кишварҳо ҳамчун иди коргар таҷлил мешавад ва дар ин рӯз сокинон расман истироҳат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG