Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 17 июл аз исёни Хуҷанд 100 сол мегузарад. Ин шӯриш, ки ба исёни бузурге алайҳи Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна оғоз гузошт, яке аз саҳифаҳои муҳим дар таърихи ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар ин қаламрав шинохта шудааст.

Рӯзи 8 июл (бо тақвими он замон – 25 июн)-и соли 1916 подшоҳи вақти Русия Николайи Ду фармоне баровард, ки бар асоси он, барои бори аввал аҳолии бумии вилояти Русия дар Осиёи Миёнаро барои корҳои ақибгоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват мекарданд. Русия, ки дар ҷанги якуми ҷаҳон аз тарафи эътилофи Антанта ҳамроҳ бо Бритониёву Фаронса алайҳи Олмон ва Австро-Венгрия меҷангид, ба нирӯи инсонӣ сахт эҳтиёҷ пайдо карда буд ва мехост, ин ниёзашро аз ҳисоби сокинони маҳааллии Осиёи Миёна таъмин кунад.

Аммо даъвати аҳолии маҳаллӣ ба эътирозҳо ва дар ниҳоят ба исёнҳои мусаллаҳона дар вилоятҳои «русӣ»-и Осиёи Миёна – Туркистон, Степной Край ва Семиречйе овард.

Ин исён аз эътирози сокинони Хуҷанд дар таърихи 17 июл (бо тақвими пешина – 4 июл)-и соли 1916 оғоз ёфт. Мақомоти Русияи подшоҳӣ дар Хуҷанд тақрибан 2000 мардони аз 19 то 42-соларо барои даъват ба хидмати ҳарбӣ рӯйхат карданд.

Сокинони маҳаллӣ, ки аз тарзи таҳияи ин рӯйхат ва ба хидмат ҷалб шудани танҳо мардуми камбағалу бесоҳиб норозӣ буданд, ибтидо дар назди манзили раиси пулис ҷамъ шуда, лағви ин рӯйхатро талаб карданд. Вақте талаби онҳо пазируфта нашуд, мардуми норозӣ бо пулис даргир шу два даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Дар пайи ошӯби Хуҷанд мардум дар шаҳрҳои дигари вилоятҳои марбут ба Русия дар Осиёи Миёна исён бардоштанд. Дар ҷараёни саркӯби ин исёнҳо, ки то моҳи октябри соли 1916 давом кард, бино ба ҳисобҳо, даҳҳо ҳазор нафар аз ҳарду тараф ҷон бохтанд.

Пиромуни сабабҳо ва сабақҳои исёни соли 1916 мусоҳибаи ихтисосие дорем бо муаррихи маъруфи тоҷик Камол Абдуллоев.

Радиои Озодӣ: Ин исён кай ва ба кадом шакл рух дод?

Камол Абдуллоев

Камол Абдуллоев

Камол Абдуллоев: Ин як ҳодиса не, балки чанд мавриди алоҳидаи эътирозҳои худҷӯши хушунатомез буд. Пештар аз ҳама дар Хуҷанд рӯзи 4 июли соли 1916 сар шуд. Баъдан дар байни ҳамагӣ чанд ҳафта вилоятҳову шаҳрҳои дигарро фаро гирифт. Ошӯбҳо дар Ҷиззах ва бахусус дар сарзаминҳои қазоқу қирғизнишини Семиречйе (Ҳафтрӯд) табиати хеле бераҳмона гирифтанд ва ҳамроҳ бо қатли ом аз ҳарду тараф анҷом шуданд. Ба сурати умум дар ҷараёни ошӯбҳо ҳудуди 300 ҳазор нафар аз аҳолии «ғайр», яъне маҳаллӣ ва 3-4 ҳазор аз русҳо кушта шуданд. Таносуб, тавре мебинед, 1 ба 100 аст. Ин исён дар Хуҷанд хусусияти барҷастаи қавмӣ надошт, қурбонӣ зиёд набуд ва исён ҳам хеле ба зудӣ фурӯ нишонда шуд. Ба фарқ аз Ҳафтрӯд, дар шимоли Тоҷикистон русҳои кӯчондашудае, ки заминҳои ҳосилхезро аз аҳолии маҳаллӣ гирифтанд, набуданд. Аз ин рӯ, далели низои қавмӣ ҳам вуҷуд надошт. Дар Хуҷанд ҳадафи асосӣ маъмурияти Русия подшоҳӣ ва мансабдорони маҳаллии он, новобаста ба миллаташон, буданд.

Радиои Озодӣ: Исён танҳо дар Хуҷанд, ки таври маълум, тобеи империяи Русия буд, доир шуд ваё дигар вилоятҳои тоҷикнишинро ҳам фаро гирифт?

Камол Абдуллоев: Исён дар Туркистон ба аморати Бухоро ҳам, ки расман ба империяи Русия намедаромад, вале як вассали гапдарои Русия буд, доман паҳн кард. Амири Бухоро Олимхон дар моҳи декабри соли 1915 унвони генерал-лейтенант дар лашкари казакҳои Терро ба даст овард. Ӯ шахсан Русияро барои ҳимоят дар ҷанг бо пул кумак мекард. Бар изофа, ӯро маҷбур карданд, ки аҳолии Бухороро андози ҷанг бандад, ки миёншикан буд. Дар посух тоҷикҳои сокини аморат исён бардоштанд. Ин исён бавижа дар Қаротегин ва Қӯрғонтеппа хеле шадид буд.

Радиои Озодӣ: Сабабҳои исёни соли 1916 чӣ буд?

Камол Абдуллоев: Ҷанги якуми ҷаҳон, ки Русия соли 1914 даргираш шуд, харҷи то рафт бештару бештар талаб мекард, ки бораш ба дӯши андозсупорандаҳо гузошта мешуд. Ҳамчунин лашкарҳои навбанав ва коргарони навбанав барои таъмини эҳтиёҷоти ҷанг зарур мешуд. Ҷанг тамоми захираҳоро мехӯрад ва рақобатро барои дастрасӣ ба ин захираҳо шадидтар мекунад. Ин ба навбати худ дар ҷомиаҳои даргири ҷангҷӯиҳо ва муборизаҳо барои захираҳои рӯ ба коҳиш оварда ба таври ногузир боиси муносибатҳои шадиди байни қавмҳо ва низоъҳои қавмӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Аммо табиати исёни соли 1916 чӣ гуна буд? Ин исён алайҳи русҳо буд?

Камол Абдуллоев: Дар таърихшиносӣ чунин баҳогузорӣ ҳам ҳаст. Бисёриҳо ҳатто бар инанд, ки ҳаракати босмачигарӣ, ки ду сол баъд шурӯъ шуд, аз ҳамин исёни соли 1916 реша мегирад. Ман бо ин розӣ нестам. Ба назари ман, ин як шӯриши маъмулии зидди мустамликадорӣ буд. Исёне, ки на алайҳи Русия, балки алайҳи сиёсати салтанатҷӯёнаи кӯтоҳбинона, балки ҳатто ҷинояткоронаи ҳукумати подшоҳӣ буд. Баъди тасарруфи Осиёи Миёна, ҳукумати русҳо дар минтақа ба дасти низомиҳо супурда шуда буд. Онҳо ба деҳқонон ва кӯчманчиён бо нафрат нигоҳ мекарданд ва онҳоро ифротиёни ҷомапӯш (фанатики-«халатники») ном мебурданд. Равшанфикрони маҳаллӣ аз миёни ҷадидонро, ки тарафдори Русия буданд ва азм доштанд, ки дар ҷанг аз Русия пуштибонӣ кунанд, як хатари боз ҳам бузургтар мешумурданд. Мақомоти рус аҳолии маҳаллиро ба зидди худ гардонда, он гурӯҳҳои хурдеро ҳам, ки мехостанд аз Русия ҳимоят кунанд, аз худ дур кард. Ба ақидаи ман, агар ҳукумати подшоҳӣ шароити минтақаро каме хубтар медонист ва ба элитаҳои он эҳтиром қоил мешуд, Русия метавонист нафақат аз ин исён пешгирӣ кунад, балки ҳатто аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ як дивизия ихтиёриёнро ҷамъ оварад. Мисли дивизияе, ки дар Қафқоз ташкил шуд. Дар асл чунин шуд, ки ҳатто онҳое, ки азми рафтан ба ҷангро доштанд, аз фармони подшоҳ озурда шуданд. Чунки ба онҳо на дифоъ аз «Николай-пошшо» бо шамшер дар дасту ҷанг дар майдон пешниҳод мешуд, балки танҳо бел барои кандани хандақ. Омодагии ин мардум барои дифоъ аз Русия бо силоҳ аз сӯи ҳукумати подшоҳӣ қадр нагардид. Гузашта аз ин, ҳавлу ҳавои ҷангҷӯёнаро афзоиши шовинизм ва бадбиниву адоват нисбат ба мардуми «ғайр» ҳамроҳӣ мекард.

Радиои Озодӣ: Бо гузашти камтар аз як сол аз исён дар Осиёи Миёна империяи Русия ҳам суқут кард. Шуумо байни ҳаводиси тобистони соли 1916 ва ҳаводиси соли 1917 робитаҳоеро мебинед?

Нимпайкараи Ходими Ҷамолак дар Хуҷанд

Нимпайкараи Ходими Ҷамолак дар Хуҷанд

Камол Абдуллоев: Дар асл, исёни соли 1916 алайҳи ҳукумати подшоҳӣ ва ширкат дар ҷанги империалистӣ буд. Шӯришгарон, бахусус дар Хуҷанд, алайҳи худсариҳои режими подшоҳӣ, ки дар инҷо аз он маъмурияти русҳо ва мансабдорони маҳаллӣ намояндагӣ мекарданд, исён бардоштанд. Маҳз замин эътироз алайҳи режими пӯсидаи подшоҳиро баъди як сол сарбозону коргарон идома дода, ибтидо подшоҳ ва сипас ҳукумати муваққатиро сарнагун карданд. Инқилоби Октябр бо ризоияти хомӯшонаи заҳматкашони тоҷику узбак ва қазоқу қирғиз сурат гирифт. Аксари сокинони Осиёи Миёна ҳукумати Шӯравиро маҳз барои он пазируфтанд, ки он аз ҳукумати подшоҳӣ ба таври назаррас фарқ мекард. Сиёсати зидди мустамликадории болшевикҳо дар ниҳоят нафақат Осиёи Миёнаро дар меҳвари нуфузи Русия нигоҳ дошт, балки Афғонистон, Ҳинд, Эрон ва Туркияро ҳам ба сӯи Русия моил кард.

Ёдовар мешавам, ки даъвати тоҷикҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна ба Артиши Сурх танҳо аз соли 1939 шурӯъ шуд ва нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Осиёи Марказӣ Неъмат Қаробоеви тоҷик буд, ки алакай дар ҳамон соли 1939 дар ҷанг бо Финландия ба ин унвон даст ёфт ва баъд аз ҷароҳатҳои солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ бардоштааш даргузашт. Албатта, даъват ба хидмат дар соли 1916 аз соли 1941 фарқ мекунад. Халқҳои Осиёи Миёна, ки даъвати соли 1916-ро бо хашм рад карданд, дар соли 1941 бо азм ба ҷанг рафтанд. Ширкати оммавӣ ва қаҳрамониҳои ин мардум дар сангарҳои Ҷанги бузурги ватанӣ нишон дод, ки генералҳои Русияи подшоҳӣ, ки мегуфтанд, аз «сартҳо» ва кӯчманчиҳои Осиёи Миёна ҳамчун ҷанговар сӯде нест, ҳақ набудаанд. Русияи подшоҳӣ тоҷикҳову узбакҳо, қазоқҳо ва қирғизҳоро танҳо барои кандани хандақҳо мувофиқ медонист ва муносибаташро бо онҳо бар асоси тобеъ кардан, маҳрумият аз ҳуқуқ ва нобаробарии динӣ сохта буд.

Радиои Озодӣ: Бархе исёни соли 1916-ро ба ҳаракати босмачигарӣ рабт медиҳанд. Ин то куҷо асос дорад?

Камол Абдуллоев: Таърихи Осиёи Миёнаи даврони мустамликадорӣ ва даврони аввали ҳукумати Шӯравӣ хеле чандҷониба, мураккаб ва пуртаззод аст. Ҳамкории мақомоти Русияи подшоҳӣ ва баъдҳо – мақомоти Шӯравӣ бо ҷамъиятҳои маҳаллӣ бо печидагиҳои боз ҳам бештараш фарқ мекунад. Равиш ва рушди ин муносибатҳоро омилҳо ва бозигарони зиёд, аз ҷумла худи халқҳои минтақа муайян мекарданд. Вале ин ҷамъиятҳои маҳаллӣ низ яксон набуданд, хеле ҷудову пароканда буданд, аз ҷумла дар масъалаи садоқат ба империя ва муносибат ба русҳо. Чӣ расад ба мавзӯи хидмати ҳарбӣ барои Русия? Ба ин далел, вокуниши халқҳои Осиёи Марказӣ ба даъвати соли 1916, баъдан – ба инқилоби соли 1917 ва ҳаракати босмачигарии солҳои 20 яксон нест, балки таносуби нирӯҳо ва манфиатҳоро, ки дар он даврон ҳосил шуда буд, мунъакис мекунад.

Радиои Озодӣ: Чӣ сабақҳое дод исёни соли 1916?

Камол Абдуллоев:Русия ин ҷанг алайҳи мусалмонони Осиёи Миёнаро бурд, вале дар баҳои талафоти бузург. Дар ниҳоят ба сурати умум аз инҷо 100 000 нафарро ба хидмат ҷалб карданд, ҳол он ки нақшаашон 5 маротиба бештар аз ин буд. Аз ин ҷалбшудаҳо низ сӯди зиёде ба даст наомад. Онҳо хидмат ба Русияро ҳамчун ҷазо қабул карданд, мариз мешуданд, аз сардиву гуруснагӣ мемурданд. Ҳазорон нафарро ба иллати маризӣ ва маъюбӣ маҷбур шуданд, ки ақиб фиристанд.

Вале талафоти аз ҳама бузургтар талафоти сиёсӣ буд. Саркӯби ошӯб ба таҳкими ҳукумати подшоҳӣ дар минтақа мусоидат накард.

Империяи Русия ҳоло барои ҳамеша моли таърих шудааст. Он ҳампешагони ман, ки дар бораи таърихи империя менависанд, бояд эътироф кунанд, ки низоми ҷорикардаи он барои мардумоне, ки тобеи худ гардонданд, бадбахтиҳои зиёде овард. Онҳо бояд ба ин далел, афзудани оҳангҳои зидди мустамликадорӣ дар асарҳои муаррихони ин минтақаро ба инобат бигиранд. Вале инҳо ҳам, ки ин таърихро аз дидгоҳи миллии худ менависанд, бояд аз тасвири якҷониба ва манфии Русия ҳамчун «зиндони залқҳо» ва «империяи бадӣ» худдорӣ кунанд.

Охирин подшоҳи Русия Николайи Ду

Охирин подшоҳи Русия Николайи Ду

Ба сурати умум, бояд ҳодисаҳои 100 соли пешро аз ин дидгоҳ дид, ки Осиёи Миёна батадриҷ аз мавқеи як мустамликаи тобеъ берун мешуд. Ин исён ҳукумати подшоҳиро ғафлатгир кард, онҳо аслан аз сӯи ин мардуми «ғайр»-и барояшон беарзиш чунин вокунишро интизор надоштанд. Ҳаводиси соли 1916 на бо майли подшоҳ, балки бо майли худи мардум пеш рафт. Мардум барои 4 моҳ ба қомати худ рост шуд ва аз як субъекти «ғуломи ҳалқабаргӯш» ва хомӯш ба субъекти мустақил ва тавонои як ҳодисаи таърихӣ табдил ёфт. Онки байни мусалмонони Осиёи Миёна ваҳдат вуҷуд надошт, наметавонад ин воқеиятро ботил кунад, ки дар дар соли 1916 ин минтақа роҳи мушкили худ ба сӯи озодиро оғоз кард, вале империяи Русия баракс пой ба варта гузошт ва дуруст як сол баъд аз саркӯби ошӯбҳои соли 1916 комилан фурӯ пошид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG