Пайвандҳои дастрасӣ

Якуми май агарчи дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст, аммо чанд сол ба ин сӯ бидуни тантанаҳои вижа мегузарад.

Аммо дар ёди афроде, ки дар Шӯравӣ ба сар бурдаанд, ин як иди вижа ва пуршукӯҳе буд, ки давлат дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳамраъйии меҳнаткашони ҷаҳон таҷлил мекард.
Дар кӯчаҳои Душанбе овезаҳои хоси иди якуми май ба назар мерасанд, аммо таваҷҷӯҳи вижае на аз сӯи мақомот ва на аз сӯи мардум эҳсос намешавад...


Акбар, сокини 52-солаи Душанбе, мегӯяд: "Ин як иди ҳақиқӣ буд. Тамоми мардум онро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Парад мешуд. Корхонаҳо ба алоҳидагӣ ба ҷашнгоҳ меомаданд. Дар даст шиору аксҳои раҳбарон аз кӯчаи марказии шаҳр мегузаштанд. Рӯзи хуб буд. Акнун, ки чанд сол боз таҷлил намешавад, ин идро фаромӯш кардаем."



"ЯКУМИ МАЙРО НАМЕДОНЕМ..."

Аммо насли наве, ки дар замони истиқлол ба воя расидааст, аз ин ид танҳо шунидааст. Ҷасур, як донишҷӯ мегӯяд: "Мо дар замони истиқлолият таваллуд шудем ва ба воя расидем. Дар бораи 1 май аз волидайнамон шунидаем. Ҳоло барои мо аҳамият надорад, ки чӣ ид буд."

Мактабиён дар бораи ин ид, ҳатто ҳамчун иди ҷаҳонии меҳнат низ тасаввуроте надоранд. Илҳом, хонандаи яке аз мактабҳои Тоҷикистон гуфт:
"Якуми майро мо намедонем, дар борааш ҳам нахондаем ва касе ҳам ба мо нақл накардааст."

Дар ҳоле ки вижагиҳои Якуми май дар замони Шӯравӣ аз ёди мардум зудуда мешавад, танҳо Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз ворисони КПСС онро ҷашн мегирад ва ҳатто ҳамчун Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон, ки дар замони Шӯравӣ маъмул буд.

ЯКУМИ МАЙ ВА КОММУНИСТҲОИ ТОҶИКИСТОН

Исмоил Талбаков, намояндаи Ҳизби коммунист дар Маҷлиси Намяондагон
Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунист мегӯяд, агарчи имкони баргузории раҳпаймоиеро дар ягон гӯшаи кишвар надоштанд, аъзои ҳизб дар саросари Тоҷикистон маҷлису маҳфилҳо оростанд.

Вай афзуд, омодагиҳо ҳанӯз як ҳафтаи қабл ҳангоми пленуми навбатии ҳизб шурӯъ шуда буд: "Дар баробари дигар масъалаҳо, аз ҷумла даъвати Анҷумуни навбатии ҳизб, ду масъалаи дигар - таҷлили рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин ва иди байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашони ҷаҳон баррасӣ шуд. Як қатор чорабиниҳо баррасӣ шуданд. Ба намояндагони шаҳру навоҳӣ ва вилоят супориш дода шуд, ки бо назардошти имконоти мавҷуда ин маъракаи муҳими сиёсиро қайд кунанд."

Ҷаноби Талбаков гуфт, субҳи рӯзи Якуми май дар қароргоҳи ҳизб дар Душанбе аъзои Кумитаи Марказӣ ҷамъ омада, дар оғоз тамоми созмонҳои шаҳриву навоҳӣ ва сипас аҳзоби коммунисти кишварҳои собиқ шӯравиро бо ин ид табрик кардаанд.

"КАМРАНГ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД"

Якуми май бо номҳои гуногун - Рӯзи кор, Рӯзи баҳор ва Рӯзи баҳору меҳнат дар 142 кишвари ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон дар қатори дигар идҳо, аз қабили Иди занон, ҳангоми салтанати Шӯравӣ ба феҳристи идҳо ворид шуд, вале акнун хеле камранг таҷлил мешавад.

Дар кӯчаҳои Душанбе ҷо - ҷо овезаҳои хоси ин ид ба назар мерасанд, аммо таваҷҷӯҳи вижае на аз сӯи мақомот ва на аз сӯи мардум ба иди Якуми май эҳсос намешавад.

Коршиносон мегӯянд, Якуми май ба чӣ ҷомае, ки пӯшида нашавад, ҳамоно як арзише боқимонда аз Шӯравӣ пазируфта хоҳад шуд. Ба қавли онҳо, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири шустани худ аз арзишҳои Шӯравӣ ва ҳамзамон норозӣ накардани мардуми содиқ ба ақидаҳои коммунистӣ ин идро аз як сӯ ҳифз кардааст, вале ба гунае, ки ҳатто лағв шавад, кам касе барояш ғам хоҳад хӯрд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG