Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони азои миллӣ ба хотири ҳалокати 14 муҳоҷири қирғиз. АКСУ ВИДЕО


Қирғизистон рӯзи 29-уми август ба хотири ҳалокати чордаҳ муҳоҷираш дар сӯхтори анбори чопхона дар пойтахти Русия азо хоҳад гирифт.

Қарори рӯзи мотами миллӣ бегоҳи якшанбе аз сӯи Алмосбек Отамбоев имзо шуд ва дар он гуфта шудааст, ки дар тамоми намояндагиҳои расмии ин кишвар дар хориҷа низ парчами Қирғизистон поин оварда шавад. Мақомоти расмии Қирғизистон муваззаф шудаанд, ки ба хонаводаи қурбониён кумак кунанд. Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ҳалокати 14 муҳоҷири қирғиз дар Русия замоне иттифоқ афтод, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Бишек-Ӯш низ 9 нафар ҷон бохта ва ин андӯҳро барои мардуми кишвар гаронтар кардаанд.

Талаби Бишкек аз Маскав

Ҳоло ҳукумати Қирғизистон талаб дорад, ки ҷониби Русия бо баргузории ташхиси техникии мустақил сабабҳои сӯхтор дар анбори чопхонаро рӯшан кунад. Гулмира Худойбердиева, ноиби нахуствазири ин кишвар дар як маросими ёдбуд дар Бишкек гуфт, Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев ҷузъиёти ин ҳодисаро баррасӣ кардаанд.

Рӯзи 27-уми август дар анбори чопхонае дар Маскав сӯхтор сар зад ва дар пайи он 17 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ҷон бохтанд. Дар рӯйхате, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ нашр кард, аксари қурбониёни ин ҳодиса духтарони аз 18 то 26-сола ҳастанд. Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли манобеи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки чаҳор шаҳрванди дигари он кишвар ба бемористон интиқол дода шудаанд ва вазъи онҳо низ вахим мебошад.

Мо барои рафтан омода шудем, ки ҳамин вақт касе омад ва гуфт, сӯхтор сар зад ва дар ошхона аллакай дуд ба мушоҳида мерасид.

​Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия гуфтааст, ҳамаи ҳалокшудаҳо дар ҳуҷраи маҳкам қарор доштанд ва барои берун овардани онҳо наҷотдиҳандагон маҷбур буданд, ки деворҳоро шикофанд. Ба қавли манобеи вазорат, ин афрод аз дуди ғализ нафасгир шудаанд.​

Белек, як муҳоҷири қирғиз, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, оташ зуд ба тамоми бино паҳн шуд ва ҳама аз ин ҳодиса дар ҳолати «шок» қарор доранд. Ба қавли ӯ, дар ин матбаа асосан духтарҳо кор мекарданд, ки тақрибан 70 дарсадашон шаҳрвандони Қирғизистон будаанд. Белек мегӯяд, муддати тӯлонист дар ин матбаа кор мекунад ва хабарҳоро дар бораи гӯё дар хоб мондани кормандони ин матбаа нодуруст номид. Ӯ гуфт, "онҳо духтарони ҷавон буданд ва ҳатто яке аз онҳо ҳомила буд." Сайқал Умарбек-қизӣ, ки дар ин матбаа кор мекард, гуфт, ҳангоми сӯхтор тавонистааст, худро аз алангаи оташ наҷот диҳад.

Вай гуфт, "мо дар ошёнаи чорум кор мекунем. Соати 7:50 усто гуфт, ки метавонем биравем. Мо барои рафтан омода шудем, ки ҳамин вақт касе омаду гуфт, ки сӯхтор сар зад ва дар ошхона аллакай дуд ба мушоҳида мерасид. Мо ҳамроҳи усто давидем."

Раҳбари идораи ҳолатҳои фавқуллодаи Маскав ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, ки иллати ин сӯхторро дақиқ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, сабаби сӯхтор фонуси барқӣ дар яке аз анборҳои бино будааст, ки дар онҷо маводи зудоташгиранда ва коғаз мавҷуд аст. Ба қавли манбаъ, анбор бо таҷҳизоти зидди сӯхтор муҷаҳҳаз буд ва ҳангоми сӯхтор ба кор даромад, аммо ба наҷотдиҳандагон зарур омадааст, барои берун кашидани ҳалокшудагон деворҳоро шикофанд.

Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва таҳқиқ идома хоҳад кард.

Шоҳидон дар бораи сӯхтори Маскав. Видео бо забони русӣ:

Соли гузашта дар бораи ҳалокати муҳоҷиронии кори тоҷик дар чанд сӯхтор дар Русия хабар расида буд. Оташсӯзии шаби 11 марти соли гузашта дар бузургтарин бозори шаҳри Қазон “Адмирал” мунҷар ба ҳалокати ба камияш 6 шаҳрванди Тоҷикистон шуда буд. Дар ин ҳодиса дар маҷмӯъ 17 нафар ҷон бохта буданд.

Як моҳ пеш аз ин дар сӯхторе дар Волгоград ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Сӯхтори шаби 10 феврали соли гузашта вагонеро, ки ҷои хоби ду тоҷик буд, ба коми худ кашидааст. Ба гуфтаи мақомот, сабаби сӯхтор зоҳиран истифодаи нодурусти бухории барқӣ буда, ҷасади сӯхтаи мардикоронро субҳ пайдо кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG