Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамагӣ 400 ҳазор рубл - барои марги 3 мардикори тоҷик


Маҷтамаи истиқоматии "Фламинго", ки коргарони тоҷики ҳалокшуда месохтанд

Маҷтамаи истиқоматии "Фламинго", ки коргарони тоҷики ҳалокшуда месохтанд

Ширкати русии “Капстрой” ба се коргари тоҷики дар ҷои кор ҳалокшудааш ҳамагӣ 400 ҳазор рубл, муодили тақрибан 5900 доллар ҷудо кардааст.

Ширкати сохтмонии “Капстрой”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои се коргари тоҷикаш, ки шоми 14 апрел аз қабати 14-уми як сохтмон афтода, ҷон бохтанд, ҳамагӣ 400 ҳазор рубл, муодили тақрибан 5900 доллар ҷудо кардааст. Ин баробари нархи ҳамагӣ панҷуним метри мураббаъ манзил дар маҷтамаи “Фламинго” – маҳалли ҳалокати ин се коргар буда, ба ҳар коргари ҳалокшуда камтар аз 2000 долларро ташкил медиҳад.

Ҷасадҳои ин се коргарро рӯзи 17 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Душанбе фиристодаанд ва ҳарсеро алакай дар зодгоҳашон – Исфара – ба хок супурдаанд.

Манучеҳр Ҳамзаев, намояндаи консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург рӯзи 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: “Албатта, 400 ҳазор пули кам аст. Бар илова, сафорату намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кумак карданд, тоҷикони Петербург пул ҷамъ карданд барои наздикони ин се муҳоҷире, ки аз даст додем. Ҷасадҳояшонро бояд аз Душанбе ба Хуҷанд мефиристодем, вале наздиконашон аз фурудгоҳи Душанбе гирифта, рост ба Исфара бурдаанд ва ҳамонҷо дафн кардаанд.”

Кумитаи тафтишоти Русия дар ҳоли ҳозир таҳқиқи қазияи марги ин се коргари тоҷики ширкати “Капстрой”-ро бо гумони “вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, ки боиси марги ду нафар ё бештар аз он шудааст” идома медиҳад. Банди сеюми моддаи 216-уми Кодекси ҷиноии Русия барои чунин қонуншиканӣ ҳамчун ҷазо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то 5 сол ваё то 7 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аммо дар ширкати “Капстрой” қаблан ба Озодӣ гуфтанд, ки ин як ҳодисаи нохуш буд ва мардикорони тоҷик “ба иллати беэҳтиётии худашон” ҳалок шудаанд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, агар таҳқиқоти Кумитаи тафтишот гунаҳкор будани ширкати сохтмонӣ дар марги мардикоронашро собит кунад, наздикони коргарони ҳалокшуда метавонанд бо даъвои шаҳрвандӣ тавассути додгоҳ аз ин ширкат товон талаб кунанд.

Сохтмони маҷтамаи "Фламинго" - маҳалли ҳалокати се муҳоҷири тоҷик

Сохтмони маҷтамаи "Фламинго" - маҳалли ҳалокати се муҳоҷири тоҷик

Се муҳоҷири ҷавон аз Исфараи Тоҷикистон - Мардонов Аёмиддини 23-сола, Ҳасан Сиддиқовичи 24-сола ва Файзиев Хушбахтҷон Неъматҷоновичи 22-сола шоми 14 апрел бар асари як фалокати фаннӣ дар сохтмони баландошёнае дар хиёбони Маршалл Блюхер, 11-и шаҳри Санкт-Петербург аз қабати 14-ум афтода, ҳалок шуданд. Гуфта мешавад, ки мардикорони тоҷик дар қабати 14-уми сохтмони маҷтамаи истиқоматии “Фламинго” хишт мечиданд, вале баногоҳ тахтаи зери пои онҳо шикастааст ва ҳарсе аз баландии тақрибан 40 метр ба замин сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд.

Марги ин се муҳоҷир дар Петербург нахустин мавриди ҳалокати муҳоҷирони кории тоҷик ба иллати фалокатҳои фаннӣ дар сохтмонҳову корхонаҳои Русия нест. Тақрибан ҳар рӯз аз ин кишвар дар бораи ҳалок ё захмӣ шудани муҳоҷирони тоҷик дар ҷои кор гузоришҳо нашр мешаванд.

Дуруст рӯзи 14 апрел, дар рӯзе ки 3 муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург ҳалок шуданд, дар шаҳри Воронеж, дар қабати 13-уми сохтмони “Галерея Чижова” ҷасади як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистонро пайдо карданд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин мардикор, ки ҳамагӣ 19 сол доштааст, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз як қабати болотар афтодааст.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳамин сохтмони “Галерея Чижова” дар Воронеж як сантехники 42-солаи тоҷик ба шахтаи лифт афтода, ҷон бохт.

Рӯзи 29 март бар асари сӯхтор дар хобгоҳи муваққати як сохтмон дар шаҳри Сургути Русия се мардикори тоҷик ҳалок шуданд.

Рӯзи 23 март ду муҳоҷири тоҷик дар шаҳраки Кудровои назди Санкт-Петербург аз қабати 17-уми сохтмон ба шахтаи лифт афтода, ҳалок шуданд. Моҳи январ дар айни чунин ҳодиса дар шаҳри Маскав як мардикори 21-солаи тоҷик ҳалок ва якеи дигар захмӣ шуданд.

Рӯзи 3 март як коргари дигари тоҷик низ дар шаҳраки Кудрово аз қабати 8-уми бино афтода, ҷон дод.

Гуфта мешавад, бепарвоии ширкатҳои сохтмонӣ ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳо дар сохтмонҳои баландошёна дар Русия як сабаби аслии чунин мавридҳои сершумори ҳалокати коргарон дар ҷои кор мебошад.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф ҷон медиҳанд. Иллати марги тақрибан сеяки онҳо фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор гуфта мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG