Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як зан бо сари буридаи кӯдак дар Маскав


Пулиси Русия рӯзи 29 феврал як зани зодаи Узбакистонро, ки бо сари буридаи кӯдак ва нидои "Аллоҳ Акбар!" дар назди истгоҳи метрои Маскав зоҳир шуд, дастгир кардааст.

Пулиси Русия рӯзи 29 феврал як занро, ки бо каллаи буридаи як кӯдак дар назди истгоҳи метрои “Октябрское поле”-и шаҳри Маскав зоҳир шуд, дастгир кардааст. Ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, “Аллоҳ Акбар!” гӯён нидо мекард ва каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод. Баъди чанд лаҳза пулис ин занро ба замин хобонда, дастгир кард.

Пулиси Русия мегӯяд, ҳуввияти ин занро мушаххас кардааст ва ӯ Гулчеҳра Бобоқулова ном дошта, аз Узбакистон будааст. Матбуоти Русия мегӯяд, ки ин зан 39 сол дошт ва барои нигоҳубини кӯдаке бо номи Настя М., ки ҳоло ба қатли мудҳишаш айбдор мешавад, истихдом шуда буд.

Хабарнигори радиои Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор аз назди истгоҳи метрои Октябрское поле гузориш медиҳад:

Ба гуфтаи пулис, баъди боздошт ин занро барои анҷоми ташхиси равонӣ фиристодаанд. Ин зан ҳоло ба куштори мудҳишу бесобиқаи духтари чорсола, ки сокинони Русияро такон дод, айбдор мешавад.

Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, шунида мешавад, ки ин зан бо забони русӣ, вале бо лаҳни хоси зодагони Осиёи Марказӣ фарёд мезанад. Ин зан бо ин таҳдид, ки ӯ бомбгузори маргталаб аст, аз ҷумла мегуфт: “Ман террористам. Ман мемирам, вале ҳамаи шумо ҷазо хоҳед дид.”

Пулиси Русия тасдиқ кард, ки Гулчеҳра Бобоқулова дар дасташ каллаи як кӯдаки чорсолаи русро, ки ӯ барои нигоҳубинаш истихдом шуда буд, алвонҷ медод.

Ҷасади бесареро, ки бовар мебарад, ҷасади ҳамин кӯдак бошад, субҳи 29 феврал сӯхторнишонҳое, ки барои фурӯ нишондани сӯхтор дар манзили ин кӯдак дар Маскав даъват шуда буданд, пайдо кардаанд.

Идораи маҳаллаи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, бовар меравад, ки дояи кӯдак то замони аз хона рафтани волидон ва писари калонии онҳо мунтазир шуда, сипас кӯдакро мекушад ва хонаро оташ мезанад.

Ба навиштаи нашрияи “Комсомолская правда”, Гулчеҳра Бобоқулова ҳангоми алвонҷ додани каллаи кӯдак ҳамчунин гуфтааст, ки “ман ба демократия нафрат дорам.” Як шоҳид ба ин нашрия гуфтааст, ки ӯ ва шоҳидони дигар ибтидо гумон карданд, ки ин зан дар дасташ шояд каллаи ягон лӯхтакро дорад. Ба гуфтаи ин шоҳид, Бобоқулова гуфтааст, “онҳо кӯдаки маро куштанд, ман ҳамаи шуморо метарконам.”

Пулис истгоҳи метрои “Октябрское поле”-ро барои эҳтиёт баст, вале дар тани зани боздоштшуда ягон навъ маводи тарканда пайдо накард. Пулис дар ҳоли ҳозир фарзияи терроризмро низ дар ин қазия таҳқиқ мекунад.

LifeNews, як расонае ки бо равобити наздикаш бо мақомоти интизомии Русия маъруф аст, мегӯяд, ки вақте пулис ин занро барои тафтиши аснодаш манъ кард, ӯ аз сумкааш каллаи кӯдакро берун кашида, фарёд кашид, ки ӯ ин кӯдакро куштааст.

Вазорати корҳои дохилаи Русия аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ мекунад.

Кӯдаки кушташуда, бино ба хабарҳо, мушкили рушд дошт ва роҳ гашта наметавонист. Бино ба гузоришҳо хонаводаи ин кӯдак, иборат аз худи ӯ, волидон ва бародари 15-солааш аз вилояти Орёл дар ғарби Русия буда, дар Маскав иҷора менишастанд.

Гуфта мешавад, модари ин кӯдак, ки дар як мағозаи либосҳои арӯсӣ кор мекард, баъди шунидани қатли ваҳшиёнаи фарзандаш ба бемористон интиқол дода шудааст. Падари кӯдак корманди ффаннии як ширкати телефонҳои мобил будааст.

Волидони кӯдак ба пулис гуфтаанд, ки ин занро 18 моҳ қабл барои нигоҳубини ӯ истихдом карда буданд.

Ҷангҷӯёни исломӣ аз минтақаи Қафқози шимолии Русия дар ду даҳсолаи охир дар Маскав чандин бомбгузориву ҳамлаҳои хунин анҷом додаанд, вале чунин куштори мудҳиши як кӯдаки чорсола бори аввал иттифоқ меуфтад.

Ин куштор дар пасманзари афзоиши нигаронриҳо аз ҳамлаҳои эҳтимолии ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ дар Русия рух дод. Як манбаи такмили сафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва Қафқозанд, ки ба ҷустуҷӯи кор ба Русия меоянд.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG