Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги 3 мардикори тоҷик


Сохтмони маҷтамаи "Фламинго" - маҳалли ҳалокати се муҳоҷири тоҷик

Сохтмони маҷтамаи "Фламинго" - маҳалли ҳалокати се муҳоҷири тоҷик

Дар як сохтмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷик аз қабати 14-уми бино афтода, ҳалок шудаанд. Онҳо ҳамаӣ аз 21 то 24 сол доштанд.

Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар дод, ки дар робита ба ҳалокати се мардикори тоҷик дар як сохтмони ин шаҳр бар асоси қисми сеюми моддаи 216-уми Кодекси ҷиноии Русия (вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Се муҳоҷири ҷавони тоҷик шоми 14 апрел бар асари як фалокати фаннӣ дар сохтмони баландошёнае дар хиёбони Маршалл Блюхер, 11-и шаҳри Санкт-Петербург ҳалок шуданд. Гуфта мешавад, ки мардикорони тоҷик ҳангоми иҷрои корҳои бандубаст аз қабати 14-уми бино афтодаанд. Муҳоҷирони ҳалокшуда яке ҳамагӣ 21, якеи дигар 22 ва севумӣ 24 сол доштаанд.

Ин муҳоҷирони тоҷик дар ширкати “Капстрой” кор мекарданд. Ин ширкат дар хиёбони Блюхери Санкт-Петербург маҷтамаи истиқоматии наверо бо номи “Фламинго” бунёд мекунад.

Намояндаи ширкати “Капстрой” рӯзи 14 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари марги се коргари ин ширкат дар сохтмони маҷтамаи истиқоматии "Фламинго"-ро тасдиқ кард. Вале ин ҳамсӯҳбати Озодӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, “ин як ҳодисаи нохуш буд, ки ба иллати беэҳтиётии худи коргарон рух додааст.”

Дар шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Калинини шаҳри Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин қазия мавриди санҷиш қарор дорад. Муфаттишон аз ҷумла то куҷо риоя шудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳо дар сохтмонҳои баландошёнаро таҳқиқ мекунанд.

Маҷтамаи истиқоматии "Фламинго", ки коргарони тоҷики ҳалокшуда месохтанд

Маҷтамаи истиқоматии "Фламинго", ки коргарони тоҷики ҳалокшуда месохтанд

Ин нахустин мавриди ҳалокати муҳоҷирони кории тоҷик ба иллати фалокатҳои фаннӣ дар сохтмонҳову корхонаҳои Русия нест. Тақрибан ҳар рӯз аз ин кишвар дар бораи ҳалок ё захмӣ шудани муҳоҷирони тоҷик дар ҷои кор гузоришҳо нашр мешаванд.

Дуруст рӯзи 14 апрел, дар рӯзе ки 3 муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург ҳалок шуданд, дар шаҳри Воронеж, дар қабати 13-уми сохтмони “Галерея Чижова” ҷасади як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистонро пайдо карданд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин мардикор, ки ҳамагӣ 19 сол доштааст, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз як қабати болотар афтодааст.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳамин сохтмони “Галерея Чижова” дар Воронеж як сантехники 42-солаи тоҷик ба шахтаи лифт афтода, ҷон бохт.

Рӯзи 29 март бар асари сӯхтор дар хобгоҳи муваққати як сохтмон дар шаҳри Сургути Русия се мардикори тоҷик ҳалок шуданд.

Рӯзи 23 март ду муҳоҷири тоҷик дар шаҳраки Кудровои назди Санкт-Петербург аз қабати 17-уми сохтмон ба шахтаи лифт афтода, ҳалок шуданд. Моҳи январ дар айни чунин ҳодиса дар шаҳри Маскав як мардикори 21-солаи тоҷик ҳалок ва якеи дигар захмӣ шуданд.

Рӯзи 3 март як коргари дигари тоҷик низ дар шаҳраки Кудрово аз қабати 8-уми бино афтода, ҷон дод.

Гуфта мешавад, бепарвоии ширкатҳои сохтмонӣ ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳо дар сохтмонҳои баландошёна дар Русия як сабаби аслии чунин мавридҳои сершумори ҳалокати коргарон дар ҷои кор мебошад.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф ҷон медиҳанд. Фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор як сабаби умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия шумурда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG