Пайвандҳои дастрасӣ

112 ҳамла алайҳи нирӯҳои Украина дар рӯзи авали оташбас


Асароти ҷанг дар манзили як сокини вилояти Донетск

Асароти ҷанг дар манзили як сокини вилояти Донетск

Украина мегӯяд, нирӯҳояш дар як шабонарӯзи охир 112 маротиба мавриди ҳамла ва тирборони ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор гирифтаанд.

Киев мегӯяд, бо вуҷуди оташбаси эълоншуда нирӯҳои Украина тайи 24 соати охир 112 маротиба аз сӯи ҷудоиталабони тарафдори Русия тирборон шудаанд.

Вазири хориҷаи Украина Павло Климкин рӯзи 16 феврал гуфт, Украина ин оташбасро “пурра” рияо мекунад, вале, ба гуфтаи ӯ, “террористҳо аз Донетску Луҳанск” ҳамчунон даст ба “ҳамлаҳо аз тӯпу мушак ва мушакандозҳои “Град” мезананд.”

Ройтерс аз қавли сухангӯи нирӯҳои мусаллаҳи Украина хабар дод, ки аз замони ба иҷро даромадани оташбас аз нимашаби шанбе ба якшанбе дар шарқи Украина 5 сарбоз кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд.

Задухӯрдҳо ҳамчунон дар атрофи шаҳри Дебалтсево, ки таҳти назорати нирӯҳои давлатии Украина қарор дорад, идома дошта, ҳам Киев ва ҳам ҷудоиталабон ҳамдигарро дар поймол кардани қарордоди оташбас айбдор мекунанд.

Оташбаси ахир бар асоси қарордодест, ки рӯзи 12 феврал дар пайи 16 соат музокироти шадиди раҳбарони Русияву Украина ва Олмону Фаронса дар шаҳри Минск ба имзо расид. Як талаби муҳим ва аввалини ин тавофуқ қатъи ҳар навъ ҳамлаҳои низомӣ аз 15 феврал ва талабҳои дигараш дар марҳалаи дувум аз 17 феврал пардохтан ба берун кашидани силоҳҳҳои вазнин аз минтақаи низоъ ва дар қадами сеюм раҳоии ҳамаи асирон дар давоми се ҳафтаи баъдӣ буд.

Ҳарду ҷониб ҳоло мегӯянд, ба далели идомаи ҳамлаҳо силоҳҳои вазинин худро аз хатти ҷанг берун нахоҳанд кашид. Владислав Селезнёв, сухангӯи низомиҳои Украина гуфт, дар марҳалаи кунунӣ хуруҷи силоҳҳои вазнини артиши Украина ба хотири сохтани минтақаи буферие, ки қарор аст, то 140 километр тӯл бикашад, “ҷои суол надорад.”

Эдуард Басурин, сухангӯи вазорати дифои ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ҳам гуфт: “Агар артиши Украина тирандозӣ ва поймол кардани созиши Минскро бас накунад, нирӯҳои Ҷумҳурии мардумии Донетск силоҳҳои худро берун намекашанд.”

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел ду муовини вазири дифои Русия ва ду вакили порлумони ин кишварро дар баробари 15 тан аз раҳбарони ҷудоиталабҳои Донетску Луҳанск ба рӯйхати сиёҳи онҳое ворид кард, ки аз ҳаққи сафар ба Иттиҳодияи Аврупо маҳрум шуда, ҳисобҳои бонкиаш дар қаламрави ин созмон баста мешаванд. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ин афрод барои “поймол ё таҳдид кардан ба якпорчагӣ, истиқлол ва мустақилияти Украина” таҳти таҳрим қарор мегиранд. Рӯйхати сиёҳи Иттиҳодияи Аврупо акнун 51 шахс ва 37 ниҳоду ширкатро фаро мегирад.

Маскав дар вокуниши билофосилааш ба ин иқдом эълони таҳримоти нав ҳамагӣ як рӯз баъди ба иҷро даромадани оташбаси ҷадид дар шарқи Украинаро хилофи “ақли солим” номид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, Маскав ба ин таҳримот бо эълони таҳримҳои “мутаносиб” посух хоҳад дод.

Оташбаси ҷадид дар шарқи Украина ба хотири поён додан ба низои мусаллаҳонае, ки дар тӯли 10 моҳи охир мунҷар ба ҳалокати қариб 5500 нафар шудааст, ҷорӣ шуд.

Ҷудоиталабон дар вилоятҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафта ва тақрибан нисфи аҳолиашон русзабони Донетск ва Луҳанск моҳи апрели соли 2014, бо илҳом аз тасарруфи як моҳ аз он қабли нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия, низ бо талаби ҷудоӣ аз Киев ошӯб бардоштанд.

Онҳо бо тасарруфи марказҳои маъмурӣ ва қисматҳое аз ин ду вилоят аз таъсиси ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар доданд. Ҷудоихоҳон якбора соҳиби теъдоди бузурги нирӯву тонку тӯпу мошинҳои зиреҳпӯш шуданд ва 10 моҳ боз бо нирӯҳои давлатии Украина ҷангҳои хунинеро пеш мебаранд, ки ба ҳисоби СММ, қариб 5500 кушта ба ҷо гузоштааст. Ҳарду вилояти ошӯбзада бо Русия ҳаммарзанд ва дар Киев мӯътақиданд, ки дар паси ин ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар шарқи Украина маҳз Маскав истодааст ва маҳз Русия ин ҷудоиталабонро бо пулу нирӯву силоҳ таъмин ва аз нигоҳи сиёсӣ пуштибонӣ мекунад. Аммо Русияро ин иттиҳомро ҳамеша рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG