Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.

Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи раиси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳим Шарифзода барои гирифтани 7 ҳазор доллар ришва парванда боз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Оқои Шарифзода бо ду ёвараш рӯзи 29 ноябр боздошт шудаанд ва ҳоло дар боздошт қарор доранд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия имрӯз, 8 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҳим Шарифзода бо истифода аз вазифаи раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамчун шахси мансабдор, аз шаҳрвандон барои иҷрои масъалаи корафтодагон ришва меситонидааст

Оҷонсии зидди коррупсия меафзояд, дар моҳи августи соли равон раиси Додгоҳи иқтисодии пойтахт ҳангоми баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Соҳибназаров Ф. барои бекор кардани таъиноти додгоҳӣ, аз вай 7000 доллар талаб кардааст.

Вай дар моҳи августи соли равон тахминан ҳудуди 4000 долларро шахсан аз Соҳибназаров. Ф гирифта ва маблағи 3000 доллари боқимондаро тавассутӣ котибони маҷлиси судӣ Ҳабибов Ҳ.Ҷ. ва Нусратуллозода А.Н. гирифтааст.

Оҷонсии зидди коррупсия барои ин амали раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе тибқи моддаи 319 қисми 3 ва зидди котибон Ҳабибов Ҳ. ва Нусратуллозода А. парванда ҷиноӣ боз карда, тафтишоти пешакӣ ҳоло идома дорад.

Боздошти раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе дар ҳолест, ки дар авохири моҳи октябр се пулис ба иттиҳоми ришваситонӣ аз сӯи Оҷонсии зидди коррупсия боздошт шуда буданд. Аз ин қабл як додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои сабук кардани ҷазои як айбдоршаванда, маблағи 4 ҳазор доллар талаб карда буд ва аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди коррупсия боздошт гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG