Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод - капут? Чипҳои махсус - барои ходимони БДА ва ППС


Бо ин дастгоҳҳо ҳар қадами ходимони БДА ва ППС назорат хоҳад шуд. Акс аз mvd.tj
Бо ин дастгоҳҳо ҳар қадами ходимони БДА ва ППС назорат хоҳад шуд. Акс аз mvd.tj

Ба зудӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз фасод ва бадрафторӣ дар либоси кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ва Хадамоти посбониву пайроҳагардӣ (ППС) чипҳои махсусе насб мекунанд, ки ҳар қадам ва ҳар сухани онҳоро сабт хоҳад кард.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ин вазорат рӯзи 4 октябр барои таъмини назорати беҳтар ва муассиртари фаъолияти ходимони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА- ГАИ) ва Хадамоти посбонӣ-пайроҳадории милиса (ППМ – ППС) таҷҳизоти наву замонавӣ овардааст. Бино ба гузориши сомонаи вазорати умури дохила, «ин дастгоҳҳои муосир барои назорат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муоширату муносибати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон ҳангоми фаъолият пешбинӣ шудааст.» Мубориза бо фасод ва бадрафториву дағалии кормандони милиса як ҳадафи асосии ин "навоварии технологӣ" дар кори милисаи тоҷик гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, ин таҷҳизоти электронии рақамии соҳиби хотира, яъне чипи махсус ҳангоми фаъолият, бахусус дар хатсайрҳо ҳангоми адои хидмат дар либоси кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти посбонӣ-пайроҳадории милиса насб шуда, «ба воситаи он сӯҳбати кормандони мазкур ҳангоми адои вазифа бо шаҳрвандон сабту ба навор гирифта мешавад.»

Бо ин дастгоҳҳо ҳар қадами ходимони БДА ва ППС назорат хоҳад шуд. Акс аз mvd.tj
Бо ин дастгоҳҳо ҳар қадами ходимони БДА ва ППС назорат хоҳад шуд. Акс аз mvd.tj

Гуфта мешавад, чунин таҷҳизот «тамоми ҳаракат, муносибат, муошират, аз ҷумла ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муносибати берун аз доираи одоб ва этикаи касбӣ, рафтори дағалонаи кормандони мақомот ва шаҳрвандонро пурра сабт карда... сабти навор ва овоз гирифта шуда мустақиман ба автомашинаи патрулии махсусгардонидашуда расонида мешавад.»

Вазорати умури дохила изҳори боварӣ кардааст, ки бо мавриди истифода қарор додани ин «навоварии технологӣ» рафтор ва муносибати ходимонаш, бахусус кормандони БДА ва ППС, беҳтар шуда, дастгоҳҳои сабти садову видео имкон медиҳанд, аз «амалҳои номатлуб, дағалию беэҳтиромӣ нисбати якдигар, роҳ надодан ба ҳар гуна рафторҳои номуносиб, ки ба ҳимоя ва шаъну эътибори инсон ва шаҳрванд мансубанд,» пешгирӣ шавад ва «маърифати муоширати кормандони мақомоту шаҳрвандонро баланд бардошта, рафти адои хизматбариро ба низоми муайян дарорад.»

Насби чипҳои махсус дар либоси ходимони ду воҳиди милиса, ки бештар бо мардум сару кор мегиранд, яъне Бозрасии давлатии автомобилӣ ва нирӯҳои посбониву пайроҳагардӣ (ППС) дар ҳолест, ки мардум бештар аз дағаливу ба истилоҳ «пулканӣ»-и ҳамин ду ниҳод зиёд шикоят мекунанд. БДА аз ҷониби Оҷонсии мубориза бо фасод низ дар ҷумлаи фасодзадатарин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ном бурда мешуд.

Вуҷуди афроди қалбдаст дар сафи нирӯҳои милисаро вазири кунунии умури дохила Рамазон Раҳимзода низ борҳо эътироф кардааст. Ӯ ду сол пеш ҳатто ба як маъракаи густардаи поксозии сафи милисаи тоҷик аз афроди дасту нияташон нопок даъват карда буд. Вазорати умури дохила дар сомонааш менависад, ки таҷҳизоти наву чипҳои махсус барои ходимони ППС ва БДА низ бо ибтикори Рамазон Раҳимзода оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG