Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарҳи БДА дар бораи иштибоҳот дар ҳуҷҷатҳои нави ронандагӣ


Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон вуҷуди иштибоҳот дар шаҳодатномаҳои ронандагии биометриро эътироф намудааст.

Дар изҳороти ин ниҳод ба ҷои ҳарфи Ҷ дар ҳуҷҷатҳои ронандагии нави биометрӣ навишта шудани Ч ва дар баргардон ба англисӣ “CH”-ро иштибоҳи кормандон хонда шудааст. Дар ин изҳорот, ки рӯзи 15-уми март дар торнамои вазорати умури дохилии Тоҷикистон нашр шуд, омадааст, ки барнома худаш хатогии ҳуруфчиниро ҳангоми ҳарфҳои як алифборо ба ҳарфҳои алифбои дигар баргардонидан, ҳарфи “Ч”-ро ба “СН” иваз намудааст. Раёсати бозрасии автомобилии Тоҷикистон гуфтааст, ки шаҳодатномаи ронандагии бо чунин иштибоҳот омода шуда, иваз карда мешаванд.

Ба дунболи муаррифии ҳуҷҷатҳои ронандагии нави биометрӣ дар авоили моҳи ҷорӣ, маълум шуд, ки дар он иштибоҳоте вуҷуд дорад ва ин боиси сару садоҳое дар матбуот шуд. Аз ҷумла дар навишти "ҶумҲурии Тоҷикистон" бо ҳуруфи инглисӣ "Jumkhurii Tojikiston", яъне "ҶумХурии Тоҷикистон" навиштаанд. Поёнтар шакли мухтасари исми кишвар - "ҶТ" ба ҳарфҳои инглисӣ "CHT", яъне "ЧТ"навишта шудааст. Мояи дигари интиқодҳои худи ба ҳарфҳои инглисӣ навиштани ибораҳои тоҷикист. Дар ҳоле ки агар "Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои мисол, ба инглисӣ "Republic of Tajikistan" ва "ҶТ" - "RT" навишта мешуд, кори соҳибонашро дар хориҷа шояд осонтар мекард.

Як мояи ташвиш эҳтимоли дар Русия - бозори асосии кори муҳоҷирони тоҷик - эътироф нашудани ин ҳуҷҷат аст, чунки ба ҷуз номи ҳуҷҷат - "водительское удостеверение" боқӣ маълумоти лозим дар ҳуҷҷатҳои ронандагии ҷадид ба забони русӣ тарҷума нашудааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти БДА иштибоҳоти дигареро, ки дар расонаҳо мавриди интиқод қарор гирифта буд, радд кардаанд. “Дар бораи як хатоии дигаре, ки гуё ҷой дорад, калимаи «Licence» (Шаҳодатнома) аст, ки ба гӯиё тарзи дурусташ «License» мебошад. Агар ба луғати оксфордӣ нигарем маълум мешавад, ки дар ҳолати мазкур истифодаи калимаи «License» нодуруст мебуд.”

Дар шарҳи қисмати дигаре аз ин ҳуҷҷат, ки мавриди интиқоди расонаҳо қарор гирифта буд ва дар он истилоҳоти “ҷумхурӣ” бидуни тарҷум ба англисӣ “JUMKHURI” ва вазорати корҳои дохилӣ ё ВКД ба “VKD” навишта шуда буд, Бозрасии давлатии автомобилӣ бо истинод ба талаботи “Конвенсия оид ба ҳаракат дар роҳ" мегӯяд, ки бар поя он, ҳамаи маълумот дар шаҳодатнома бояд бо ҳарфҳои лотинӣ баргардонида шаванд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, роҳандозии санади нав бар асоси талаботи конвенсияи Венаи 1968 “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, ки Тоҷикистон низ узви он аст, сурат мегирад. Ва ҳадафи он фароҳам овардани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ дар кишварҳои шомили ин Конвенсия будааст. Ба гуфтаи мақомот, бартарии шаҳодатномаи намунаи нави ронандагии биометрӣ дар он аст, ки қобилияти фарсуданашавандагӣ дорад. Ҳамчунин минбаъд дар маҷмӯъ, он ба системаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ворид гардида, сохтори марказикунонии додани ҳуҷҷатҳо, муайянсозии шахсият дар қаламрави ҷумҳурӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои дорои дараҷаҳои баланд муайян карда мешавад.

Шаҳодатномаи нав як баргаи пластикии 54 ба 86 миллиметер аст, ки аз поликарбонат омода гашта, маълумоти он бо ду забон тоҷикӣ ва англисӣ, дарҷ ёфтааст. Ба ғайр аз сурат дар шаҳодатнома инчунин дигар маълумоти биометрии соҳиби он аз ҷумла, пайи ангушта ва имзои электронии ӯ ҷой дода мешавад.

Аз оғози соли равон ин бори дувум аст, ки дар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои ронандагӣ иваз мешаванд. Моҳи январ шаҳрвандоне, ки дар 10 соли охир акси худро дар шаҳодатномаи ронандагии хеш иваз накардаанд, маҷбур ба табдили ин санад шуданд ва акнун онҳо бояд ҳуҷҷатҳои нави худро ба шаҳодатномаи биометрӣ иваз кунанд. Бино бар омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 500 ҳазор мошин сабт шуда, наздики 1 миллион нафар шаҳодатномаи ронандагӣ доранд.

Тибқи як низомнома аз 2 марти соли гузашта, сар аз соли 2014 ҳар ҳуҷҷати ронандагие ки акси соҳибаш дар 10 соли охир иваз нашудааст, аз эътибор соқит дониста мешуд ва ба ин далел ва ҳам ба маҳзи онки аксарият аз ин “навоварӣ”-и БДА бехабар монданд, дар арафа ва рӯзҳои аввали соли нав дар шӯъбаҳои пулиси роҳ навбатҳои тӯлоние барои гирифтани “права”-и нав мушоҳида шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG