Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 30 донишҷӯи африқоиро, ки дар донишгоҳҳои кишвар машғули таҳсиланд, аз ташхис гузаронда, ба онҳо машварат додаанд, то аз сафар ба зодгоҳи худ худдорӣ намоянд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо эълони "ҷанг" алайҳи вируси Эбола дастур додааст, тамоми меҳмононе, ки аз кишварҳои Аврупо ва Африқо меоянд, мавриди ташхис қарор гирифта, 12 рӯз баъд аз сафарашон низ таҳти назари табибон бошанд. Мақомот мегӯянд, дар тӯли ин муддат бештар таби меҳмонон санҷида шуда, дар сурати рӯ назадани нишонаҳои ибтидоии бемории Эбола, сипас, онҳоро ба ҳоли худ хоҳанд гузошт.

Сабоҳат Аҳмадбекова, сармутахассиси бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти беҳдошт ва вогиршиносии Тоҷикистон, рӯзи 17 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастури онҳо бо тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дода шудааст. Ӯ афзуд, “албатта, як муддат вақт зарур аст, то он беморӣ рӯ занад. Барои ҳамин, агар нафаре аз давлатҳое, ки он ҷо ин беморӣ ошкор шуда бошад ба Тоҷикистон ворид шавад, таҳти назорати эпидемиологҳо қарор мегирад ва давоми 12 рӯз табибон ба хонаҳояшон рафта, таби онҳоро месанҷанд. Агар нишонаи беморӣ дар онҳо пайдо шавад онҳоро аз дигарон ҷудо мекунанд.”

​Мақомоти Вазорати тандурустӣ то кунун ҳудуди 30 донишҷӯи африқоиро, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон машғули таҳсиланд, мавриди ташхис қарор додаанд. Сахӣ Аваканд, ки худро дар Тоҷикистон Саид ном кардаву ба овозхонӣ машғул аст, бо тавсияи дӯстони тоҷикаш дигар ба наздикиҳо ба зодгоҳаш Нигерия баргаштанӣ нест. Султон, нафаре, ки ба Сахӣ дар фаъолияти ҳунариаш кумак мекунад, мегӯяд, “ҳамин чанд моҳ пеш аз Нигерия баргашт. Мегӯяд, ҳама хешу назидкони ӯ хубанд ва мо ҳам ӯро дар Тоҷикистон аз ташхис чандин бор гузаронидем. Ҳоло аз ӯ хостем, ки барои эҳтиёт ба зодгоҳаш наравад."

Хабарҳо дар бораи хуруҷи маризии марговари Эбола дар ҷаҳон ва ба вижа дар Африқо, наздикони онҳоеро ҳам, ки аз Тоҷикистон дар ин кишварҳо кору таҳсил доранд, нигарон кардааст. Ибодулло Нуриддинов -- як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Африқои Шарқӣ дар давлати Уганда кору фаъолият дорад, мегӯяд, наздикони ӯ низ бо шунидани хабарҳои нохуш дар робита ба Эбола ба таҳлука афтода, аз ӯ даъват кардаанд, ба ватан бозгардад. Вале худи Ибодулло, ки бо 2 фарзанд ва хонумаш 3 сол боз дар Уганда зиндагӣ ва дар бонке фаъолият мекунад, гуфт, ҳоло зарурате барои бозгашташро намебинад.

Ба қавли Ибодулло, ҳоло вазъ ба ҳадде нест, ки мояи нигаронии амиқ бошад: “Дар дохили худи Африқо ҳоло ин қадар тарси зиёд нест. Ин ҷо, ин хел бемориҳо ҳар сол хуруҷ мекунанд. Вале тавре расонаҳои хориҷӣ дар ин бора мегӯянд, вазъ ба он ҳад нест. Наздикони мо ҳам ин ҳама воҳимву сару садоҳоро шунида хавотир мешаванд. Ба ҳар ҳол ҳама чораҳо барои пешгирӣ ҳаст, дар ҳама ҷо эълонҳо дида мешавад ва мо ҳам талош мекунем ба қоидаҳои беҳдорӣ риоя кунем.”

Ибодулло дар робита ба теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Уганда ва дигар давлатҳои Африқо мегӯяд, онҳо хеле кам ҳастанд ва ғолибан тоҷикон ба ин кишварҳо фақат барои як муддати кӯтоҳ, ба хотири барои иштирок дар семинару ҳамоишҳо меоянд. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ҳам ҳоло омори дақиқеро дар робита ба тоҷиконе, ки мисли Ибодулло дар кишварҳои африқоӣ кору таҳсил доранд, рӯи даст надоранд ва чанде пеш ба хотири мушаххас кардани ин афрод онҳо ба вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карда буданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинони одӣ дар бораи Эбола пурсиданд ва ин посухҳоро шуниданд:

-Номи ин касалиро аз телевизион шунидем. Ҳар рӯз “реклама” мекунанд;

-Эбола як намуд бемории вабомонанд аст, ки пешгирияш бисёр душвор. Дараҷаи тибби Тоҷикистон пеш рафтааст, аммо аз сабаби он ки беморӣ зуд паҳн мешавад, оқибаташ нек бошад;

-Ин бемории табобатнашаванда аст;

-Назар ба кишварҳои мутараққӣ сатҳи зиндагӣ ва хадамоти мо пасттар аст. Боз ҳам ҳушёриро пешаи худ кунанд;

-Касалии Эбола дар Африқо пайдо шудааст ва метавонад дар Тоҷикистон ҳам паҳн шавад.

Аз ин пеш, мақомоти вазорати тандурустӣ гуфта буданд, беш аз 6 ҳазор ҳоҷии тоҷик ҳангоми бозгашт аз зёирати Хонаи Худо зери назорати ҷиддии пизишкон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қарор мегиранд. Масъулони арсаи тиббии Тоҷикистон мегӯянд, сирояти бемории Эбола феълан ба ин кишвар чандон таҳдиди ҷиддӣ надорад, чун шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳое, ки маҳалли ин беморӣ дониста мешаванд, равуои кам доранд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин беморӣ аз марзи Африқои Ғарбӣ берун шудаву гиребони иддае аз сокинони дигар кишварҳоро ҳам гирифтааст, мақомоти Тоҷикистон низ чораҳои ҷилавгириро рӯйи даст гирифтаанд.

Бемории Эбола, ки 90 дар сади гирифторонашро мекушад, моҳи марти соли ҷорӣ дар Гвинея хуруҷ кард ва сипас ба Сйерра Леоне, Либерия ва Нигерия гузашт. Ин беморӣ, ки сабаби таби баланду шикамрав ва хунрезии дохиливу берунӣ мешавад, то кунун бештар аз 3 ҳазор нафарро дар Африқои ғарбӣ куштааст. Шумори умумии онҳое, ки аз ин беморӣ ҷабр мекашанд, аз 8 ҳазор зиёд тахмин зада мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG