Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни Эбола то 1013 нафар афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни вабои Эбола дар кишварҳои Африқои ғарбӣ то 1013 нафар афзоиш ёфт. Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи сешанбе, 12 август, хабар дод, ки аз ин маризӣ шаҳрвандони Гвинея, Либерия, Сиера-Леоне ва Нигерия ҷон бохтаанд.

Ба вируси Эбола то имрӯз 1848 нафар мубтало шудаанд. Гуфта мешавад, ба ин рӯйхат ҳам афроде, ки мубталоӣ ба Эбола таъид шудааст ва ҳам дар онҳо нишонаҳои аввалияи бемориро зуҳур кардаанд, шомиланд.

То имрӯз ягон даво ваё воксин аз Эбола мавҷуд нест, аммо дар се нафари мубталоён як доруи нав таҷриба мешавад. Маргарет Чан, дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт, рӯзи 8 август эълом дошт, ки густариши вируси Эбола аз пиндор дида сареътар аст. Дар робита ба ин маризӣ дар бахши беҳдоштии сайёра вазъи изтирорӣ эълон шуд.

Ҳарчанд Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз кишварҳои гирифтори вируси Эбола хостааст то вазъияти изтирорӣ ҷорӣ кунанд, то ҳол монеа дар сафарҳои байналмилалӣ ё тиҷорат бо ин кишварҳо ҷорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG