Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории Эбола хостааст, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар Африқо маълум ва равуои шаҳрвандони ин кишвар ба Тоҷикистон маҳдуд гардад.

Беш аз 6 ҳазор ҳоҷии тоҷик, ки дар арафаи Иди Қурбон ба зиёрати Хонаи Худо рафта буданд, ҳангоми бозгашт зери назорати ҷиддии пизишкон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қарор мегиранд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз сирояти бемории марговари Эбола рӯи даст гирифта шудааст.

Масъулони арсаи тиббии Тоҷикистон мегӯянд, сирояти бемории Эбола феълан ба ин кишвар чандон таҳдиди ҷиддӣ надорад, чун шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳое, ки маҳалли ин беморӣ дониста мешаванд, равуои кам доранд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин беморӣ аз марзи Африқои Ғарбӣ берун шудаву гиребони иддае аз сокинони дигар кишварҳоро ҳам гирифтааст, мақомоти Тоҷикистон низ чораҳои ҷилавгириро рӯйи даст гирифтаанд.

Ба хусус ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз Вазорати маориф ва корҳои хориҷии Тоҷикистон дархост кардааст, теъдоди донишҷӯён ва умуман шаҳрвандони ин кишвар дар Африқои ғарбиро муайян кунанд, то ҳадди аққал баъди бозгашт ин афрод зери назорати табибон қарор дошта бошанд. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳамчунин ба Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод кардем, барои додани раводиди корӣ ва туристӣ ба кишварҳои Африқои Ғарбӣ ягон маҳдудияти муваққатӣ дар назар дошта бошанд, аммо ин сафарҳои корӣ ва сафарҳои хизматиро маҳдуд насозанд. Дар маҷмӯъ, омодагиҳо барои ҷилавгирӣ аз ин хатар ҷиддӣ аст.”

Чунин дархосте ҷиҳати ташдиди чораҳои бехатарӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли воридшавии Эбола ба Тоҷикистон, ҳамчунин аз ҷониби вазорати тандурустӣ ба фурудгоҳҳои кишвар ҳам ироа шудааст. Барои кормандони фурудгоҳ давраҳои омӯзишии эҳтиёт аз эҳтимоли вуруди шахси гирифтори бемории Эбола ба Тоҷикистон ташкил шуда ва дар сурати мушоҳидаи нишонаҳои беморӣ дар мусофирон онҳо муваззаф шудаанд, то расидан ба замин муттахассисони соҳаи тибро огоҳ кунанд.

Маҳмадюсуф Шодиев

Маҳмадюсуф Шодиев

Ҳоло ба гуфтаи мақомот аввалин коре, ки пас аз поин шудани мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ин ташхиси ҳарорати бадани онҳо тавассути дастгоҳи махсус ё Термосканер аст.

Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилаллии Душанбе, мегӯяд, "ҳар хатсайре, ки поин мешавад, ҳатман мусофирони он аз ташхис мегузаранд. Ин дастгоҳ дар толори мусофирон гузошта шудаву аз ҷониби пизишкони вогиршиноси фурудгоҳ ҳарорати бадани мусофирон санҷида мешавад. Дастгоҳи мазкур чанд соли пеш ҳангоми хуруҷи бемории зукоми мурғ харидорӣ шуда буд ва ҳоло барои ҷилавгирӣ аз Эбола ташхису чораҳои бехатарӣ пурзӯр шудааст."

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти беҳдоштӣ ва вогиршиносии Тоҷикистон ҳоло сокинони кишвар тавассути расонаҳо то ҷое дар бораи бемории кушандаи Эбола огоҳӣ доранд. Аммо Аъзам Мирзоев, муовини раиси хадамоти беҳдоштӣ ва вогиршиносии Тоҷикистон, мегӯяд, ин маълумот ҳам умумӣ аст ва дар асл ба таъкиди онҳо, дар Тоҷикистон ҳатто табибон дар бораи ин беморӣ маълумоти дурусту зиёде надоранд.

Ҷаноби Мирзоев гуфт, ҳоло ки роҳи паҳншавии ин беморӣ ба пуррагӣ омӯхта нашудаву ягон давое ҳам зидди ин кашф нашудааст, танҳо чизе, ки табибони тоҷик ба сокинон тавсеа медиҳанд, ин ҳазар кардан аз шахси бемор аст. “Албатта, пешравӣ ҳам ҳаст, аллакай якчанд намуди ваксина пешниҳод шудааст. Дунё ба умед, мумкин аввали соли 2015 аз ташхис гузашта ба таври оммавӣ паҳн шаванд. Аммо дар маҷмӯъ таҳдиди ҷиддӣ нест барои Тоҷикистон ва бинобар ин зарурати таъсиси ситоду гурӯҳҳои вижа ҳам пеш наомадааст. Аммо муттахассисони вогиршиноси мо дар ин самт кору таҳлиҳо мебаранд. Мо ба ҳама муассисаҳои тандурустӣ тавсия додем, ки ҳатман ҳама либоси фардии муҳофизатӣ ба бар кунанд ва аз эҳтиёт кор бигиранд”,-афзуд Мирзоев.

Бемории Эбола, ки 90 дар сади гирифторонашро мекушад, моҳи марти соли ҷорӣ дар Гвинея хуруҷ кард ва сипас ба Сйерра Леоне, Либерия ва Нигерия гузашт. Ин беморӣ, ки сабаби таби баланду шикамрав ва хунрезии дохиливу берунӣ мешавад, то кунун бештар аз 3 ҳазор нафарро дар Африқои ғарбӣ куштааст. Шумории умумии онҳое, ки аз ин беморӣ ҷабр мекашанд, аз 8 ҳазор зиёд тахмин зада мешавад. Нахустин ҳолати гирифторӣ ба Эбола берун аз Африқо дар Испания сабт шудааст ва он ҳам як ҳамшираи шафқат буда, ки ду рӯҳонии испаниро парасторӣ мекардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG