Пайвандҳои дастрасӣ

"Маснавӣ" моли кист? Баҳси 4 кишвар бар сари мероси пири сӯфиён (ВИДЕО)


Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ

Бо гузашти 8 аср аз замони зиндагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ дигарбора ин савол доғ мешавад, ки муаллифи “Маснавии маънавӣ” аз куҷост ва меросаш моли кадом кишвар аст?

Гузоришҳо дар бораи дархости Эрону Туркия аз ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ ҷиҳати ҳамчун мероси миллии ин ду кишвар сабти ном кардани “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ мавҷи эътирозҳоро дар кишварҳои дигаре, ки низ даъвои мероси ин шоир ва мутафаккири бузурги асри 13-ро доранд, барангехтааст.

Дар Афғонистон ба ин баҳс ҳатто мақомоти баландпоя ворид шуданд ва ҳукумати ин кишвар ҳатто аз вазири хориҷааш Салоҳиддин Раббонӣ хост, то ҳарфҳояшро ба Анкара бирасонад. Саид Зафар Ҳошимӣ, муовини сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз тариқи Твиттер аз адибони маъруфи афғон, чун Холид Ҳусейн даъват кард, ки ба баргардондани мероси Мавлавӣ ба мардуми худ кумак кунанд: “Хоҳиш мекунам, лобби шавед ва ин ҳарфҳоро паҳн кунед. Румӣ дар Балхи Афғонистон ба дунё омадааст, на дар Туркия ё Эрон.”

Волии Балх Ато Муҳаммади Нур, дар як нома ба сафири Афғонистон дар СММ қасди Эрону Туркия барои аз худ кардани “ифтихори Балх”-ро “империалистӣ” номид ва хост, ки “бо ироаи эътирози расмӣ нагузоранд, ки мавқеи Балх ҳамчун Ватани Мавлавӣ дар феҳрасти ЮНЕСКО сарфи назар шавад.”

Харобаҳои манзиле дар Балхи Афғонистон, ки бовар меравад, манзили хонаводаи Мавлоно буд

Харобаҳои манзиле дар Балхи Афғонистон, ки бовар меравад, манзили хонаводаи Мавлоно буд

Ҳорун Ҳакимӣ, сухангӯи вазорати фарҳанг ва иттилооти Афғонистон рӯзи 13 июн дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Афғонистон мероси бузурги Мавлоноро бо касе тақсим карданӣ нест: “Мавқифи ҳукумати Афғонистон ин аст, ки Мавлоно зодаи Балх аст ва мо ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ кишваре иҷоза намедиҳем, ки ҳамчу Мавлонов ифтихори моро дар феҳрасти ЮНЕСКО ба номи худ сабт кунад.

Радиои Озодӣ: Яъне агар сабт шавад, бояд муштаракан сабт шавад?

Ҳакимӣ: Не, мо ҳатто муштаракан намехоҳем. Мехоҳем ба номи Афғонистон сабт шавад. Чунки Мавлоно зодаи Балх буд, Афғонистон дар ҷуғрофиёи Афғонистони кунунист ва ӯ балхист. Вақте балхист, мо кишварҳои дигарро бар асоси иддаояшон шарики ин мероси фарҳангии худ сохта наметавонем.”

Ҳайкали Мавлоно дар водии Вахш

Аммо Фарҳод Назарӣ, мудири кулли дафтари сабти осори таърихии Эрон ба хабаргузории ИСНО гууфтааст, ки ҳамроҳ бо Туркия ба ЮНЕСКО дархости сабти номи “Маснавӣ” додани Эрон ба маънои эътирофи иддаои Туркия дар мавриди миллияти Мавлоно нест. Ӯ гуфт, азбаски қадимтарин нусхаи “Маснавӣ” дар Қуния маҳфуз аст, Эрон ҳамроҳ бо ин кишвар аз ЮНЕСКО хост, ки ин китобро ба феҳрасти осори фарҳангиаш шомил кунад: “Агар нусхаи қадимтарини “Маснавӣ” дар Оксфорд мебуд, Эронро ин корро ҳамроҳ бо Бритониё анҷом медод.” Фарҳод Назарӣ афзуд, ки Эрон ахиран “Масолик-ал-мамолик”-и Истахриро дар ЮНЕСКО якҷо бо Олмон сабт кард, чунки қадимтарин нусхаи китоби Истахрӣ дар Олмон аст: “Магар ин ба маъноест, ки Истахрӣ моли Олмон аст?”

Тоҷикистон ва Мавлоно

Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон низ Ҷалолиддини Румиро бахше аз мероси миллии мардуми тоҷик мешуморанд.

Пайкараи Мавлоно дар маркази ноҳияи ба номи ӯ дар Тоҷикистон

Пайкараи Мавлоно дар маркази ноҳияи ба номи ӯ дар Тоҷикистон

Бархе аз донишмандони тоҷик мегӯянд, Балх дар қуруни вусто густураи хеле бузургтар аз ҳудуди вилояти кунунии Балхи Афғонистонро дошт ва марзҳояш водии Вахши Тоҷикистонро ҳам фаро мегирифт. Ба ин далел, ақидае ҳам ҳаст, ки Румӣ дар водии Вахш дида ба ҷаҳон кушодааст. 19 июли соли 2007 исми ноҳияи Колхозобод дар водии Вахшро ба Ҷалолиддини Румӣ иваз карданд ва дар маркази ин ноҳияи ҳайкали Мавлоноро ҳам гузоштанд. Аммо корбурди исми Румӣ дар мавриди Мавлоно маъмулан ба эътирози равшанфикрони афғон дучор мешавад ва зоҳиран ба ҳамин далел, рӯзи 3 марти соли равон бо қарори Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон, исми ноҳияи Ҷалолиддини Румиро ба Ҷалолиддини Балхӣ иваз карданд.

Як мақоми вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 13 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, беҳтар ин аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин баҳсҳо шахсиятҳое, ки ба таъриху фарҳанги чанд кишвар рабт мегиранд, ба сурати муштарак ва бидуни ҷанҷолу рақобат, ки ин моли кист?, ба феҳрасти ЮНЕСКО пешниҳод шаванд. Ба гуфтаи ин мақоми вазорати фарҳанг, раёсати Фарҳангистони улум муваззаф шудааст, ки бо тадвири як ҷаласа бо ҷалби донишмандони масоили адабиёт ва таърих мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи мероси Румиро мушаххас кунанд.

Дар Фарҳангистони улум ба Озодӣ гуфтанд, ки омодагиҳо ба ин ҷаласа ҳанӯз идома дорад. Ҳамчунин қарор аст, рӯзи 17 июн дар Душанбе як ҳамоиши олимон дар мавзӯи атрибутсия, яъне ба кӣ тааллуқ гирифтани ин ё он осори фарҳангӣ доир шавад.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода

Профессор Абдунабӣ Сатторзода

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, мудири шӯъбаи адабиёти классикӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон рӯзи 13 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як далели баргузории ин ҳамоиш низ моҷароест, ки дар атрофи мероси Ҷалолиддини Румӣ бархостааст: “Ҳар сари чанд вақт чунин масъалаҳо пеш омадан мегиранд.Яъне дастдарозӣ мекунанд ба молу ба мероси миллатҳои дигар, аз ҷумла ба молу мероси мо. Як меъёри мушаххас ҳам ҳанӯз нест, ки ба кадом халқу кадом кишвар тааллуқ гирифтани ин ё он бузурги гузаштаро маълум кунад. Мутаассифона, имрӯз меъёрҳои ҷуғрофиёиву сиёсӣ (геополитикӣ) муайянкунанда шудаанд.”

Профессор Сатторзода, ҳамин тавр, чустиву чолокии бархе кишварҳо аз як тараф ва “танбалӣ”-и кишварҳое, чун Тоҷикистону Афғонистонро зикр кард ва гуфт, ба ҳамин далел, Наврӯзрову чавгонбозиро ба ЮНЕСКО на Тоҷикистон, балки кишварҳои дигар пешбарӣ карданд.

Лаҳҷаи самарқандии Мавлои Рум

Дар айни замон Абдунабӣ Сатторзода мӯътақид аст, ки ба мероси фарҳангии мардуми тоҷик тааллуқ доштани Мавлоно ҷои шак надорад: “Вай ба забони тоҷикӣ шеър навиштааст, дар Балх – яке аз марказҳои асосии фарҳангии миллати тоҷик - ба дунё омадааст, ҷавониашро дар Самарқанд гузарондааст. Як муҳаққиқ ҳатто мегӯяд, забони Мавлавӣ аз лиҳози сарфу наҳв ва таркиби луғавиаш ҳамон забонест, ки аҳли Самарқанд доштанду доранд. Яъне забони тоҷикист. Аммо агар мероси моро миллатҳои дигар истифода мекунанд, чӣ хуб! Омӯзанд, сабақ гиранд, вале ҳеҷ гоҳ даъво накунанд, ки ин мерос танҳо ба онҳо тааллуқ дорад.”

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум, То муриди Шамси Табрезӣ нашуд

Лавҳае бо тасвири Мавлоно дар шаҳри Балх

Лавҳае бо тасвири Мавлоно дар шаҳри Балх

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Румӣ ё Балхӣ соли 1207, ба гуфтаи бархе муаррихон, дар вилояти Балх ва ба ақидаи қисме аз муаррихони тоҷик, дар водии Вахши Тоҷикистони имрӯза ба дунё омадааст. Баъди ишғоли Балх аз сӯи лашкари муғул хонаводаи ӯ ибтидо ба Самарқанд ва аз онҷо ба Эрону Ироқ ва сипас ба Сурия кӯчид. Мавлавӣ дар ҳамин мусофиратҳо бузург шуд, то билохира онҳо дар Қуния – пойтахти вақти салтанати салҷуқиён муқим шуданд. Боқӣ умри Мавлавӣ дар Қуния гузашт ва соли 1273 дар ҳамин ҷо аз дунё рафту ҳаминҷо хок шуд.

Ӯ аз маъруфтарин шоирон ва мутафаккирони форсизабони қуруни вусто ба шумор меояд. Аз Румӣ осори зиёди фиқҳиву фалсафӣ низ мерос мондааст. Вале вайро бештар бо ашъори сӯфиёнааш, бахусус бо “Девони Кабир” ва “Маснавӣ” мешиносанд. Манзалати шеъри Мавлавӣ ба ҳаддест, ки шоирон “Маснавии маънавӣ”-и ӯро ҳатто бо “Қуръон”, китоби муқаддаси мусалмонҳо қиёс мекунанд:

“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ

Ҳаст “Қуръон” дар забони паҳлавӣ.

Бо гузашти 8 аср Ҷалолиддини Румӣ дар Туркия ҳамчунон аз эҳтироми фавқулоддае бархӯрдор боқӣ мемонад. Туркҳо ӯро бештар бо номи Мавлоно мешиносанд. Мазори Мавлоно дар Қуния – чорумин шаҳри бузурги Туркия – дар майдони 18 000 метри мураббаъ доман густурда, бино ба ҳисобҳо, ҳар сол то 1,5 миллион аз мардуми худи Туркия ва то ним миллион сайёҳи хориҷӣ аз он зиёрат мекунанд. Мазори Мавлоно баъди Тӯпхонаи Истамбул аз нигоҳи таваҷҷӯҳи сайёҳон дар байни ёдгориҳои таърихии Туркия дар мақоми дувум қарор дошта, дӯстдорони шеъри ӯ ва пайравони ақидаҳои тасаввуф мазори Румиро ҳатто “Каъбат-ул-ушшоқ”, яъне “Каъбаи ошиқон” ном мебаранд.

ДиКаприо дар нақши Мавлоно

Баҳси мероси Румӣ дар ҳолест, ки Девид Франзонӣ, муаллифи сенарияи филми маъруфи “Гладиатор” гуфтааст, ки мехоҳад дар сенарияи нави ӯ нақши Румиро Леонардо ДиКаприо, аз маъруфтарин ситораҳои Ҳолливуд бозӣ кунад ва бо достони зиндагии ин пири сӯфиён “тасвири стереотипии характери мусалмониро, ки дар синамои Ғарб шакл гирифтааст, ба чолиш бикашад.”​

Як донишманди афғон дар “Садои Амрико” гуфт, дар аҳди Мавлоно на Туркия вуҷуд дошт, на Эрон ва на Афғонистону Тоҷикистон ва дар воқеъ суол ин аст, ки агар Мавлоно имрӯз мебуд, худро аҳли кадом кишвар мегирифт? Профессор Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, осори Мавлоно бо гузашти асрҳо аз маҳдудаи як миллату як кишвар кайҳо гузаштаву ба як мероси бебаҳои фаромиллӣ табдил ёфтааст ва ба тамоми башарият тааллуқ мегирад.

Худи Мавлоно ҳам байте дорад, ки ба ин ҳама баҳсҳо дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани ӯву осораш нуқтаи ғафси таммат мегузорад:

Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,

Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG