Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳар сол аз мазори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар шаҳри Қунияи Туркия то 2 миллион нафар зиёрат мекунанд. 1,5 миллиони зоирон аз худи Туркия будаанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки бо номҳои Мавлои Рум, Мавлавӣ ва Ҷалолиддини Румӣ то ҳол аз пурэҳтиромтарин шахсиятҳои таърихӣ дар Туркия ба шумор меравад ва оромгоҳи ӯву ёронаш дар шаҳри Қуния ба як макони зиёрат барои ҳам мардуми маҳаллӣ ва сайёҳон хориҷӣ табдил ёфтааст. Солона аз мазори Мавлоно дар Қуния то 2 миллион нафар зиёрат мекунанд.

Оромгоҳи бузурги ӯву ёронаш дар шаҳри Қуния, 260-километрии Анкара, пойтахти Туркия дар тӯли қариб 8 асре, ки аз замони зиндагии Мавлавӣ мегузарад, яке аз пуриздиҳомтарин маконҳои зиёрат барои мардуми ин кишвар боқӣ мемонад ва дар солҳои охир ба як масири умдаи сайёҳӣ барои ҳазорон нафаре, ки аз саросари дунё ба тамошои Туркия меоянд, табдил ёфтааст.

Таърихи Қуния ба тақрибан 7500 сол мекашад ва дар аҳди Юнони қадим ин шаҳр бо номи Иконион (Икониос) маъруф будааст. Аммо авҷи пешрафти Қуния ба асрҳои 11-14, ки салҷуқиён баъди тасарруфи Осиёи Сағир маҳз Қунияро ба ҳайси пойтахт интихоб карданд, рост меояд. Падари Ҷалолиддини Румӣ - Баҳовуддин Валад - низ дар ҳамин айёми ҳукумати Салҷуқиён, вақте Мавлавӣ ҳамагӣ 5 ило 6 сол дошт, бо даъвати султон Алоуддин Кайқубод аз Балх аз таъқиби Хоразмшоҳиён фирор карда, дар пойтахти Салҷуқиён, шаҳри Қуния макон кард ва дар барбори султон Кайқубод навозиш ёфт. Мавлавӣ низ аксари солҳои умрашро дар Қуния таҳти ҳимояти султонҳои салҷуқӣ пушти сар кардаву дар ҳаминҷо ба дидори Шамси Табрезӣ расид ва соли 1273, дар синни 66, дар ҳаминҷо аз дунё рафт ва хок шуд.

Мақбараи Мавлавӣ дар соли 1274 бо талоши шогирди содиқаш Ҳисомиддин Чалабӣ аз сӯи меъмори маъруфи он даврон Беретдин Табрезлӣ сохта шудааст. Сохтмони ин мақбара дар аҳди салтанати туркони Усмонӣ, бахусус дар замони ҳукумати Султон Сулаймони Мӯҳташам низ идома ёфт ва дар умум қариб 700 сол идома ёфтааст. Дар соли 1927 бо як қарори вижаи ҳукумати Туркия оромгоҳи Мавлоно ба осорхона табдил дода шуд.

Мазори Мавлоно дар Қуния дар майдони 18 000 метри мураббаъ доман густурда, бино ба ҳисобҳо, ҳар сол то 1,5 миллион аз мардуми худи Туркия ва то ним миллион сайёҳи хориҷӣ аз он зиёрат мекунанд. Баъди Тӯпхонаи Истамбул мазори Мавлоно аз нигоҳи таваҷҷӯҳи сайёҳон дар байни осорхонаҳои Туркия дар мақоми дувум қарор дошта, дӯстдорони шеъри Мавлавӣ ва пайравони ақидаҳои тасаввуф мазори ӯву ёронаш дар Қунияро бо муҳаббат ҳатто “Каъбат-ул-ушшоқ”, яъне “Каъбаи ошиқон” ном мебаранд.

Дар инҷо дар баробари зиёрати мазори Мавлавӣ, аҳли байт ва ёрони ӯ, ҳамчунин дар ҳуҷраҳои алоҳида китобҳои Мавлавӣ ва бархе аз либосу ашёи ӯву ёронаш, аз ҷумла каҷкӯлу кӯлоҳҳои дарвешии онҳо низ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар як бахши дигари осорхона бо сохтани як хайли дарвешон аз мум муҳити зиндагии дарвешони замони Мавлоноро зинда кардаанд.

Худи туркҳо Ҷалолиддини Румиро бештар Мавлоно ном мебаранд ва ба шахси ӯ хеле эҳтиром доранд. Пули 5000-лираиеро, ки то соли 1994 дар Туркия дар муомилот қарор дошт, акси мазори Мавлоно зиннат медод. Ҳамин тавр, ҳазорон нафар аз аҳли худи Туркия бо умеди бароварда сохтани орзуву умедҳояшон ҳар сол ба зиёрати мазори Мавлоно меоянд. Ба бовари онҳо, зиёрати хоки Мавлоно ва ёрони ӯ маризони беилоҷро шифо мебахшад, оилаҳои бефарзандро ба мурод мерасонад ва онҳоеро, ки ба коре ё тиҷорате ваё барои таҳсил азм кардаанд, кушоиши кор медиҳад.

Ҳоло дар Қуния 1,3 миллион нафар ба сар мебаранд ва ин шаҳр аз нигоҳи шумори аҳолӣ баъди Истамбул, Анкара ва Измир чорумин шаҳри пураҳолии Туркия дониста мешавад. Қуния бо корхонаҳои бузурги саноатӣ, бахусус бо корхонаҳои қаннодии тавлиди луқумаш маъруф аст. Ва, албатта, бо оромгоҳи Мавлавӣ, фарзандон ва ёрони ӯ ва осорхонаи Мавлоно.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ соли 1207 ба дунё омада, аз маъруфтарин шоирон ва мутафаккирони форсизабони қуруни вусто ба шумор меояд. Аз ӯ осори зиёди фиқҳиву фалсафӣ низ мерос мондааст. Вале Мавлавиро бештар бо ашъори сӯфиёнааш, бахусус бо “Девони Кабир” ва “Маснавӣ” мешиносанд. Манзалати шеъри Мавлавӣ ба ҳадде буд, ки як шоир “Маснавии маънавӣ”-и ӯро ҳатто бо “Қуръон”, китоби муқаддаси мусалмонҳо қиёс кардааст:

“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ

Ҳаст “Қуръон” дар забони паҳлавӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG