Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳангиёни тоҷик бо баргузории як маҳфил дар Душанбе аз “Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ” таҷлил карданд.

Рӯзи 30 сентябр Душанбе ҳавои Мавлоно дошт. Аҳли фарҳанг бо баргузории як маҳфил ва бо мавлонохонӣ аз Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил карданд.

Ин маҳфил рӯзи 30-уми сентябр дар толори “Хонаи адибон ” бо ибтикори Итттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт ва дар он аҳли адабу фарҳанги кишвар роҷеъ ба осору афкор ва таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табодули назар карданд.

Гулрухсори Сафӣ

Гулрухсори Сафӣ

​Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик, зимни суханронӣ дар ин маҳфил ва бо ёдоварӣ аз осори барҷастаи ин донишманди бузург аз ӯ чун мӯъҷизае ном бурд, ки аз сабки баёнаш забони тоҷикӣ омӯхта мешавад.

Ӯ гуфт, “мӯъҷизаи эшон дар он аст, ки ба камолоти маънавиву маърифату забонӣ чунон мерасад, ки аз забони ӯ имрӯз мо забони худро меомӯзем. Ин мӯъҷизаро Худованд дар сурати Мавлоно ба мо ато кардааст.”

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик маҳсуб меёбад, ки дар қарни 13 такони бузурге ба адабиёт ворид кард. Аз бузургтарин осори ӯ яке девони ғазалиёт ва дигаре “Маснавии маънавӣ” аст, ки аз шаш дафтар иборат буда, асосҳои фалсафаи тасаввуфро дар бар гирифтааст.

Эҷодиёти Балхӣ хусусан аз он ҷиҳат ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки шоир ба мақсади оммафаҳм гардидани осори худ услуби соддаро ба кор бурда, шаклҳои назми мардумии тоҷикро, аз ҷумла ғазал, сурудҳои лирикӣ ва тамсилро истифода кардааст.

Давлатманди Хол, ҳунарманди мумтози тоҷик, аз сарояндаҳоест ки шеърҳои Мавлоноро дар шакли тарона иҷро кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳз иҷрои ғазалҳои Ҷалолиддини Балхӣ ӯро дар хориҷ аз кишвар маъруф карда, ҳатто дар Аврупо ӯро бо тахаллуси “Дур машав”, ки яке аз ғазалҳои Мавлоно аст, мешиносанд.

Давлатманди Хол

Давлатманди Хол

Давлатманди Хол гуфт, “Дар замони Шӯравӣ хондани ғазали Мавлоно номумкин буд, аммо бо кумаки Лоиқ ман тавонистам ғазали “Дур машав”-ро иҷро кунам. Вақте ман дар Порису Бритониё суол мекунам, ки шумо аз таронаи “Дур машав” чиро мефаҳмед, онҳо мегӯянд, ин таронаро чунон гарм мехонӣ, киҳамаро ба худ наздик мекунӣ. Навиштаҳои Мавлоно то он дараҷае соддаву оммафаҳм аст, ки ҳеҷ ниёз ба ҷустуҷӯи китобу луғат нест. Бар пояи назми Мавлоно ҳар касро баробар карда душвор аст.”

Дар Тоҷикистон дар давраи Шӯравӣ нашри осори Ҷалолиддини Балхӣ ба мисли осори бисёр шоирону адибон ва мутафаккирони давраҳои пешин, дар зери мӯҳри мазҳабӣ мамнӯъ буд ва танҳо шеъре чанд ба сурати пароканда рӯи чоп омада буд.

Адабиётдӯстон ва китобхонони тоҷик бо ашъори Балхӣ аз дастнавису нашрҳои пешини чопӣ ба ҳуруфи арабиасос, ки дар дасти онҳо маҳфуз монда буд, ошноӣ ёфта, ихлос ва муҳаббат меварзиданд. Танҳо дар нимаи дуввуми солҳои ҳаштодуми асри гузашта баргузидаи «Девони Кабир» дар чанд ҷилд ба ҳуруфи кирилӣ дар шаҳри Душанбе ва «Маснавии Маънавӣ» низ ба ин ҳуруф дар Теҳрон ба табъ расид.

Бо он ки таҷлили Рӯзи Мавлоно аз ҷумлаи барномаҳои давлатӣ барои бузургдошти нобиғаҳои илму адаби тоҷик унвон мешавад, аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ҳанӯз ба таври зарурӣ аз Мавлоно Балхӣ ва осораш дар Тоҷикистон қадрдонӣ нашудааст. Ба қавли онҳо, Рӯзи Мавлоно дар Тоҷикистон мисли як рӯзи оддӣ мегузарад ва ба ҳисобашон шояд ҳаштод ё навад дарсад аз аҳолӣ ҳам аз ин рӯз хабар надоранд.

Мирзо Шакурзода, адабиётшинос ва муҳаққиқ мегӯяд, имрӯз шинохти бештари мардум дар Тоҷикистон аз осори Мавлоно Балхӣ сатҳӣ буда ва тасаввуфро, ки ҷавҳари аслии ин осор аст, ба хубӣ дарк намекунанд. Ин донишманди тоҷик гуфт, ”ин пеш аз ҳама ба заъфи маърифати фарзандон дар хонавода ва барномаҳои мактаби миёна бастагӣ дорад, ки Мавлоно ва дигар бузургони адабиёти форсӣ ба тариқи зарурӣ омӯхта намешавад. Ҳамчунин, нашри бисёр маҳдуди осори ин донишманд, ки хеле нархи гарон доранд боиси он шудааст, ки насли имрӯз аз ӯ шинохти кам доранд.”

Бино ба пешниҳоди ҷаноби Шакурзода, бояд дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон бунёди “Мавлоношиносӣ” таъсис ёбад.

Созмони Милали Муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ихтисос дода буд ва кишварҳои ҷаҳон, мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти 800-умин солрӯзи мавлуди ин марди бузург баргузор карданд.

Тоҷикистон таърихи "30-юми сентябр"-ро ҳамчун "Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ" эълон кардааст.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ соли 1207 ба дунё омада, аз маъруфтарин шоирон ва мутафаккирони форсизабони қуруни вусто ба шумор меояд. Аз ӯ осори зиёди фиқҳиву фалсафӣ низ мерос мондааст. Вале Мавлавиро бештар бо ашъори сӯфиёнааш, бахусус бо “Девони Кабир” ва “Маснавӣ” мешиносанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG