Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳли адабу фарҳанг бо баргузории маҳфили "Мавлавихонӣ" Рӯзи Ҷалолуддини Балхӣ дар Тоҷикистонро таҷлил карданд.

Бархе аз адибони тоҷик дар Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки 30 сентябр дар Душанбе баргузор шуд, пешниҳод карданд, таълимоти ӯ барои ҷавонони кишвар дар шакли дурусту васеъ омӯзонда шавад. Гулназар Келдӣ, шоир ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, гуфт, ибратомӯзӣ аз Мавлоно ва осораш, ки беш аз ҳар чизи дигар инсонро васф кардааст, ба ҷавонони имрӯзаи тоҷик нафъи зиёд дораду зиён – не.

Ӯ афзуд, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ борҳо ишора кардааст, ҳамаи инсонҳо дар назди Худованд баробаранд ва ин аст, ки осораш дар дили намояндагони ҳамаи адён (динҳо) ҷой дорад. “Дар рӯзи марги Мавлоно ҳам мусалмону насронӣ, ҳам бутпарасту яҳудӣ ҷамъ шуда, аз паси тобуташ мерафтанд”,-гуфт шоири тоҷик.

Дар ин маҳфил, ки бо номи “Мавлавихонӣ” дар “Хонаи адибон”-и ба номи Мирзо Турсунзода ҷараён гирифт, донишҷӯёну толибилмони мактабҳои миёна ва овозхонҳо ҳам иштирок доштанд ва чанде аз ғазалҳои Мавлоно Балхиро қироат карданд.

Бунафша Одинаева, ноиби вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, таҷлили Рӯзи Мавлоно аз ҷумлаи барномаҳои давлатӣ барои бузургдошти нобиғаҳои илму адаби тоҷик аст. Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ҳанӯз ба таври зарурӣ аз Мавлоно Балхӣ ва осораш дар Тоҷикистон қадрдонӣ нашудааст. Ба қавли онҳо, Рӯзи Мавлоно дар Тоҷикистон мисли як рӯзи одӣ мегузарад ва ба ҳисобашон шояд ҳаштод ё навад дарсад аз аҳолӣ ҳам аз ин рӯз хабар надоранд.

Айни видео дар Ютюб:

Баъд аз соли 2007, ки Созмони Милал ҷашни 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро эълон кард, Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр аз ӯ ёдоварӣ мекунад. Аксари мавлавишиносон мегӯянд, Тоҷикистон обишхӯр ё зодгоҳи Ҷалолуддини Румӣ маҳсуб мешавад ва бояд аз ин шахси ҷаҳонӣ дар рӯзе, ки ба бузургдошти ӯ ихтисос дода шудааст, қадрдонӣ намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG