Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИРТ: Мо рӯйхати фаъолонро нахостаем


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) бо ирсоли як нома ба матлаби Озодӣ бо номи "Моҷарои номаи "махфӣ" ва нигаронии аҳзоб" вокуниш кардааст.

Дар ин матлаб, ки рӯзи 4 сентябр дар сомонаи Озодӣ ва имрӯз дар нашрияи "Имрӯз Нюс" нашр шуд, бо такя ба як санади расмӣ гуфта мешуд, ки ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ аз аҳзоби сиёсӣ хостаанд, ки рӯйхати фаъолони худро дар ихтиёри мақомоти маҳаллӣ гузоранд.

Дар нусхаи чунин нома, ки дастгоҳи ҳукумати шаҳри Норак ба созмонҳои маҳаллии аҳзоби мухолиф фиристодааст, аз ҷумла гуфта мешуд, ки аҳзоб бояд “рӯйхати дақиқи фаъолони ҳизб”-ро ироа кунанд, то аз ҳисоби онҳо куммисиюнҳои маҳаллии интихоботӣ ташкил шаванд. Дар ин нома таъкид мешуд, ки ироаи рӯйхати фаъолони ҳизбҳои сиёсиро бо ирсоли як дастур КМИРТ аз онҳо хостааст.

Аммо КМИР дар вокуниши расмие, ки рӯзи 5 сентябр ба Радиои Озодӣ фиристод, менависад, "дар хусуси талаб кардани руйхати аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ барои шомил кардан ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ягон мактуб нафиристодааст. Зеро қонун ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ накардааст."


Шакли комили вокуниши КМИРТ ба матлаби Озодиро инҷо нашр мекунем:

ВОКУНИШИ КМИР БА ХАБАРИ РАДИОИ ОЗОДӢ ВА РӮЗНОМАИ «ИМРӮЗ NEWS»


Дар торномаи «Озодӣ» аз 4 сентябри соли 2013 ва рӯзномаи «Имрӯз News» хабаре чоп шудааст, ки гӯё аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуби расмӣ ирсол карда, аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гӯё дархост шуда бошад, ки рӯйхати аъзоёни ҳизбҳои сиёсиро барои шомил кардан ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот талаб намоянд. Барои исботи ин гуфтаҳо аз шаҳри Нораки вилояти Хатлон суханони роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Норак Хайриддин Шомирзоев дар ин бора мисол оварда шудааст.



Номаи шаҳрдории Норак ба аҳзоби сиёсӣ
Номаи шаҳрдории Норак ба аҳзоби сиёсӣ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нисбат ба мазмуни хабари мазкур расман изҳор менамояд, ки дар хусуси талаб кардани руйхати аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ барои шомил кардан ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ягон мактуб нафиристодааст. Зеро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ накардааст.

Мавқеъи КМИР дар ин масъала аз аввал равшан аст ва оид ба ин мавзӯъ дар вохурии масъулини КМИР бо роҳбарияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар субъектони пешбарикунандаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 3 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, низ таъкидан равшанӣ андохта шуда буд.

Дар баробари ин аз тамоми намояндагони воситаҳои ахбори омма эҳтиромона хоҳиш карда мешаванд, ки оид ба инъикоси масъалаҳои таъмини омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода ва саволҳои ба миён омада қабл аз чопи мавод ба КМИР муроҷиат намуда, мавқеъи расмиро дақиқан бисанҷанд ва сипас маълумот пахш намоянд.
XS
SM
MD
LG