Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз сафорати ИМА ба се муассисаи афроди имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Ҳисор ба маблағи 220 ҳазор доллар кӯмакҳоеро ироа кардааст.

Маросими ироаи кӯмак нахуст дар мактаб - интернати бачагони нобино ва сустбинон дар ноҳияи Ҳисор бо ҳузури Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон, масъулони ҳукумати ноҳияи Ҳисор сурат гирифт. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, сипас ин гуна маросим дар мактаб - интернати маъюбон ва Хонаи пиронсолони бемориҳои руҳии ноҳияи Ҳисор доир шуд ва ба ин муассисаҳо ҷиҳози рӯзгор ироа шуд.

Ба таъкиди масъулони сафорати ИМА дар Душанбе ин кӯмак тариқи вазорати дифои Амрико ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии маъюбон тавзеҳ гардид.
Ҳамасола 3-юми декабр ба унвони Рӯзи байналмилалии маъюбон дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон низ аз ин рӯз бо баргузории маҳфилу нишастҳое ҷашн гирифта мешавад.

Аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба радиои "Озодӣ" хабар доданд, ки ба ин муносибат имрӯз дар Кохи Ваҳдат ҳамоише бо иштироки масъулони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷаҳонӣ доир мешавад. Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимиӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар ин ҳамоиш ҳамчунин нишасти матбуотие доир хоҳад шуд ва аз натиҷаи корҳо дар ин самт масъулон гузориш медиҳанд.

Ҳамчунин дар назар аст дар ин нишаст ҳуҷҷатеро оид ба баёнияи мавқеъ нисбати маъюбон барои солҳои 2014-2020, бо номи «Саломатии беҳтар барои маъюбон бо мақсади бунёди ҷомеаи фарогир дар Тоҷикистон» муаррифӣ карда шавад. Масъулони вазорати тандурустӣ мегӯянд, санади мазкур стратегия ва нақшаю чорабиниҳои вазоратро дар самти солимгардонии маъюбӣ барои 6 соли оянда инъикос менамояд ва барои беҳтар гардонидани хуқуқҳо ва имкониятҳо барои маъюбон, инчунин барои бунёди ҷомеаи фарогир мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад дар чорабинӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Нусратулло Салимов, доктор Павел Урсу, роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва намоянда аз дигар вазорату идораҳо ширкат меварзанд.

Бино бар омори расмӣ, теъдоди маъюбон дар Тоҷикистон ба 164 ҳазор нафар мерасад, ки 30 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳуқуқу имтиёзҳои ин афродро қонуну санадҳои маҳаллӣ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Консепсияи миллии маълумоти инклюзивӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва Қоидаҳои таъмини маъюбон бо муолиҷа дар шифогоҳҳо таъйин ва танзим мекунад. Аммо ин қонунҳо, ба гуфтаи худи маъюбон, ба онҳо имтиёзҳои ночизе, чун истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ, раҳоӣ аз пардохти андози наздиҳавлигӣ ва пардохти нисфи пули телефони хонагиро фароҳам месозаду халос.

Мушкилии дигаре, ки маъюбон аз он танқисӣ мекашанд, ин дастрас набудани ҳамаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба монанди нақлиёт, ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳр, гузаштан аз роҳҳои зеризаминӣ, сайругашт дар мағозаҳо ва ғайра будааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG