Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвои Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ бо созмони ношунавоҳо аз долони додгоҳҳо ба матбуот кӯчид. Коршиносон мегӯянд, вазорат барои мубориза ҳарифи заифро интихоб кардааст.

Бинои даъвоӣ, ки Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон дар он фаъолият мекунад, дар маҳаллаи "Профсоюз"-и шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин бино соли 1969 бо маблағи 447 ҳазор рубли Шӯравӣ бунёд ёфта ва 70 дарсади ин маблағ аз ҷониби Ҷамъияти карҳо пардохт шудааст. Аммо вазорати кор ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, ки бино молӣ давлат аст ва ношунавоҳо бояд аз инҷо хориҷ шаванд.

Аммо Ҷамъияти ношунавоёни, рӯзи ҷумъаи 19-уми июл вазоратро ҳушдор дод, ки агар аз бино даст накашад, даъво аз долоноҳои судӣ ба эътирозҳои хиёбонӣ кашида хоҳад шуд.

Насим Бойматов, раиси Ҷамъияти ношунавоёни Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, соли 1974 зимни ба истифода додани бино як қисми он ба Ҷамъияти карҳо ва қисмати дигараш ба Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ дода шуд. Аммо аз соли 2012 ба ин сӯ Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ бо Ҷамъияти ношунавоён «судбозӣ» карда, мехоҳад тамоми биноро соҳиб шавад. Бино ба таъкиди Насим Бойматов, дар се марҳилаи судӣ, додгоҳи олии иқтисодӣ фаъолияти ношунавоёнро дар бинои мазкур ғайриқонунӣ ҳисоб кардааст.

Насим Бойматов

Насим Бойматов

Раиси Ҷамъияти ношунавоён ҳамзамон афзуд, ки онҳо ба тамоми мақомотҳои дахлдор муроҷиат карданд, вале ҳамаи онҳо бенатиҷа анҷом ёфтаанд. Вай гуфт: «Охирин мо ба раиси Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев муроҷита кардем, ки вай ба прокуратура дастур дод, то санҷиш гузаронанд. Вале то ҳол мо аз прокуратура посух нагирифтаем. Пеш аз муроҷиати мо ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, моҳи ноябри соли 2012 Вазорати кор моро ба додгоҳ кашид. Ҳангоме прокуратура санҷиш гузаронид, ба суд дар мавриди будани парвандаи ҷамъияти мо пурсон шуд, аммо аз суд ба прокуратура мактуб омад, ки чунин парванда дар онҳо нест.»

Ба таъкиди Насим Бойматов, агарчӣ фаъолияти Ҷамъияти ношунавоён дар табақаи сеюми бино қонунӣ бошад ҳам, аммо ҳуқуқдони Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ даъвои онҳоро рад кард. Хушвахтшоҳ Сафаров, мудири шӯъбаи ҳуқуқи Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, талаби аъзои Ҷамъияти ношунавоён мантиқӣ нест. Зеро бино аз ҷониби Кумитаи сармоягузорӣ, моликияти давлатӣ эътироф гардида, дар тавозуни пажуҳишгоҳи барқарорсозии қобилияти маъюбон қарор дорад. Ба таъкиди Хушвахтшоҳ Сафаров, Ҷамъияти ношунавоён қисми биноро ғайриқонунӣ ишғол кардааст.

Хушвақтшоҳ Сафаров

Хушвақтшоҳ Сафаров

Тавре аз суҳбат бо ҳуқуқдони Вазорати меҳнат маълум гардид, чаҳор муассисаи вазорат дар бинои хобгоҳи Донишгоҳи тиббӣ фаъолият мекардааст. Ҳоло бошад донишгоҳ бинои худро талаб кардааст ва зарурияти ҷойгир кардани воҳидҳои сохтори Вазорати кор ба миён омадааст. То ҳол вазорат се муассисаи худро бо бино таъмин карда, пажуҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беҷой монадаст. Вазорат мехоҳад ин биноро бо роҳи судӣ аз Ҷамъияти ношунавоҳо бигирад ва дар он пажуҳишгоҳи худро ҷойгир кунад.

Ин дар ҳолест, Уранбой Бобошеров, ҳимоячии Ҷамъияти карҳо мегӯяд, соли 1997 Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ фармон бароварда буд, ки бинобар маблағгузор будани Ҷамъияти карҳо бинои мазкур ба онҳо дода шавад: «Қонун мегӯяд, ҳама гуна акте, ки ғайриқонунӣ аст, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дар давоми се мол метавонанд даъво кунанд. Ин даъво бояд то соли 2000 сурат мегирифт. Ин як тарафи масъала. Соли 1992 пажуҳишгоҳи барқарорсозии қобилияти маъюбон ба ин бино омад. Вақте пажуҳишгоҳро чун корхонаи давлатӣ молу амвол медиҳанд, санади пешниҳод кардани объект аст он ҷо, ки ҳуҷҷат тартиб дода мешавад, ки кадом молу амвол ба онҳо дода шавад. Як қисми объектро қабул карданд, чаро соли 1992 карҳову гунгҳоро аз бино набароварданд?!»

Ҳамзамон ҷаноби Бобошеров гуфт, ки дар сурати аз бино маҳрум шудани Ҷамъияти ношунавоён, ба онҳо бинои дигар дода намешавад. Эҳтимоли ба ихтиёри Вазорати меҳнат гузаштани бинои ношунавоҳоро на танҳо аъзоёни ҷамъият, балки ҷомеашиносон низ мантиқӣ намедонанд. Зеро ба андешаи онҳо ношунавоён ба дастгирии ҳукумат, махсусан взаорати ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд ва набояд ба онҳо фишор оварда шавад.

Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ, ҷомеашиноси тоҷик бар ин назар аст, ки ин амали суди иқтисодӣ мустақилияти додгоҳро зери суол мебарад. Зеро суд набояд пуштибонӣ аз оне кунад, ки соҳибмақом аст. Балки ҳимоят аз касе кунад, ки мазлум аст. Ба андешаи хонум Зарафо, аз ҷониби дигар мардум бояд ба кори хайр ҳидоят шаванд. Яъне дастгири наёфтани маъюбон бояд боиси ташвиш бошад: «Бо мардум новобаста аз ҷинсияту нажодашон, ҳатто камбуди саломатӣ дар баданашон бояд муомилаи хуш дошта бошем. Вақте мо мегӯем, як бандаи комил ҳастем, бояд пеш аз ҳама бо маълулон муносибатамон самимӣ бошад.»

Ҷамъияти ношунавоён аз соли 1941 инҷониб фаъолият дорад ва аз соли 1950 то кунун худмаблағгузор аст. Ин ҷамъият дорои чаҳор корхонаи истеҳсолӣ буда, беш аз ҳафт ҳазор аъзо дорад. Аммо дар кишвар ҳудуди 20 ҳазор афроди ношунаво, яъне кару гунг ба сар мебарад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG