Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳноза маъюби модарзод аст ва намедонад модари ӯ кист ва дар куҷост.

Инсонҳо ҳама зодгоҳ дорад ва зодгоҳҳои худ-ҷойеро, ки ба истилоҳ хуни нофашон ба замин рехтааст, дӯст медоранд. Шаҳноза зодгоҳ надорад, зодгоҳи ӯ яке аз таваллудхонаҳои Тоҷикистон аст. Ӯро аз он ҷо рост ба хонаи кӯдакон ва дар синни наврасӣ ба ятимхонаи хоси маъюбон фиристоданд. Ӯ аз ҳамон синне, ки кӯдак рангҳоро аз ҳам фарқ мекунад, худро дар байни гурӯҳи кӯдакони ба худаш монанд дид, ки на ба касе кор доштанд ва на касе ба онҳо кор дошт. Инҳо уматан бачаҳое буданд, ки волидон ба иллати маъюбӣ аз тарбияи онҳо шона холӣ карданд ва бо оҳи сабук аз пайи таваллуди бачаҳои солимтар шуданд:

“Ман Давлатмирова Шаҳноза 27 сола ҳастам. Дар хонаи кӯдакон калон шудаам. Модарам маро таваллуд карду партофт. Умуман хабаргириям наомадааст. Вақте модарам таваллуд кард, хешовандонаш намедонистаанд, ки ӯ фарзанд таваллуд кардааст. Ба касе нагуфтааст. Дар таваллудхона маро монда рафтаасту духтурон маро ба хонаи кӯдакон овардаанд.”

Шаҳноза мегӯяд, замони хурдсол буданд, ҳар касе меомад, бо ҳамроҳии кӯдакон ӯро модар мегуфтанд. Вай мегӯяд, “замоне панҷсола будем, ҳар касе меомад, ӯро оча мегуфтем. Намедонистем меҳру муҳаббати модар чӣ аст? Силаи модарро надидаем. Дар кӯдаки одам беақл аст, одамҳоро дида ота, оча мегуфтем. Вақте калонтар шудам, дастонамро чунин дида ҳайрон шудам, ки чаро ин хел аст? Ба ман гуфтанд, ки Шаҳнозаҷон хафа нашав, лекин модарат туро таваллуд карда барои мо партофта рафт. Ба хотири дастони маъюбат. Модаронро мебинам, фарзадонашон маъюб аст, аммо шукрона мекунанд.”

Чизе, ки аз даврони кӯдакӣ дар хотири Шаҳноза бештар нақш бастааст, нишон додани меҳри модар дар саҳнаҳое, ки худи кӯдакон нақш меофариданд. Шаҳноза меафзояд: «Дар ёдам бозиҳову китобхониҳоямон мондааст. Панҷ сола будам, саҳнаҳо тайёр мекардем, ки ҳайрон мешуданд, кӯдак ҳамаро медонад. Модарро бисёр дӯст медорам. Зиндагишикаста, ки шудаам, ҳамин гуна саҳнаҳо омода мекардем, то одамҳо бинанд.»

Шаҳнозаи маҳрум аз ҳарду дасти солим ба истилоҳ бо «шарофат»-и духтурон дар синни ду солагӣ аз як пой равон ҳам мемонад. Ҳангоми нодуруст гузаронидани сӯзандору як пой вай дигар инкишоф намеёбад. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди иваз кардани макон дар ҳафт солагӣ, аммо дар ҳаёташ ҳеҷ тағйироте ба самти мусбат набуд: «Ҳафсола будам маро ба мактаб-интернати Ҳисор оварданд. Дар интернати Ҳисор то 17 солагӣ истодам. Баъди 17 солагӣ хориҷиҳо омада буданд, барои духтароне, ки хона ва падару модар надоранд «ҳарҷо» нараванд гуфта, моро гирифта хононданд.»

Боз ба сини 19 расидан сарсониҳои Давлатмирова дар “Кӯчаи тақдир” даҳчанд гашт. Зеро тақдири ӯ ва чанд духтари ҳамсонаш ба худашон «ҳавола» шуда буд. Бо тақдири Шаҳноза ташкилоти “Дари ҳаёт”, ки ягона даргоҳи умедашон буд аз фаъолият боз монд. Ин аст, ки ба умеди беҳ гардидани ҳаёташ дар синнӣ 24 солагӣ Шаҳноза ба шавҳар баромад: “Вақте шавҳар кардам фикр намудам ӯ марди хубе аст, метавонад дар зиндагӣ ҳамроҳам бошад. Вай ба ман гуфт “туро дӯст медорам”, зану фарзанд надорам. Бинобар ин ман ҳам дӯсташ доштам, ки ҳоло ӯ дар Русия аст ва боре суроғамон ҳам намекунад.”

Шаҳноза мегӯяд, муносибати сарди шавҳараш танҳо баъди он оғоз шуд, ки аз ҳомила буданаш огоҳ гардид: “Вақте гуфтам ҳомилаам, гуфт рав “аборт” кун! Барои ту мушкил мешавад, гашта наметавонӣ. Гуфтам номаъқул кардаӣ. Маъюб бояд фарзанд дошта бошад, ки оянда дар зиндагӣ ба ӯ кӯмак кунад. Дар таваллудхона хоб рафтам, гуфтанд кӯдакро исқоти ҳамл мекунем. Розӣ нашудам. Гуфтанд маъюб аст, гуфтам маъюб ҳам бошад фарзандам аст.”

Ҳоло бошад Шаҳноза ҳафт сол мешавад, ки “муваққатан” дар Маркази пиронсолони шаҳри Душанбе бо духтараш Бунафша умр ба сар бурда истодааст. Ва мушкили аз ҳама асосияш ҳам надоштани манзили истиқоматист: «Барои ман мушкил аст дар як хонаи хурдакаки пиросолон зистан. Фарзанди ман калон шуда истодааст, ки намехоҳам мисли худам дар ятимхона ба воя расад. Намехоҳам ӯ мисли ман «хор» шуда гардад. Мехоҳам бароямон як хона диҳанд. Ба маъюбон бояд кӯмак кунанд, боз маҳз барои маъюбони гуруҳи як.»

Давлатмирова аз он дар ташвиш аст, ки муҳити Хонаи пиронсолон барои тарбияи фарзандаш номуносиб аст ва шояд ба ӯ таъсири бад ҳам расонад. Мунаввара Сатторова, раҳбари Хонаи пиронсолон низ фазои онҷоро барои тарбияи фарзанди Шаҳноза мусоид намедонад. Ҳарчанд макони зист ихтиёр кардани Шаҳноза Давлатмирова бо духтараш дар Хонаи пиронсолон, хилофи оинномаи ин муассиса аст, аммо Мунаввара Сатторова ба хотири дастгирии ин зани муштипар ӯро дар ин ҷо ҷо кардааст. Хонум Сатторова мегӯяд: «Хуб мешуд вай манзили шахсии худро медошт ва зиндагии мустақилона бо фарзандаш мекард. Вай духтарча ҳам дар оила тарбия меёфт то ояндааш дурахшон мешуд.»

Дар баробари он, ки Шаҳноза аз хурдсолӣ ҳаёти пурмашақат дораду маъюби гуруҳи якум аст, дар ятимхонаи шумораи яки Душанбе бо кӯмаки маркази «Киштӣ» кор мекунад ва 700 сомон моҳона мегирад. Ӯ ба маъюбияш нигоҳ накарда омода аст кор кунад ва фарзандашро ба воя расонад, аммо на дар хонаи пиронсолон. Шаҳноза мегӯяд аз сабаби надоштани ҷойи зист чаҳор сол мешавад ба Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ, Ҳукумати шаҳри Душанбе, дастгоҳи раисиҷумҳур барои таъмини ӯ бо манзил муроҷиатҳо намуда, то ҳол ҳеҷ яке аз ин ниҳодҳо иқдоме нишон надодаанд.

Дар ҳамин ҳол Абдукарим Абдураҳимов, сардори Раёсати ҳисоби хоҷагӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душабе мегӯянд, Шаҳноза дар навбати хона аст ва бо фаро расидани имкон, ӯ соҳиби манзил хоҳад шуд. Шаҳноза ҳоло чашми умед ба ниҳодҳои давлатӣ дорад, вале мегӯяд, дар сурати дастгирӣ наёфтанаш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, вай барои кӯмак дар заминаи дарёфти манзили зист ба президенти Русия муроҷиат хоҳад кард.

Зимнан, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 88 маъюб ва эҳтиёҷманд ба сар мебаранд ва аз соли 1983 инҷониб дар навбати хона мебошанд. Дар Тоҷикистон теъдоди афроди маълул 164 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 12 ҳазори он дар шаҳри Душанбе, пойтахт зиндагӣ мекунанд.

Касоне, ки ба Шаҳноза кӯмак кардан мехоҳанд, метавонанд ба шумораи зерин муроҷиат намоянд: 934021788.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG