Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Душанбе (ВИДЕО)


Имрӯз ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар маркази шаҳри Душанбе барои бори нахуст теъдоди зиёде аз ҷавонон саф ороста суруди милӣ қироат карданд.

Субҳи барвақти 23-юми май ҷавонони зиёд дар маркази пойтахт – шаҳри Душанбе ба муносибати ҷамъбасти ҳафтаи ҷавонон, ки ҳамасола рӯзи 23-уми май баргузор мешавад, гирди ҳам омаданд.

Ҷавонони гирди ҳамомада, бо шумули хонандагону донишҷӯён ва сарбозон, ки беш аз 1000 нафар буданд, дар майдони "Дӯстӣ" назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ саф ороста зери оҳанги оркестр суруди миллиро қироат карданд.

Ҳамчунин дар гӯшаву канори кишвар имрӯз сайру гашт ва маҳфилҳои фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор мешавад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон 23-юми май чун рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад ва бахшида ба ин санна тайи як ҳафта, чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Соли гузашта ба ин муносибат вохӯрии раиси ҷумҳур бо ҷавонон доир шуда буд, ки ба ҳар як иштирокчӣ планшет тӯҳфа карда шуд. Аммо имсол раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ рӯзи 22-уми май ба муносибати ин рӯз, ҷавононро ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ даъват кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ гуфт, «ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад.» Раиси ҷумҳур дар идомаи табрикоташ изҳор дошта, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумат "бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шудааст"

Тибқи иттилои оморӣ беш аз нисфи ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавнон ташкил мекунанд.
Ҷавонони зиёд дар маркази пойтахт ҷамъ шуда суруди миллӣ қироат карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
XS
SM
MD
LG