Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолият даъват кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ рӯзи 22-уми май ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар доираи ҳафтаи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад, ҷавононро ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ даъват кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, «ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад.» Раиси ҷумҳур дар идомаи табрикоташ изҳор дошта, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумат "бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шудааст"

Ҳамасола дар Тоҷикистон 23-юми май чун рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад ва бахшида ба ин санна тайи як ҳафта, чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад. Соли гузашта ба ин муносибат вохӯрии раиси ҷумҳур бо ҷавонон доир шуда буд, ки ба ҳар як иштирокчӣ планшет тӯҳфа карда шуд.
XS
SM
MD
LG