Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари онҳое, ки дар ҳамоиши бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз дасти раисиҷумҳур планшет гирифтанд, мегӯянд, ин тӯҳфа на танҳо мояи хурсандӣ ва ифтихорашон шуда, балки мушкили онҳоро дар дастрасӣ ба интернет ва фанновариҳои муосир ҳал кардааст.

Насриддин Охунзода, як донишомӯзи тоҷик мегӯяд, баробари дарёфт кардани ин ҳадя дафъатан онро ба интернет пайваст кардааст. Зеро ба гуфтаи Насриддин, ӯ то 2 ҳафта пеш барои истифода аз интернети ройгони донишгоҳ, ки муштарии зиёд дорад, маҷбур буд соатҳои дароз интизор бимонад, аз ин хотир ночор ба марказҳои интернетӣ рӯ меовард.

Насриддин мегӯяд, «имрӯз бе интернет ҳаётро тасаввур кардан мушкил аст, зеро ҳама маълумоти зарурӣ дар ин шабакаи ҷаҳонӣ гирд оварда шудааст. Ман ба ин шабакаи ҷаҳонӣ ба хотири огаҳ шудан аз рӯйдодҳои ахир ворид мешавам. Гоҳҳо ман маблағи зиёди худро дар марказҳои интернетӣ барои гирифтани ин ё он маълумот сарф мекардам ва барои ман, ки донишҷӯ ҳастам, ҳар рӯз 4-5 сомонӣ сарф кардан дар марказҳои интернетӣ мушкил аст. Аммо ҳоло кори ман ба маротиб осонтар шудааст. »

Насриддин гуфт, қаблан таърифи планшетро зиёд шунида буд, аммо ҳеҷ дар тасаввураш намегунҷид, ки рӯзе соҳиби чунин ҷиҳози дорои фановариҳои муосир мешавад.Зеро ба гуфтаи ӯ, арзиши ин ҷиҳоз дар мағозаҳои Тоҷикистон гарон аст ва ӯ дар чанд соли наздик харидории онро барои худаш имконнопазир медонист. Ин донишомӯзи тоҷик гуфт, «ба ҷавононе, ки дар ин мулоқот ширкат доштанд ду навъи планшет аз ширкатҳои гуногун тақсим шуд, яке ранги сиёҳ ва дигари раннги сафед дошт. Ман, ки худ ба сифати чунин фановариҳо баҳо додан наметавонам, аммо ҳаминро метавонам бигӯям, ки барои ман сифаташ аъло ҳаст, зеро ба ҳангоми истифода хеле роҳат аст.»

Дар ҳамин ҳол Маҳина Каримова, яке аз донишҷӯёни дигар аст, ки ғайриинтизори худ соҳиби планшети бепул шудааст. Ӯ мегӯяд, агарчӣ ҳанӯз фурсати пайваст кардани дастгоҳ ба интренетро надоштааст, аммо аллакай айпадро барои анҷоми корҳои илмияш истифода мекунад. Маҳина афзуд, «ман қабл аз ин барои анҷоми корҳои илмиям ба Китобхони миллӣ мерафтам. Ҳатто чандин бор ҳолатҳое, ҳам буд, ки навишатҳои худро дар флешка ҳифз мекардам, аммо бо гуноҳи вирус буд ё кадом мушкили дигар, ки навиштаҳоям тоза шуданд. Ва ҳатто хеле рӯҳафтода низ гардидам. Ҳоло, ки планшет дорам, танҳо дар он корҳои илмиямро анҷом медиҳам ва хотирам ҳам роҳат аст.»


Маҳина мегӯяд, ҳарчанд теъдоди зиёди донишомӯзон аз гирифтани планшет хушҳол буданд, вале нафроне, низ кам набуданд, ки мегуфтанд беҳтар мебуд ба онҳо маблағ тӯҳфа мекарданд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Маҳина, нархи планшети вай дар фурӯшгоҳи марказии пойтахт 650 доллар аст. Маҳина афзуд, «баъдан ман ҳатто фаҳмидам, ки ин ҷавонон тӯҳфаҳои худро дар мағозаҳои Фурушгоҳи марказӣ (СУМ) ба фурӯш гузоштаанд. Зеро мехоҳанд бар ивази маблағи он дигар ниёзҳои худро бароварда созанд.»

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Дар ҳамин замина Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи мулоқот ба ҷавонон айпади 4 тақдим кардааст, ки нархи он дар бозорҳои Тоҷикистон аз 600 то 650 долларро ташкил мекунад. Вай афзуд, «ҳоло ин навъи айпадҳо дар бозор беҳтаринанад зеро ҳаҷми диски сахташ 16 гигабайт буда, дорои алоқаи бесим, яъне WI-FI мебошад. Ҳамчунин давомнокии қувваи батарея ва имконияти чандрасонаияашон зиёд буда, дар истифода ва аксу наворбардорӣ хеле роҳат аст. Аммо мутаасифона бинобар қиммат будани он, на ҳар донишҷӯ имконияти харидории планшетро дорад.»

Ҷаноби Атоев аз ҷумла гуфт, пажӯҳиши ахиран анҷомдодаи онҳо, ки натиҷаҳояш дар як моҳи наздик эълон мешавад, алоқамандии бештари ҷавонони тоҷикро ба ҳамин навъи фанноварии муосир нишон додааст.

Ҳамчунин Асомиддин Атоев бо такя ба ҳамин пажӯҳиш афзуд, онҳо муайян кардаанд, ки ҳамакнун ағлаби корбаронро дар Тоҷикистон, ки аскарияташон ҷавононанд, ба шабакаи ҷаҳонӣ на сомонаҳои тафреҳӣ, балки торномаҳои омӯзишӣ ва иттилоотӣ ҷалб мекардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG