Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонандаи синфи 8-уми яке аз мактабҳои Кӯлобро барои бо худ ба дарс овардани планшет маъмурияти мактаб 35 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Маъмурияти мактаби рақами 41-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, Сафияи Садриддин, хонандаи синфи 8-и ин мактаб ҳангоми дарси информатика аз «телефони мобилии планшети қиматбаҳо» истифода бурдааст.

Муслим Лақаев, директори ин мактаб мегӯяд, ба дарс овардани телефонӣ мобил дар мактабҳои Тоҷикистон 6 сол боз манъ шудааст, аммо ин толиба бо вуҷуди ҳушдорҳо бо худ «телефони мобилии планшет», ки 400 доллари амрикоӣ арзиш дорад, овардааст. Ба гуфтаи директори мактаб, ҳангоми кофтани дохили «телефони планшет» ба онҳо маълум шудааст, ки ин толибаи мактаб ҳамсинфони худро дар дарси информатика акс бардоштааст.

Муслим Лақаев, директори мактаб.

Муслим Лақаев, директори мактаб.

Ӯ гуфт, "телефони планшети 400 доллара дошт. Аз ин рӯ, вақте мо телефонро гирифтем, хонандаро дар маҷлисҳо муҳокима кардем ва қариб ду ҳафта ҳамин телефон дар кабинети ман монд. Гуфтем, ки волидайнатонро биёред, гуфт, ки падарам дар Русия ҳаст ва омад, телефонро мегирад. Бубинед, ки ҳатто ин хонанда вақте мо дохили телефонро дидем, ӯ хонандагонро дар равиши дарсҳо сурат гирифтааст.»

Қиссаи ҷарима шудани ин хонандаро барои овардани планшет ба дарс ба мо падари ӯ аз Русия гуфт. Садриддин Ҷалолов, падари ин хонанда аз Русия бо мо тамос гирифт ва гуфт, ӯ дар ҳайрат аст, ки маъмурияти мактаб планшетро аз телефони мобилӣ фарқ намекунанд.

Падари ин хонанда ҳангоми сӯҳбати телефони аз Русия гуфт: «Ҳар рӯз президенти кишвар изҳор медоранд, ки бояд ҷавонон аз техникаву технологияи имрӯз бохабар бошанд. Ба ҳамин хотир мо хостем, ки фарзандони мо аз планшет истифода кунанд ва бо ин техникаи ҳозира шинос шаванд. Духтарчаи ман дар дарси информатика онро истифода бурдан хостааст, вале ту телефон дорӣ гуфта, моро саргардон карданд. Наход, директории мактаб нафаҳмад, ки планшет телефони мобилӣ нест ва як навъ компютери хӯрд аст. Планшетро ҳамчун телефон истифода бурда ҳам намешавад ва духтари ман ҳам онро барои сӯҳбат кардан наоварда буд.»

Сафияи Садриддин, хонандаи ҷаримашуда мегӯяд, танҳо ба он хотир планшетро ба мактаб оварда буд, ки аз омӯзгори фанни информатикаашон бипурсад, ки чӣ тавр онро самаранок истифода кунад ва бо чӣ роҳе тариқи ин дастгоҳ ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст шавад?

Падари муҳоҷири духтарро ин нукта нигарон кардааст, ки кор бо технологияро аз як сӯ ташвиқ мекунанд, вале аз сӯи дигар намегузоранд, то фарзандони онҳо ба мактаб бо планшету ноутбук бираванд.

Аммо Муслим Лақаев, директори мактаби рақами 41-и Кӯлоб мегӯяд, бо ноутбук мумкин аст, ки хонанда ба дарс биояд, аммо бо планшет ҳеҷ нафареро иҷозаи ворид шудан ба синфхона нахоҳанд дод, зеро планшет телефонии мобилӣ аст.

Ӯ гуфт: «Марҳамат, касе, ки ноутбук дорад, онро гирифта, ба дарс биояд, вале бо планшет не. Планшет ҳам телефонии мобилӣ ҳаст, ҳам камера ҳаст ва ҳам аксбардор дорад, ки хонанда бо он ба дарсҳо халал мерасонад.»

Ин мактаб беш аз 800 хонанда дорад ва дар он хонандагон то синфи 9 таҳсил мекунанд. Барои аввалин бор аст, ки дар яке аз мактабҳои Кӯлоб як хонандаро барои бо планшет ба дарс омадан ҷарима кардаанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар соли 2007 омадани ба дарсхона овардани телефонҳои мобилро ба хонандагон манъ карда буд. Планшетро сокинон бештар ҳамчун як компютери саридастӣ барои кор дар интерент истифода мекунанд, вале барои аввалин бор аст, ки онро «телефони мобилӣ» унвон мекунанд ва хонандаи истифодабарандаи онро ҷарима мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG