Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма боз роҳ ба сӯйи Хоруғро баст


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, бино бар фаромадани тармаву резиши сангпораҳо роҳ ба сӯи Хоруғ дигарбора баста шудааст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, ба дунболи боронгариҳои ахир чанд мавриди фаромадани тарма ва резиши сангу кӯҳпора роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ба вуҷуд омад, ки дар ниҳоят ҳаракат дар ин роҳро қатъ кард.

Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи вазъи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ гуфт, "қаблан дар чанд нуктаи роҳ тарма фаромада буд ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқуллода ва роҳ тавонистанд, роҳро тоза кунанд. Аммо боронгарии дирӯз сабаби резиши сангпора дар километри 439-ум гардид, ки роҳро дубора баст."

Ҷаноби Нозимов афзуд, аз субҳи рӯзи 26-уми март корҳои тозакунии роҳ дар ин минтақа ҷараён дорад ва талош хоҳад шуд, то поёни рӯз роҳ дубора боз шавад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи суӯхангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он пайванд медиҳад, пас аз чанд рӯз боз шуд.

Аммо Орифҷон Нозимов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ин самти роҳ ба таври реҷа кор хоҳад кард. Яъне ҳаракати худравҳо дар ин роҳ тариқи соатҳои муайян сурат мегиранд ва аз қисмати нимарӯзӣ ба шаб роҳ баста хоҳад шуд.

Зеро ба таъкиди Нозимов, хатари тармафароӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд хеле зиёд аст ва барои ин беҳтар аст, то ронандагон аз ҳаракат ба ин роҳ дар соатҳои мамнӯъшуда худдорӣ намоянд.

Тирамоҳ ва зимистони ҷорӣ сербарфу сард омад ва резиши барфи зиёд, ки дар баъзе манотиқи кӯҳӣ то 3 метр ба мушоҳида расидааст, мушкилотеро дар ҳаракати мусофирону ронанадгон дар роҳҳои иртиботӣ ба самти шимол ва ҷанубу шарқи Тоҷикистон ба вуҷуд овард.
XS
SM
MD
LG