Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Байдуллоева: "Беш аз 90% пешгӯиҳо дақиқ ҳастанд"


Кормандони Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон
Кормандони Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон

Имрӯз, 23-юми март, ба унвони Рӯзи ҷаҳонии ҳавосанҷӣ эътироф шудааст.

Тирамоҳ ва зимистони имсола, ки барои мардуми Тоҷикистон сард омад, масъулияти кормандони Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистонро дар заминаи пешгӯии дақиқи ҳарорати обу ҳаво бештар кард. Ин аст, ки таваҷҷӯҳи мардум ба фаъолияти ин марказ ва тағйироти обу ҳавоӣ бештар шуд.

Масъулони Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯянд, кормандони ин марказ ба таври шабонарӯзӣ вазъи ҳаворо назорат мекунанд ва талош доранд, ки иттилои дақиқеро ба мардум бигӯянд.

Ҷамила Байдуллоева, сардори раёсати Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "муддати чанд соли ахир вазъи фаннии маркази ҳавошиносӣ беҳбуд ёфтааст, зеро Тоҷикистон ба системаи ҳавосанҷии Аврупо низ ворид шуд. Аз сӯи дигар вуруди таҷҳизоти муосир ба марказ фаъолияти моро муассир кард."

Ба ин тартиб хонум Байдуллоева мегӯяд, ҳоло Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон на танҳо пешгӯиро барои як шабонарӯз, балки барои ҳафта ва ҳатто 35 рӯз низ пешниҳод мекунад. Вай мегӯяд, маълумоти шабонарӯзӣ ҳудуди 95 дарсад ва ҳафта ва 35-рӯзӣ дар ҳудуди беш аз 90 дарсад дурусту дақиқ ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон на танҳо вазъи ҳаворо пешгӯӣ мекунад, балки дар чанд соли ахир дар робита ба мавридҳои фаромадани тарма ва дигар ҳаводиси табиӣ дар манотиқи мухталифи кишвар маълумотро пешниҳод месозад.

Фаъолияти муассири Маркази ҳавошиносӣ ба он оварда расонид, ки эътимоди сокинон низ ба ин ниҳод бештар шавад.

Абубакри Карим, як тан аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯяд, "солҳои пеш ман аз маълумоти марказҳои ҳавошиносии Русия ва дигар кишварҳо дар бораи вазъи ҳавои Тоҷикистон истифода мекардам. Аммо як соли ахир ҳамеша аз хабару пешгӯиҳои маркази ҳавошиносии Тоҷикистон истифода мебарам. Чунки таҷриба нишон дод, ки онҳо барои сареъ ва дақиқу дуруст пешниҳорд кардани маълумоти вазъи ҳаво кӯшишҳоеро карда истодаанд. Ман, ки одами ҳамеша дар сафарам, фаҳмидани вазъи ҳавои Тоҷикистон, минтақаҳои он хеле бароям зарур аст."

Яке аз сабабҳое, ки фаъолияти Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон муассир ва мавриди эътимоди мардум шудааст, ин бештар шудани маблағгузории ин ниҳоди давлатӣ аз сӯи ҳукумат ва бо таҷҳизоти фаннии мудерн (замонавӣ, муосир) муҷаҳҳаз гардондани он аст.

Аз сӯи дигар, он гуна ки масъулони Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯянд, кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуд бахшидани фаъолияти ин марказ чашмрас будааст.
XS
SM
MD
LG