Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари барфкӯч дар минтақаи Дарвози Афғонистон, як деҳа комилан зери тарма мондааст.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи гузашта дар деҳаи Шиназми минтақаи Дарвози Афғонистон, дар рӯбарӯи деҳаи Хостави ноҳияи Дарвози Тоҷикистон рух дода, тибқи хабарҳои аввалия 37 нафар кушта ва 3-4 нафари дигар аз зери тарма зинда берун оварда шудаанд.

Ин манбаъ афзуд, деҳаи мазкур дар маҷмӯъ беш аз 180 нафар сокин доштааст. Ва ҳоло маълум нест, ки чӣ теъдод сокинон дар зери тарма боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо дархости ҳамтоёни афғонистонии худ омодагии худро барои расонидани кӯмак ба мардуми осебдидаи он сӯи дарёи Панҷ эълон карданд. Раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосимов ба мақомоти вобаста дастур додаст, ки дар зудтарин фурсат осебдидагонро бо орд, равған, либос, кӯрпа ва кампал таъмин намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG