Пайвандҳои дастрасӣ

Рустаборон дар Тоҷикистон аз камбуди гӯшти хук ва маҳсулоти аз он омодашуда дар бозорҳову дӯконҳои ин кишвар шикоят мекунанд. Омори расмӣ мегӯяд, ҳоло дар кишвар ҳамагӣ 456 хук боқӣ мондааст.

Рустаборон ва ақалиятҳои миллии ғайримусулмон мегӯянд, бо рафтани аксари рустаборон ба ватанҳои бобоии худ, бахши боқимонда аз харидории гӯшти дӯстдоштаи худ, гӯшти хук ва маҳсулоти омода шуда аз гӯшти хук маҳрум шуданд. Онҳо мегӯянд, акнун дар бозорҳои калонтарин низ шояд танҳо як фурӯшанда ин гуна маҳсулотро барои фурӯш барорад.

Надежда Авдеева, як сокини миёнсоли рустабори Душанбе мегӯяд, “ҳоло гӯшти хукро аҳёнан дар бозори Шоҳмансури Душанбе ёфтан мукин аст. Ҳамон ҳам сифаташ хуб несту нархаш гарон аст. Ман дар ҳамин шаҳр зода ва калон шудаам ва пештар дар охири солҳои Шӯравӣ гӯшти хук фаровон буд. Ҳама намуди онро дар фурӯшгоҳҳо ёфтан мумкин буд.”

Хонум Авдеева мегӯяд, дар ҳоле ки шумори рустаборон панҷ дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад, аз рӯи инсоф нест, ки онҳо аз ғизоҳои суннатии худ маҳрум бошанд. Авдеева мегӯяд, бояд дар кишвар дастикам ду ё се фермаи хукпарварӣ амал кунад, то талаботи истеъмолкунандагони гӯшти хук бароварда шавад.

Бино бар маълумотҳои тозаи оморӣ ҳам, парвариши хук дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ рафтааст. Ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар кишвар ҳоло ягон хоҷагии хукпарварӣ ё, ба истилоҳи роиҷ дар байни мардум, хукхона вуҷуд надорад. Ба парвариши хук афроди алоҳида дар назди хонаашон машғул буда, дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ҳамагӣ ... 486 сар хук боқӣ мондааст. Ва ин ҳам дар ҳоле ки шумори мардуми рустабор ва дигар миллатҳое, ки гӯшти хукро истеъмол мекунанд, дар Тоҷикистон беш аз 50 000 гуфта мешавад.

Иван Алексеев, як сокини рустабори ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳавлиаш хук парвариш мекунад, мегӯяд, гӯшти хук харидори зиёд дорад. Ӯ аслан хукро тибқи фармоиши афсарону сарбозони пойгоҳи 201-уми артиши Русия кушта, гӯшташро ба онҳо мефурӯшад.

“Гӯшти хукро натанҳо русҳо ва кормандони пойгоҳи 201 балки бархе аз мусулмонҳо низ мехаранд. Бархеҳо барои табобатӣ буданаш равғани хукро мехаранд. Нархи як кило гӯшти хук 37 сомонӣ аст. Лекин ман одатан фақат тибқи фармоиш гӯшт меорам,” – мегӯяд Иван Алексеев.

Алексеев, ки дар мавзеи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ дар байни мусулмонҳо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, бо ҳамсояҳояш муносибати хуб дорад ва ҳама ӯро мешиносанд, аммо аз хукҳояш ҳазар мекунанд.

Ҳукми кор кардан дар хукхона

Ҳукми кор кардан дар хукхона

Боре хукҳои Алексеев аз хонааш фирор карда, ба полези ҳамсояҳо даромадаанд ва дар ин замина миёни ӯ ва ҳамсояҳояш моҷарое ҳам сар задааст. Ҳамсояҳои ӯ тамоми коштаҳои полезашонро, ки ба гуфтаи онҳо, “хук даҳон зада, ҳаромашон кардааст” канда партофтаанд ва аз он замон Алексеев атрофи ҳавлиашро сахттар маҳкам карда, хукҳояшро дар оғил “ҳабс” кардааст.

Дини Ислом хӯрдани гӯшти хукро ҳаром донистааст ва мусулмонҳо низ аз парвариш ва ё хариду фурӯши гӯшти он ҳазар мекунад. Ин аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мазҳабитар шудани ҷомеа дар Тоҷикистон бисёре аз фермаҳои хук аз байн рафтанд ва ин боиси камчинии гӯшти хук шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG