Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чиниҳо дар миёни сокинони Тоҷикистон хеле ба кундӣ, аммо ба ҳар шева "ҳазм" мешаванд.

Ҳоло дар кӯчаҳои Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон чеҳраҳои чинӣ хеле бештар аз пеш ба назар мехӯранд. Онҳоро дар аксар нуқот метавон вохӯрд, аз ҷумла бозор, сохтмон, саноат, кишоварзӣ… Агар дар ибтидо чиниҳо бо мардуми бумӣ мушкили забон доштанд, ҳоло инро надоранд ва ҳатто ба одатҳои мардуми Тоҷикистон ошно шудаву бо онҳо «мечаспанд». Онҳо ҳатто номҳои чинии худро, ки то ҷое барои мардуми маҳаллӣ душворбаёнанд, ба русиву тоҷикӣ иваз кардаанд, то барои талаффуз осон бошанд.

Лутик, дар асл Женг Ю-и 22 сола аст, ки панҷ сол ба ин сӯ дар бозори «Душанбе – Шанхай», дар миёни мардум маъруф ба «Хитойбозор» машғули тиҷорат аст, панҷ моҳ пеш ба Чин баргашт ва оила барпо кард. Ҳоло бо ҳамсараш Саида, дар асл Чен Ҳуйи, дар бозор иқомат ва кор мекунад. Ӯ дар чанд ҷумлаи тоҷикӣ зиндагиаш дар Тоҷикистонро ин тавр

Лутин бо ҳамсараш.

Лутин бо ҳамсараш.

баён кард: «Тоҷикистон зебо, аммо хеле гарм аст. Мардуми хуб дорад. Дӯстони чиниву тоҷик дорам. Аммо дӯсти тоҷик кам дорам. Тӯйҳои тоҷикӣ зебоянд, одам бисёр аст. Аммо ман ин ҷо монданӣ нестам, чун «бейбӣ» - кӯдак шуд, меравем»

Чиниҳо ҳоло «Chinatown» - «Чайнатаун» - и худро дар Душанбе надоранд, аммо ҷо -ҷо, масалан, дар «Хитойбозор» -у «Корвон», бинои «Текстилмаш» ва умуман дигар корхонаҳои чинӣ, ки кор мекунанд, ҷамъ омадаанд. Теъдоди хурди онҳо хона иҷора мегиранд ва низ оилаи худро овардаанд, зеро дар сӯҳбат бо мо умдатан гуфтанд, ки ин ҷо мехоҳанд пул кор кунанд ва оилаҳояшон дар Чинро таъмин намоянд. Аммо ҳоло дар Душанбе тарабхонаву мағозаҳои хос амал мекунанд, ки маҳсулот ва ғизо барои маҳз чиниҳоро фароҳам мекунанд ва муштариёнашон ҳам аслан ин мардуманд.

Сония, ё Си Сюхуа, хонуми 50 -сола, ягона соҳибдӯкони чинӣ дар бозори «Шоҳмансур» аст. Вай мегӯяд: «Ин ҷо асосан хушбӯиву кӯфтаи растаниҳои хушбӯ барои ғизоҳоро мефурӯшем. Ҳама чинӣ ҳастанд ва муштариён ҳам ҳамагӣ чиниянд. Тоҷикон ками дар кам меоянд. Камакак русӣ медонам ва бо онҳо ба забони русӣ суҳбат мекунам. Дар умум, ин ҷо ҳама хуб аст.»

Аммо Наташа, ё Сзю Сючжен, хонуми соҳибкори чинӣ тайи панҷ соли фаъолият дар Тоҷикистон шабакаи тарабхонаҳои «Лунг Чен» - «Аждаҳои сурх»-ро ба вуҷуд овард. Дуи онҳо дар Душанбе ва яки дигар дар Хуҷанд фаъолият доранд. Вай мегӯяд, падару модар ва шавҳараш дар Чин зиндагӣ мекунанд ва ӯ соле як бор ба дидани онҳо меравад: «Агар инсонҳои хуб бошанд, ҳавои хуб бошад, кор кардан ҳам барои одам кайфият дорад. Нархҳои тарабхонаҳои мо хеле мувофиқанд. Ба 30 то 50 сомонӣ хӯроки болаззат мехӯред. Хӯрокҳои мо гӯшти хук надоранд. Чизе барои чиниҳо мувофиқ аст, онро дар дигар ҷо тайёр мекунем. Шавҳарам дар Чин кор мекунад, аммо фарзандонам бо мананд. Онҳо дар мактаби русӣ – тоҷикӣ мехонанд.»

Наташа

Наташа

Наташа мегӯяд, мехоҳад дар Тоҷикистон тиҷорати худро ривоҷ диҳад ва дар дигар шаҳрҳо ҳам тарабхонаҳои худро боз намояд.

Сарозер шудани онҳо аз тариқи баландкӯҳҳои Бадахшон ба хотири пиёда кардани тиҷорату иҷрои барномаҳои ҳукумати Чин бештар пас аз соли 2007, вақте Созишномаи дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Чин ба имзо расид, шурӯъ шуд. Ин дар ҳоле буд, ки сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб густариш ёфт ва барои иҷрои тарҳҳои роҳсозӣ, саноатӣ, сохтмонҳо, коркарди филиз ва ғайра ширкатҳои чинӣ ҳам омаданду коргарони чиниро оварданд.

Дар гузашта созмонҳои байнулмилалии муҳоҷират эълон дошта буданд, ки теъдоди чиниҳо дар Тоҷикистон афзуда, ба марзи 100 ҳазор нафар расидааст. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, чиниҳое, ки бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ меоянд, ҳисоб карда намешаванд. Бино ба ин манбаъ, барои мутахассисони чинӣ дар соли ҷорӣ 2500 квота ихтисос додааст, аммо то ба ҳол 44, 92 дарсад, ё 1253 нафар ин квотаро соҳиб шудаанд.

Афзоиши теъдоди чиниҳо иддае аз шаҳрвандонро нигарон кардааст. Абдурасул, як сокини Душанбе мегӯяд: «Истеҳсолот дар дасти худашон, мол аз худашон аст. Меоранду арзонтар мефурӯшанд ва моли корхонаҳои мо ба ин рақобат тоб намеорад. Бадиаш дар ин, ки ҷои кор аз даст меравад»

Музаффар Олимов

Музаффар Олимов

Бо ин вуҷуд, Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Шарқ», ки ҳамасола барои муайян кардани дараҷаи маҳбубияти кишварҳо дар Тоҷикистон пурсиши ҳамагонӣ мегузаронад, мегӯяд, имсол Чин дар раддаи кишварҳои дӯсти Тоҷикистон аз нигоҳ мардум ҷои Туркияро гирифт. Дар ин ҳамапурсӣ пас аз Русия (98%) - ву Эрон (95%) 92 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз Чин (92%) таассуроти хуб доранд. Музаффар Олимов, раҳбари ин марказ сабаби ин пешрафти Чин дар дилу дидаҳои мардуми Тоҷикистонро чунин шарҳ медиҳад: «Чаҳор сол пеш ҳамчунин як пурсиш доштем. Он замон назари мардум хеле манфӣ буд. Иттилои мардум дар бораи Чин кам буд, кам таваҷҷӯҳ мекарданд. Мақоми Русияву Эрон хеле боло буд. Аммо ҳоло ин тавр нест. Барои он, ки мардум дар зиндагии ҳамарӯза бо чиниҳо бархӯрд доранд, молу колояшонро мехаранд, равуо зиёд шудааст.»

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ахиран тасмимеро, ки барои танзими фаъолияти хориҷиҳо дар Тоҷикистон гирифтанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд, ширкати хориҷиҳо дар соҳаи тиҷорат пурра маҳдуд карда мешавад: «Корти корие, ки барои тиҷорат дода мешуд, умуман манъ карда шуд. Ин бо қарори

вазорат ва Хадамоти муҳоҷират дигар ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла чиниҳо, иҷозаи фаъолияти тиҷоратӣ дода намешавад. Онҳоро мо пеш намекунем, аммо ҳамин, ки муҳлати будубошашон ба охир расид, раводид дода намешавад.»

Аз ин тасмим як шаҳрванди Чин, ба номи Ли, ки дар бозори «Корвон» кор мекунад, хеле озурда шудааст. Вай мегӯяд: «Намехоҳанд, ки марди чинӣ дар ин ҷо кор кунад. Тоҷикон намехоҳанд, ки чиниҳо дар ин ҷо бошанд. Моро зиёд ғам медиҳанд. Чаро?»

Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, тайи шаш моҳи соли равон аз ҳудуди кишвар 25 табааи хориҷӣ ихроҷ шудаанд, ки 8 нафари онҳо чинӣ ва ҳамон қадар шаҳрванди Русия буданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG