Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикори хукҳои ёбоӣ дар маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвоз муваққатан боздошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори идораи ҳифзи муҳити зисти Бадахшон Марод Мирасанов, ахиран ба дунболи дархости чандинкаратаи сокинон дар мавриди ҷилавгирӣ аз зиёни хукҳои ёбоӣ ба киштзорҳо ва боғоташон ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинон ва сохторҳои қудратӣ дар минтақа супориш додааст, ки барои шикор ва ҳаддалимкон кам кардани шумори ин навъи ҷонварон иқдом кунанд.

Аммо ба гуфтаи намояндаи мақомоти маҳаллии деҳоти Сағирдашт Абдулло Дӯст, дар шароити мавҷудияти овозаҳо оид ба ташаннуҷи авзоъ дар маҳалҳои гирду атроф баланд шудани садои тири ҳатто туфанги шикорӣ ҳам бошад, метавонад боиси доман задани нороҳатӣ ва овозаҳо дар байни мардум гардад ва аз ин рӯ тасмим гирифтаанд, ки аз шикор муваққатан худдорӣ шавад.

Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, аммо танҳо соли гузашта наздик ба 80 гектар киштаҳо ва боғоти сокинони маҳаллӣ аз таҳоҷуми хукҳои ёбоӣ зарар дидааст. Сокинони Сағирдашт нигарон ҳастанд, ки бо авҷ гирифтани кишту кор ва сабз шудани мазореъ хукҳои ёбоӣ боз фаъол мешаванд. Аммо ба фикри коршиносон, агарчанде ин ҷонварони ёбоӣ чи будани сиёсат ва то чи андоза таъсир доштани онро ба ҳаёти хеш дарк намекунанд, вале то бартараф шудани овозаҳо ва ба эътидоли пурра омадани авзоъ дар минтақа барои идомаи харобкориҳои хеш фурсати бештареро дар даст хоҳанд дошт.

Шумори ин ҷонварони ёбоӣ дар маҳал ба дунболи ихроҷи нерӯҳои марзбонии рус аз минтака ба маротиб афзоиш ёфта, теъдодашон наздик ба ҳазор расидааст. Ба иттилои идораи идораи ҳифзи табиат, аммо аз ҷониби марзбонони тоҷик як ҳодисаи шикори ин ҷонварони ёбоӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин пешниҳоди як мутахассиси идораи кишоварзии вилот дар мавриди истифодаи гӯшти ин ҷонварони ёбоӣ ба мақсади ҳалли мушкилоти озуқавории қароргоҳҳои марзбонии мустақар дар минтақа ба далели беҳтар шудани вазъи таъминот ва ҳаром будани истеъемоли гӯшти хук дар ислом рад шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG